Некбахттарини мардум
Чанд ҳикмат аз Буалӣ Сино
* Ҳар кас одат кунад, ки бидуни далел ҳар ҳарферо бовар кунад, аз сурати инсонӣ хориҷ аст.
* Некбахттарини мардум касест, ки кирдор ба саховат биёрояду гуфтор ба ростӣ.
* Бархе чунон саргарми мероси илмии гузаштагонанд, ки фурсати муроҷиа ба ақли худро надоранд. Ва агар фурсате ҳам ба даст оваранд, ҳозир нестанд иштибоҳҳо ва лағзишҳои гузаштагонро ислоҳу ҷуброн кунанд.
* Таассуб дар донишу фалсафа, монанди ҳар таассуби дигар нишонаи хомӣ ва бемоягӣ аст ва ҳамеша ба зиёни ҳақиқат тамом мешавад.
* Ҳеч чиз дар дунё иттифоқӣ нест.
* Агар тавоноии донишмандони Эронзамин аз ҷаҳони дониш гирифта шавад, чизе ҷуз сиёҳӣ боқӣ намемонад.
* Нишони дӯсти некӯ он аст, ки хатои туро бипӯшонад, туро панд диҳад ва розатро ошкор насозад.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: