Назарсанҷии CNN баъд аз мунозира
Ҳаррис Омрикоро ғофилгир кард!
Ахбори байналмилал
Бар асоси назарсанҷии шабакаи CNN, аксари раъйдиҳандагоне, ки нахустин мунозираи ду номзади интихоботи риёсати ҷумҳурии 2024-и Омрикоро наззора карданд, гузинаи демукротҳоро барандаи ин мунозира медонанд.
Назарсанҷии лаҳзаии шабакаи телевизионии CNN дар бораи нахустин мунозираи Камала Ҳаррис ва Дунолд Тромп, ба тартиб номзади демукротҳо ва ҷумҳурихоҳон дар интихоботи риёсати ҷумҳурии 2024-и Омрико, аз пирӯзии Ҳаррис дар ин мунозира аз нигоҳи раъйдиҳандагон ҳикоят дорад.
Дар ин назарсанҷӣ, 63 дарсади бинандагони телевизионӣ (гурӯҳе, ки ба таври куллӣ намояндаи тамоми раъйдиҳандагон маҳсуб намешаванд), гуфтаанд, ки Ҳаррис баранда буд. Танҳо 37 дарсад Тромпро барандаи ин мунозира медонистанд.
Қаламонлайн