Натонёҳу: Агар яҳудиён набуданд, Амрико ҳам набуд

Натонёҳу: Агар яҳудиён набуданд, Амрико ҳам набуд

Байналмилал

Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими Исроил, дар суханронии худ канори девори “Нудба” дар Байтулмуқаддас, ҷангҳои Исроилро набарде барои бақои тамаддун тавсиф кард.

Натонёҳу, ки дар ҷараёни маросими Ханука сухан мегуфт, ба муқоисаҳои таърихӣ пардохт, арзишҳои яҳудӣ–масеҳиро барҷаста кард ва таҷовузоти низомии Исроилро бо хушунатҳои яҳудситезона дар хориҷ аз Исроил пайванд дод.

Изҳороти ӯ танҳо як рӯз пас аз ҳамлаи маргбор ба маросими Ханука дар Устролиё баён шуд.

Ӯ иддао кард: “Исроил имрӯз машғули ҷангест, ки моро бо ҳамон душманоне рӯбарӯ мекунад, ки Маккавеиҳо (хонадоне аз яҳуд дар бостон) бо онон ҷангиданд; нерӯҳое, ки мехоҳанд мо ва давлатамонро аз сатҳи замин маҳв кунанд.”

Натонёҳу дар идомаи иддаоҳои худ афзуд:

“Мо имрӯз дар ҳамон набарде ҳузур дорем, ки Маккавеиҳо меҷангиданд; набарде миёни тамаддун ва барбарият. Агар Маккавеиҳо шикаст мехӯрданд, на хонаводаҳо ва на тамаддуни яҳудӣ ва масеҳӣ ва на Иёлоти Муттаҳида вуҷуд доштанд. Ин ҷанг фақат барои бақоӣ Исроил нест; ин ҷанг барои бақои тамаддуни озод аст. Имрӯз низ Исроил на танҳо барои бақои худ, балки барои дифоъ аз тамаддуни озодӣ ва арзишҳои муштараки мо дар баробари барбарҳо меҷангад.”

Натонёҳу, барбарҳоро касоне донист, ки дар 7 октябр ба Исроил ҳамла карданд ва ҳамчунин дар ҳамалоти яҳудситезона дар Сидней ва дигар нуқот даст доранд ва гуфт: “Ин ҳамон нафрат ва ҳамон торикӣ аст, ки дар ҷаҳони озод низ густариш меёбад.”

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳукумате, ки  гуноҳи кабира анҷом дод
Аввалин нажодгаро ва нажодпараст

Матолиби пурбоздид