Намояндаи СММ аз фоҷеаи гуруснагӣ дар Афғонистон гуфт

Ахбори минтақа

Намояндаи СММ аз фоҷеаи гуруснагӣ дар Афғонистон гуфт

Ахбори минтақа

Ромиз Алиакбаров, муовини намояндаи сармуншии СММ дар Афғонистон (UNAMA) гуфтааст, ки ниёзи фаврӣ ба ғизо дар Афғонистон ба шиддат эҳсос мешавад ва шаш миллион нафар дар остонаи гуруснагии шадид қарор доранд.

Ба гуфтаи намояндаи СММ ин омор ба ҳадде ҷиддист, ки мардуми минтақа, ба марҳалаи панҷуми камбуд ғизоӣ наздик шудаанд ва марҳалаи панҷум, марҳалаи гуруснагии фоҷиабор дониста мешавад.

Намояндаи СММ ва муовини UNAMA  вуқӯи ин гуруснагии бесобиқа дар Афғонистонро ношӣ аз шокҳои иқтисодӣ дониста таъкид кардааст, ки Созмони Милали Муттаҳид барои коҳиши камбуди ғизоии шадид дар замистон, ба 768 миллион доллар ниёз дорад.

Тибқи пешбинии СММ, беш аз 28 миллион шаҳрванди Афғонистон дар соли 2023 ниёзи шадид ба кумакҳои башардӯстона пайдо хоҳанд кард.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бонки Осиёии Рушд тасмим ба сармоягузорӣ дар Тоҷикистон дорад
Иҷрои тарҳҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон

Матолиби пурбоздид