Кадом чиз Ибни Синоро Ибни Сино кард?

Таърих
Кадом чиз Ибни Синоро Ибни Сино кард?
Машоҳир ва шахсиятҳо
Ин ҳафта, ки дар он зодрӯзи Шайхурраисро доштем ва ба ҳамин далел, матолиби нисбатан зиёде дар бораи вай овардам, ҳайф аст дар бораи як нуктаи калидӣ – ки ба назарам, донистанаш бисёр муҳим аст – сӯҳбат нашавад! Қаблан (ба назарам се чаҳор сол пеш) ин нуктаро ёдовар шуда будам, ҳоло такрор мекунам, зеро бисёр бисёр муҳим аст. Ва он ин аст:
Агар дар як ҷомеа нобиғае зуҳур мекунад, ин зуҳур, на танҳо ба далели ин аст, ки ин одам аз истеъдоди фавқулъодае бархӯрдор будааст, (албатта ин ҳаст, ба хусус дар мавриди Бӯалӣ) балки омилҳои дигаре ҳам дар зуҳури ӯ муассир аст ва балки метавон гуфт, омилҳои дигар саҳми бештаре дар зуҳури нобиға дар як ҷомеа доранд.
Ин ҷо фақат ба ду омили асосӣ ишора мекунам: яке, муҳит ва дигар, вазъи иқтисодӣ ва молӣ:
1) Муҳити Ибни Сино, як муҳити бисёр омода барои зуҳури нобиғаҳо буд, манзурам даврони Сомониён аст. Азизон таваҷҷӯҳ доранд, ки дар даврони Сомониён, на танҳо мо Бӯалиро доштем, балки Форобӣ, Закариёи Розӣ, Берунӣ ва даҳҳо дигар нобиғаҳоямон ба ҳамон даврон таъаллуқ доранд. Сомониён як давлати комилан мустақил ва қудратманд ва яке аз абарқудратҳо дар он даврон ба шумор мерафт. Умарои сомонӣ ҳарчанд ба зоҳир аз халифаи аббосӣ итоат мекарданд, вале дар воқеъ ҳеч вобастагие ба он надоштанд, балки баръакс, ин сомониҳо буданд, ки дорои таъсир ва нуфузи фавқулъодае дар дастгоҳи хилофати аббосӣ буданд.
Ба сухани дигар, вақте давлати шумо як давлати мустақил (аз ҳамаи ҷиҳот) бошад ва мардумаш аз рафоҳи хубе бархӯрдор, ин шароит қатъан заминаи бурузи нобиғаҳо дар он ҷомеа хоҳад шуд.
Ва ҳамчунин, умарои сомонӣ (аксари онҳо албатта) одамони бисёр илмдӯст буданд, барои илму маърифат ва уламо арҷ мениҳоданд.
Тибқи навиштаи Наршахӣ, дар даврони Сомониён обрӯмандтарин ва мӯътабартарин табақа, табақаи уламо ва донишмандон ва шуъаро буданд. Дарбори Сомонӣ онҳоро аз назари молӣ хуб таъмин мекард. Ва аз ҳамин рӯ буд, ки мардум бештар мехостанд фарзандонашон олиму донишманд шаванд, на масалан қозӣ ё низомӣ ва ё ғайра. Чаро? Чун одамони пулдор дар он замон, олимон ва муаллимон ва донишмандон буданд.
Хулоса, муҳит хеле таъсиргузор аст. Агар дар як ҷомеа олиму донишманду муаллиму устоди донишгоҳу мухтареъу ғайра, аз эътибори лозим бархӯрдор набошанд ва дорои сарвату моли лозим ҳам набошанд, ва ба ҷойи он, низомиҳо ва қозиҳо (судяҳо) ва додситонҳо (прокурорҳо) ва кормандони умури молия, дорои сарвату мол бошанд, дар якчунин ҷомеае, мардум дӯст доранд фарзандонашон қозӣ ё додситон ё корманди умури молия ва ин ҷур пешаҳо шаванд ва алоқа ба илму маърифат дар он ҷомеа камранг мегардад.
2) Омили дигар, омили иқтисодӣ аст. Азизон медонанд, ки падари Ибни Сино як одами бисёр сарватманд буд ба қадре, ки вақте дид писараш ба илму дониш алоқа дорад, як муаллими хусусӣ барои писараш мегирад (Нотилӣ) ва ин муаллим ба манзили онҳо меомад ва ба сурати хусусӣ тадрис мекард.
Агар одам аз назари иқтисодӣ хуб таъмин бошад, табиӣ аст, ки ӯ вақти кофӣ барои донишандӯзӣ дорад. Аммо агар аз ин назар мушкил дошта бошад, дигар шароите барои ӯ барои андӯхтани илм вуҷуд надорад.
Фарз кунед, агар падари Бӯалӣ як одами ба истилоҳи худамон, камбағале буд, чӣ кор мекард? Ба писараш мегуфт, бисмиллоҳ, бирав бозор ва ҷойе дигар ва пул кор кун ва ё масалан бирав ба кишваре (мисли Русия дар имрӯз) ва кор кун!
Бинобар ин, агар мо, тоҷикҳо имрӯз мехоҳем дар ҷомеаи мо аз нав нобиғаҳое зуҳур кунанд, ин ду омилро бояд дар назар гирем. Мақоми илму дониш ва уламо ва муаллимон ва устодони донишгоҳ дар ҷомеа, олитарин мақом гардад, онҳо аз назари молӣ аз тарафи давлат хуб таъмин шаванд, бояд коре кард, ки инҳо сарватмандтарини табақа дар ҷомеа гарданд.
Ва аз он тараф ҳам, кишваре комилан мустақил дар ҳамаи ҷиҳот шавем, иқтисоди кишварамон хуб гардад, рӯи пойи худ биистем, хаттамон аз худамон бошад, на бегона ва ба ҳадде мустақил бошем, ки дигар ҳар касу нокасе (масалан Дугини рус) нагӯяд, шумо бояд чунону чунон кунед ва масалан ҷанг кунед, то дар Русия зиндагӣ кунед! Агар мо қавӣ будем ва мақомотамон мӯҳтарам, ин мардаки рус ҳаргиз ин ҷасоратро намекард!
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оё истротежии калони Эрон тағйир кардааст?
Аз се як ҳиссаи тоҷикистониён ба Русия кучидаанд!

Матолиби пурбоздид