Натонёҳу хитоб ба Омрико: “Ба ҷойи фишор ба мо, ба Эрон ва Ҳамос фишор биёваред!”

Натонёҳу хитоб ба Омрико: “Ба ҷойи фишор ба мо, ба Эрон ва Ҳамос фишор биёваред!”

Вокуниши Натонёҳу ба интиқодҳои Омрико: “Ба ҷойи фишор ба мо, ба Эрон ва Ҳамос фишор биёваред!”

Ахбори байналмилал

Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил, дар изҳороте дар вокуниш ба интиқодҳои ахири бархе мақомоти омрикоӣ аз ҷумла Ҷо Бойден, раиси ҷумҳурӣ ва Чак Шумер, раҳбари аксарияти демукроти сенои Омрико, хостори фишори байналмилалӣ ба Ҳамос ва Эрон шуд.

Ба гузориши коноли исроилии i24, Натонёҳу аз изҳороти ахири раҳбарони Иёлоти Муттаҳида аз ҷумла Ҷо Бойден, раиси ҷумҳури Омрико ва Чак Шумер, раҳбари аксарияти сено интиқод кард.

Ӯ ба фишорҳо алайҳи густариши амалиёти низомии Исроил дар Рафаҳ ва дархости Омрико барои баргузории интихоботи зудҳангом дар Исроил интиқод кард.

Нахуствазири Исроил дар ифтитоҳияи нишасти ҳафтагии кобинаи амнияти давлатӣ (SSC) гуфт: “Аз оғози ҷанг, мо дар ду ҷабҳа меҷангем – ҷабҳа низомӣ ва ҷабҳаи сиёсӣ.”

Ӯ идома дод: “Дар ҷабҳаи сиёсӣ то кунун тавонистаем ба нерӯҳои худ иҷоза диҳем, то 5 моҳи комил ба шакли бесобиқае биҷанганд, аммо бар касе пӯшида нест, ки фишорҳои байналмилалӣ алайҳи мо дар ҳоли афзоиш аст.”

Натонёҳу бо ишора ба изҳороти интиқодии ахири Бойден ва Чак Шемер гуфт: ”Дар ҷомеаи байналмилалӣ касоне ҳастанд, ки дар ҳоли ҳозир, қабл аз дастёбӣ ба ҳамаи аҳдоф, талош мекунанд ҷангро мутаваққиф кунанд.”

Натонёҳу тавзеҳ дод: “Онҳо ин корро бо талош барои баргузории интихоботи зудҳангом дар авҷи ҷанг анҷом медиҳанд ва ин корро анҷом медиҳанд, зеро медонанд, ки интихобот акнун ҷангро мутаваққиф мекунад ва кишварро ҳадди ақал барои 6 моҳ фалаҷ мекунад.”

Ӯ афзуд: “Пас биёед возеҳ бигӯем: агар мо акнун ҷангро мутаваққиф кунем, қабл аз расидан ба ҳамаи аҳдоф, ба ин маънӣ аст, ки Исроил дар ҷанг шикаст хӯрдааст ва мо ин иҷозаро намедиҳем. Ба ҳамин далел аст, ки набояд таслими ин фишорҳо шавем. Мо таслими онҳо нахоҳем шуд.”

Вай афзуд: ”Баръакс, ин ҳақиқати содда танҳо азми моро барои идомаи мубориза бо фишорҳо ва идомаи ҷанг то пирӯзии мутлақ, тақвият мекунад. Идомаи ҷанг модоме, ки ҳамаи гаравгонҳои мо озод шаванд ва итминон аз ин ки Ғазза дигар таҳдиде алайҳи Исроил нахоҳад буд.”

Натонёҳу афзуд: “Барои анҷоми ин кор, мо дар Рафаҳ низ амалиёт хоҳем кард. Ин танҳо роҳ барои аз байн бурдани бақияи гурдонҳои Ҳамос аст ва ин танҳо роҳи эъмоли фишори низомии лозим барои озодии ҳамаи гаравгонҳоямон аст.”

Нахуствазири Исроил гуфт: “Ба ҳамин манзур, мо барномаҳои амалиётӣ барои иқдом дар Рафаҳ аз ҷумла иртиқои мароҳили тахлияи ғайринизомиён аз манотиқи ҷангиро тасвиб кардем. Ин як гоми зарурӣ ба самти иқдоми низомӣ аст. Дубора – мо бо эҳтиёт амал хоҳем кард. Чанд ҳафта тӯл мекашад ва ин иттифоқ хоҳад афтод.”

Ӯ афзуд: ”Ва ба дӯстони мо дар ҷомеаи байналмилалӣ мегӯям: оё ҳофизаи шумо ин қадр кӯтоҳ аст? Ба ин суръат 7 октябрро фаромӯш кардед, ваҳшатноктарин қатли омм алайҳи яҳудиён аз замони Ҳолокост? Ба ин суръат омода ҳастед, ки Исроилро аз ҳаққи дифоъ аз худ маҳрум кунед? Алайҳи ҳаюлоҳои Ҳамос? Оё ба ин суръат виҷдони ахлоқии худро аз даст додед?”

Вай дар идома гуфт: “Ба ҷойи фишор бар Исроил, ки дар ҳоли ҷанги одилона аст, фишори худро алайҳи Ҳамос ва ҳомии он – Эрон ҳидоят кунед. Онҳо ҳастанд, ки барои минтақа ва кулли ҷаҳон хатар эҷод мекунанд.”

Натонёҳу дар поён гуфт: “Мо дар ҳар сурат бо ҳамаи фишорҳо рӯбарӯ хоҳем буд ва ба ёрии Худованд то пирӯзии комил ба мубориза идома хоҳем дод.”

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Уилл Смит: Қуръон бисёр возеҳ аст
Женероли исроилӣ: “Бадтарин шикасти таърихро дар баробари Ҳамос мутаҳаммил шудаем”

Матолиби пурбоздид