Неъмати АҚЛ

Неъмати АҚЛ

Доктор Форуқ Қосим, ​​як геологи зодаи Ироқ, ки ҳоло шаҳрванди Норвегия аст, дар мақолаи худ “Истифодаи ақл” мегӯяд:

“Ба ман дар бораи сарвати кишваре, ки макони бадбинӣ, миллатгароӣ, маҳалгароӣ, ҷаҳолат ва ҷанг аст, нагӯед. Нигерия яке аз бойтарин кишварҳо дар заминаи сарватҳои зеризаминӣ ва содироти нафт аст. Аммо ба мақоми он нигоҳ кунед. Мардуми онҷо нажодпараст, миллатгаро ҳастанд”.

Як замон, Президенти Сингапур аз нарасидани оби нӯшокӣ гиря мекард. Имрӯз, он аз ҳисоби даромади ҳар сари аҳолӣ, фақат аз Ҷопон қафо мондааст.

Дар асри пешрафтаи мо кишварҳои ақибмонда онҳое ҳастанд, ки ба сарватҳои зеризаминии худ менигаранд, ки ҳадафи онҳо кофтан ва ба даст овардан барои зиндагӣ мебошад.

Аммо, дар баъзе кишварҳои худогоҳ, сарвати воқеӣ омили инсонӣ мебошад. Манфиати бештарро аз инсон (аз нируи инсонӣ) гирифтан мумкин аст. Ба фикри шумо, чӣ қадар захираҳои табиӣ дар телефонҳои iPhone, Galaxy истифода мешаванд, ки мо онҳоро бо чандин доллар мехарем?

Оҳан, шиша ва пластмасси ночизро камтар аз як доллар истифода мебаранд. Аммо мо онро аз садҳо доллар то чанд ҳазор доллар мехарем. Ин пул чанд баррел нафт ва чанд метри мукааб газ медод.

Сабаб дар он аст, ки сарвати зеҳнӣ дар он маҳсулот бештар аз захираҳои табиӣ пинҳон аст. Яъне маҳсули ақли инсон. Мо ба он пул медиҳем.

Муассиси Microsoft Билл Гейтс дар як сония 226 доллар кор мекунад.

Аксари сарватмандтарин одамони дунё имрӯз соҳиби сарватҳои табиӣ дар гузашта набуданд, балки соҳибони ғояҳои беназир буданд.

Даромади солонаи Samsung 327 миллиард доллар буд. Барои ба даст овардани чунин фоида тавассути ширкатҳои маҳаллии мо садҳо сол лозим аст.

Шумо мегӯед, ки “ман пули зиёд дорам, ба касе ниёз надорам”? Инро ба тасаввуроти худ гузоред. Сарвати воқеӣ сарвати ақлист. Дигар ҳеч.

Ҷопонҳо дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ мағлуб шуданд. Дар муддати камтар аз панҷоҳ сол онҳо бо илм ва техникаи худ аз тамоми ҷаҳон интиқом гирифтанд. Аблаҳон то ҳол саволҳо доданро бас намекунанд, ба монанди “шумо аз кадом мазҳаб ҳастед?”, “Шумо аз кадом қабила ҳастед?”

(Манбаъ: Фейсбук)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Уламои дарборӣ
Манқуртӣ дарди бедармон аст

Матолиби пурбоздид