Насби банери ҳимоят аз Фаластин дар Ландан
Ахбори байналмилал
Насби банери ҳимоят аз Интифозаи Фаластин дар Ландан
Расонаҳои ангилисӣ аз насби баннере бо мавзӯъи ҳимоят аз Интифозаи Фаластин алайҳи режими саҳюнистӣ рӯйи сохтмоне дар шаҳри Ландан хабар доданд.
Ба гузориши Daily Mail, баннере дар ҳимоят аз Интифозаи Фаластин алайҳи режими саҳюнистӣ бо ин навишта, ки “Интифозаро ҷаҳонӣ кунед!” рӯзи сешанбе (5 декабр) дар сохтмоне дар шаҳри Ландан насб шуд, ки бархӯрди пулиси ин шаҳрро дар пай дошт.
Маъмурони пулиси Ангилис ин баннерро пойин кашида ва 9 нафарро дар иртибот бо насби он ба рӯйи сохтмоне, ки ба иддаои пулис “мавриди истифодаи мутасаррифони ғайриқонунӣ буд” дастгир кардаанд.
Қаламонлайн