Намози пазируфташуда
Сабки зиндагӣ
Як донишманди динӣ ва ба истилоҳ мулло, намозаш вақте намоз дониста мешавад, ки арши ситамгаронро ба ларза дароварад, вагарна намози ӯ ба дарди ҳеч чиз нахоҳад хӯрд… Вақте намозат золимро нигарон накунад, ӯро бетоб накунад ва аршашро ба ларза дарнаёварад, дар намозат шак бикун, дар қабулии намозат шак кун…
Ситамгарон рӯй ба Шуайби паёмбар (а) оварданд ва гуфтанд: “Эй Шуайб! Оё намозат ба ту фармон медиҳад, ки мо он чиро падаронамон мепарастиданд раҳо кунем, ё ин ки дар молҳои хеш на он кунем, ки мехоҳем? Ту, ки бурдбор ва хирадманди роҳёфтаӣ!” (Сураи Ҳуд, ояти 87)
Магар на ин аст, ки намоз, ба қавли бархеҳо, як ибодат ва як амали инфиродӣ ва чизе аст байни банда ва Худояш? Хуб, вақте чунин аст, пас намози ин паёмбар чӣ намозе будааст, ки ситамгаронро нигарон карда?! Чӣ намозе будааст, ки ситамгарон ҳар он чӣ аз ин паёмбар медиданд, аз намози ӯ медидаанд?!
Сабабаш ин аст, ки намози ӯ руҳ дошт. Ҳар он чӣ дар намоз рӯй ба Худо меовард ва замзама мекард, дар амал таҷассум меёфт, на ин ки он замзамаҳо лақлақаи забон бошанд!
Ба унвони мисол, ту, ки худатро мусалмон медонӣ ва дар ҳар шабонарӯз панҷ вақт намоз мехонӣ, магар на ин аст, ки дар ҳар як аз ин намозҳо ва дар ҳар ракъате аз онҳо мегӯӣ: “Ийёка наъбуду ва ийёка настаин!” Яъне фақат туро мепарастем эй Худо ва фақат аз ту кӯмак мехоҳем?!
Фақат туро мепарастем, яъне ин ки мо фақат бандаи ту ҳастем, фақат дар баробари ту сар ба саҷда мениҳем, на бардаи одамҳое мисли худамон, ки ҳозир бошем аз тарс дар баробарашон курниш кунем…
Хуб, вақте дар намозат ба Худо инро мегӯӣ, медонӣ, ин яъне чӣ? Ин яъне таъаҳҳуд ва паймон бо Худоят, ки ман агар мусалмонам, агар одам ҳастам, агар барои худам каромат қоил ҳастам, ҷуз аз ту дигар аз ҳеч махлуқе наметарсам ва дар баробари ҳеч ҳокими ситамгар ва золим курниш намекунам! Оё ба ин таъаҳҳуд ва ин паймон ва ин ваъда ба Худо пойбандӣ?!
Намози воқеӣ ҳамон намоз аст, ки туро ба саҳнаи набарди ҳаққу ботил бикашонад.
Намози воқеъӣ ҳамон намоз аст, ки аз ту як одами мубориз, озодихоҳ, зулмситез ва адолатхоҳ бисозад, аммо агар намоз мехонӣ ва бо вуҷуди он, одаме бехоссият, бетафовут, бемаззае ҳастӣ, пас бидон, ки бе ҷиҳат сари ҷойнамоз нишаста будаӣ, ва ба гуфтаи марҳум Шариатӣ:
“Агар дар саҳнаи ҳаққу ботил набошӣ, чӣ ба намоз биистӣ ва чӣ ба шаром биншинӣ, ҳар ду якест.”
Қаламонлайн
qalamonline.net












