Намояндагии донишгоҳи Форобии Қазоқистон дар Русия ифтитоҳ мешавад

Намояндагии донишгоҳи Форобии Қазоқистон дар Русия ифтитоҳ мешавад

Ахбори минтақа

Ба гузориши Рarstoday, Русия ифтитоҳи шуъбаи донишгоҳи Форобии Қазоқистонро дар шаҳрҳои Омск ва Самара дар дастури кор қарор медиҳад.

Намояндагони Маҷлиси Сенои Қазоқистон ба тасвиби тавофуқоти ин кишвар ва Русия дар мавриди эҷод ва роҳандозии шуъбаҳои ниҳодҳои омӯзиши олӣ ва таҳсилоти такмилии Қазоқистон ва шохаҳои  ниҳодҳои омӯзиши олии Русия дар Қазоқистон райъ доданд.

Муовини вазири улум ва омӯзиши Қазоқистон дар ин замина гуфт: Бар асоси тавофуқоти байни  кишварҳо, тарафайн ифтитоҳи шуъбаҳои донишгоҳҳоро тайид карданд. Дар ҳоли ҳозир, тарафи русӣ барои ифтитоҳи шуъбаҳои Донишгоҳи Форобӣ дар манотиқи марзии ин кишвар, дар шаҳри Омск ва Самара ниёз ба тасвиби ин тавофуқот дорад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар чорчӯби ҳамкорӣ дар заминаи омӯзиши олӣ дар Қазоқистон, шуъбаҳои ду донишгоҳи барҷастаи Русия дар шаҳрҳои Алмаато ва  Атирау ифтитоҳ шудааст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Норизоятӣ ва адами эътимоди мардуми Амрико ба амалкарди Бойден
Нишасти дафотири миллии Интерполи Осиёи Марказӣ дар Душанбе баргузор мешавад

Матолиби пурбоздид