Вазири ҷанги Исроил: “Ҷанг ду моҳи дигар идома меёбад”

Вазири ҷанги Исроил: “Ҷанг ду моҳи дигар идома меёбад”
Вазири ҷанги Исроил: “Ҷанг дар Ғазза, ақаллан ду моҳи дигар идома меёбад”
Ахбори байналмилал
Аbcnews
Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ гуфт, ки ҷанг дар навори Ғазза то ду моҳи дигар низ идома хоҳад ёфт.
Йоав Галлант, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи омрикоии ABC, бо такрори таваҳҳуми нобуд кардани ҷунбиши Ҳамос, изҳор дошт:
“Мо чандин моҳ дар Ғазза барои иҷрои амалиёти аз байн бурдани манотиқи таҳти контроли Ҳамос хоҳем ҷангид”.
Вай афзуд: “Ман пешбинӣ мекунам, ки ҷанги Ғазза бо шиддати феълии худ, ақаллан то 2 моҳи дигар идома ёбад”.
Галлант идома дод: “Ӯҳдадор ба бозгардондани бақияи гаравгонҳо (асирони саҳюнист) дар Ғазза ҳастем”.
Аbcnews
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

New York Times: Рокети Ҳамос ба як пойгоҳи атомии Исроил бархӯрд кард
Исроил: Натонёҳу ба ҷурми фасоди молӣ муҳокима хоҳад шуд

Матолиби пурбоздид