Нигоҳе ба сира ва симои ҳазрати Муҳаммад(с)

Таърих

Нигоҳе ба сира ва симои ҳазрати Муҳаммад(с)

Барҳое аз торих

Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фарзанди Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб ибни Ҳошим ибни Абдуманоф, дар Макка ба дунё омад. Пеш аз вилодат, падараш Абдуллоҳ даргузашта буд. Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) шаш сол дошт, ки модараш Оминаро низ аз даст дод. Ӯ то ҳаштсолагӣ зери сарпарастии ҷаддаш Абдулмутталиб буд ва пас аз марги ҷаддаш, дар хонаи амуяш Абӯтолиб сукно гузид.

Рафтор ва кирдори ӯ дар хонаи Абӯтолиб, назари ҳамагонро ба сӯи худ ҷалб кард ва дере нагузашт, ки меҳраш дар дилҳо ҷой гирифт. Ӯ бар хилофи кӯдакони ҳамсолаш, ки мӯйҳое жӯлида ва суратҳое олуда доштанд, монанди бузургсолон мӯйҳояшро мураттаб мекард ва сару сурати худро тамиз нигаҳ медошт. Ӯ ба чизҳои хӯрокӣ ҳаргиз ҳарис набуд, кӯдакони ҳамсолаш, чунонки расми атфол аст, бо дастпочагӣ ва шитобзадагӣ ғизо мехӯрданд ва гоҳе луқма аз дасти якдигар мерубуданд, вале ӯ ба ғизои андак иктифо ва аз ҳирсварзӣ дар ғизо худдорӣ мекард.

Дар ҳамаи аҳвол, матонати беш аз ҳадди синну соли хеш аз худ нишон медод. Баъзе рӯзҳо ҳамин, ки аз хоб бармехост, ба сари чоҳи Замзам мерафт ва аз оби он ҷуръае чанд менӯшид ва чун ба вақти чошт ба сарфи ғизо даъваташ менамуданд, мегуфт:

— Эҳсоси гуруснагӣ намекунам.

Ӯ на дар кӯдакӣ ва на дар бузургсолӣ, ҳеч гоҳ аз гуруснагӣ ва ташнагӣ сухан ба забон намеовард.

Амуи меҳрубонаш Абӯтолиб гӯяд: ман ҳаргиз калимае дурӯғ аз ӯ нашунидам ва кори ношоиста ва хандаи беҷо аз ӯ надидам.

Ӯ ба бозиҳои кӯдакон рағбат намекард ва гӯшагирӣ ва танҳоиро дӯст медошт ва дар ҳамаи ҳол мутавозеъ буд.

Он ҳазрат дар сездаҳсолагӣ, Абӯтолибро дар сафари Шом, ҳамроҳӣ кард. Дар ҳамин сафар буд, ки шахсият, азамат, бузургворӣ ва амонатдории худро нишон дод. Бисту панҷ сол дошт, ки бо Хадиҷа духтари Хувайлд издивоҷ кард.

Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар миёни мардуми Макка ба амонатдорӣ ва садоқат машҳур гашт, то он ҷо, ки ҳама ӯро Муҳаммади Амин мехонданд. Дар ҳамин синну сол буд, ки бо насби Ҳаҷаруласвад ва ҷилавгирӣ аз фитнаву ошӯби қабоилӣ, кордонӣ ва тадбири хешро собит кард ва бо ширкат дар анҷумани ҷавонмардони Макка (Ҳилфулфузул) инсондӯстии худро ба исбот расонд.

Покӣ ва дурусткорӣ ва парҳез аз ширку бутпарастӣ ва беэътиноӣ ба мазоҳири дунявӣ ва андешидан дар низоми офариниш, ӯро комилан аз дигарон мутамойиз сохта буд.

Он ҳазрат дар чиҳилсолагӣ ба паёмбарӣ барангехта шуд ва даъваташ то се сол махфиёна буд. Пас аз ин муддат, ба ҳукми ояти:

وَأَنذِرْ عَشِيرَتَكَ الْأَقْرَبِينَ

Яъне: ”Хешовандони наздики худро ҳушдор деҳ!”, рисолати хешро ошкор сохт ва аз бастагони худ оғоз кард ва сипас даъват ба тавҳид ва парҳез аз ширку бутпарастиро ба гӯши мардум расонд.

Аз ҳамин ҷо буд, ки сарони Қурайш мухолифат бо ӯро оғоз карданд ва ба озори он ҳазрат пардохтанд. Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар муддати сездаҳ сол дар Макка, бо ҳамаи озорҳо ва шиканҷаҳои сармоядорони мушрики Макка ва ҳамдастони онон, муқовимат кард ва аз мавозеи илоҳии хеш ҳаргиз ақибнишинӣ нанамуд.

Пас аз сездаҳ сол таблиғ дар Макка, ночор ба ҳиҷрат шуд. Пас аз ҳиҷрат ба Мадина, заминаи нисбатан муносибе барои таблиғи ислом фароҳам шуд, ҳарчанд ки дар тайи ин даҳ сол низ куффор, мушрикон, мунофиқон ва қабоили яҳуд, музоҳиматҳои бисёре барои ӯ эҷод карданд.

Дар соли ёздаҳуми ҳиҷрӣ, ҳазрат (с) реҳлат фармуд.

* * *

Ахлоқ ва сираи Паёмбари Акрам (с)

Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) комилтарин инсон ва бузургу солори тамоми паёмбарон аст. Дар азамати он ҳазрат ҳамин бас ки Худованди Мутаол дар Қуръони Маҷид ӯро ба унвони инсони намуна ва улгу барои тамоми ҷаҳониён муаррифӣ менамояд:

لَقَدْ کانَ لَکُم فی رَسُول اللّهِ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ

“Дар (сира ва сухани) Паёмбари Худо барои шумо улгу ва намунаи некӯе аст.”

Ӯ ба ҳаққ дорои ахлоқе комил ва ҷомеъи тамоми фазоил ва камолоти инсонӣ буд. Худояш ӯро чунин меситояд:

إِنّک لَعَلی خُلُق عَظیم

“Эй паёмбар! Ту дорои беҳтарин ахлоқ ҳастӣ.”

وَلَوْ کُنْتَ فَظّاً غَلیظَ الْقَلْبِ لاَنْفَضُّوا مِنْ حَوْلِکَ

“Агар тундхӯ ва сахтдил мебудӣ, мардум аз атрофат пароканда мешуданд.”

Аз ин рӯ, яке аз муҳимтарин авомили пешрафти ислом, ахлоқи некӯ ва бархӯрди матин ва мулойими он ҳазрат бо мардум буд.

Дар тӯли зиндагонии ӯ ҳаргиз дида нашуд вақташро ба батолат ва бекорӣ бигузаронад.

Дар мақоми ниёиш ҳамеша мегуфт:

“Худоё! Аз бекорагӣ ва танбалӣ ва забунӣ ба ту паноҳ мебарам!”

Ва мусалмононро ба кор кардан ташвиқ менамуд.

Ӯ ҳамеша ҷониби адлу инсофро риоят мекард ва дар тиҷорат ба дурӯғу тадлис мутавассил намешуд ва ҳеч гоҳ дар муомила сахтгирӣ намекард ва бо касе муҷодила ва лаҷоҷат наменамуд ва кори худро ба гардани дигаре намеандохт.

Ӯ сидқи гуфтор ва адои амонатро қивоми зиндагӣ медонист ва мефармуд: ин ду дар ҳамаи таъолими пайғамбарон таъкид ва таъйид шудааст.

Дар назари ӯ ҳамаи афроди ҷомеа муваззаф ба муқовимат дар баробари ситамкорон ҳастанд ва набояд нақши тамошогар дошта бошанд. Мефармуд:

“Бародаратро чӣ золим бошад ва чӣ мазлум, ёрӣ намо!”

Асҳоб гуфтанд: маънии ёрӣ кардани мазлумро донистем, вале золимро чӣ гуна ёрӣ кунем? Фармуд:

“Дасташро бигиред, то натавонад ба касе ситам кунад!”

* * *

Сифот ва вежагиҳои Паёмбари Акрам (с)

Аз ошкортарин сифоти Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ин буд, ки ғурури пирӯзӣ ӯро намегирифт, чунонки дар бозгашт аз набарди Бадр ва фатҳи Макка нишон дод. Ва низ аз шикаст ноумед намешуд, ҳамон тавр, ки шикасти Уҳуд бар вай таъсир надошт. Ва низ паймоншикании Банӣ Қурайза ва пайвастани онон ба сипоҳи Аҳзоб, бар руҳияи ӯ таъсире нагузошт.

Сифати дигари ӯ нармии ҳамроҳ бо салобат буд. Бо ёрон ва қавми худ рафторе мубтанӣ бар ҷазб ва ислоҳ дошт ва руҳи эътимод ва оромишро дар миёни онҳо тақвият мекард.

Ба кучак раҳм мекард, бузургро гиромӣ медошт, ятимро хушнуд карда ва паноҳ медод, ба фақирон ва мискинон некӣ ва эҳсон мекард, ҳатто ба ҳайвонот ҳам тараҳҳум менамуд ва аз озори онҳо наҳй мекард.

Аз муҳимтарин намунаҳои инсонияти Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ин буд, ки он ҳазрат нерӯҳоеро, ки барои ҷанг бо душман эъзом мекард, ба дӯстӣ ва мудоро бо мардум ва адами юриш ва шабихун алайҳи эшон васият ва суфориш мефармуд. Ӯ бештар дӯст дошт душманро ба сӯи сулҳ бикашонад, на ин ки мардони эшонро бикушад.

Ӯ ба сулҳи комил дар ҷаҳон даъват мекард ва аз ҷанг, ҷуз ба ҳангоми зарурат ва ночорӣ, парҳез дошт.

Номаҳое, ки ба сӯи подшоҳон мефиристод, ба салому сулҳ ороста ва музайян буд ва саломро барои оғози калом дар дидор байни фарзандони Одам қарор дода буд.

* * *

Талош барои таҳаққуқи инсоният

Вуҷуди Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) барои ҳамаи мардум мояи раҳмат буд ва ҳеч касро ба сабаби рангу ҷинс аз шумули он мустасно намекард.

Он ҳазрат ба ин раҳнамудҳо даъват мекард:

1) Рушду эътилои инсоният, мефармуд:

“Ҳамаи мардум аз Одам ҳастанд ва Одам низ аз хок аст.”

2) Сулҳ қабл аз ҷанг;

3) Гузашту бахшиш қабл аз муҷозот;

4) Осонгирӣ ва гузашт қабл аз муҷозот;

Аз ин рӯ, мушоҳида мекунем, ки ҷангҳои ӯ ҳамагӣ барои аҳдофи волои инсонӣ буда ва ба манзури таҳаққуқи инсоният анҷом мешудааст.

Он ҳазрат ба некӣ ва эҳсон ба мардум ва дӯстӣ ва мудоро бо онон фармон медод.

Ӯ намунае комил аз раҳматро дар фатҳи Макка нишон дод, ки бо вуҷуди пирӯзӣ бар душманон, бо эшон бархӯрди некӯ кард, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки метавонист аз ҳамаи онон интиқом гирад, вале ононро бахшид ва фармуд:

“Биравед, шумо озод ҳастед!”

Паёмбар (с) бо асирон бо мудоро ва раҳмат бархӯрд мекард, бар бисёре аз онон миннат мегузошт ва озодашон месохт ва лашкариёнро ба онон суфориш мекард. Аз ҷумла дар яке аз ҷангҳо, бо дасти худ, дасти асиреро — ки садои нолаи ӯро шунид — боз кард.

Он ҳазрат ба тамоми мардум меҳрубон буд, ӯ ростгӯе амин ва вафодор ба аҳду паймони худ буд, ҳангоми ғазаб хашми худро фурӯ мебурд ва ҳангоми қудрат аз муҷозот чашм пӯшида ва мегузашт.

Ӯ байни мардум “сулҳу дӯстӣ” барқарор месохт ва аз онон кина, душманӣ ва фитнаро дур мекард ва ҳар касеро дар ҷойгоҳи худ қарор медод.

Даъвати Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба ислом, мубтанӣ бар сулҳу саломат буд ва ҷангро ҷуз ҳангоме, ки қасовати душман ва сахтгирии онон бар мусалмонон зиёд шуд, мавриди таваҷҷӯҳ қарор намедод.

* * *

Назофат ва покизагӣ

Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба покизагӣ алоқаи фаровон дошт ва дар назофати бадан ва либос беназир буд. Илова бар одоби вузӯ, ағлаби рӯзҳо худро шустушӯ медод ва ин ҳар дуро аз ибодот медонист.

Мӯйи сарашро бо барги сидр мешуст ва шона мекард ва худро бо мушку анбар хушбӯ менамуд.

Рӯзона чанд бор, махсусан шабҳо пеш аз хоб ва пас аз бедорӣ, дандонҳояшро бо диққат мисвок мекард.

Ҷомаи сафедаш, ки то нисфи соқҳояшро мепӯшонид, ҳамеша тамиз буд.

Пеш аз сарфи ғизо ва баъд аз он, дасту даҳонашро мешуст ва аз хӯрдани сабзиҳои бадбӯ парҳез менамуд.

Хонааш бо ҳамаи соддагӣ ва бетаҷаммулӣ, ҳамеша покиза буд.

Таъкид менамуд, ки зуболаҳоро ба ҳангоми рӯз берун бибаранд ва то шаб ба ҷои худ намонад.

Назофати тану андомаш бо қудсии таҳорати руҳаш ҳамоҳангӣ дошт ва ба ёрон ва пайравони худ таъкид менамуд, ки сару сурат ва ҷома ва хонаҳояшонро тамиз нигаҳ доранд ва водорашон мекард, худро, ба вежа дар рӯзҳои ҷумъа, шустушӯ дода ва муъаттар созанд, ки бӯи бад аз онҳо истишмом нашавад ва он гоҳ дар намози ҷумъа ҳузур ёбанд.

* * *

Одоби муошират

Дар миёни ҷамъ, башшош ва кушодарӯ ва дар танҳоӣ, симои маҳзуну мутафаккир дошт.

Ҳаргиз ба рӯи касе хира нигоҳ намекард ва бештари авқот чашмҳояшро ба замин медӯхт.

Ағлаб дузону менишаст ва пойи худро ҷилави ҳеч кас дароз намекард.

Дар салом кардан ба ҳама, ҳатто бардагон ва кӯдакон, пешдастӣ мекард ва ҳар гоҳ ба маҷлисе ворид мешуд, наздиктарин ҷойро ихтиёр менамуд. Иҷоза намедод касе ҷо барояш холӣ кунад.

Сухани ҳамнишини худро қатъ намекард ва бо ӯ тавре рафтор мекард, ки тасаввур мешуд ҳеч кас назди Расули Худо (с) аз ӯ гиромитар нест.

Беш аз ҳадди лузум сухан намегуфт, ором ва шумурда сухан мегуфт ва ҳеч гоҳ забонашро ба дашном ва носазо олуда намесохт.

Ҳар гоҳ аз рафтори касе озурда мегашт, нороҳатӣ дар симояш намоён мешуд, вале калимаи гила ва эътироз бар забон намеовард.

Аз беморон иёдат менамуд ва дар ташйеъи ҷаноза ҳузур меёфт.

Ҷуз дар мақоми додхоҳӣ, иҷоза намедод касе дар ҳузури ӯ алайҳи дигаре сухан бигӯяд ва ё ба касе дашном бидиҳад ва ё бадгӯӣ намояд.

* * *

Бахшоиш ва гузашт

Кинаи касеро дар дил нигоҳ намедошт ва дар садади интиқом барнамеомад.

Руҳи нерӯмандаш афву бахшоишро бар интиқом тарҷеҳ медод.

Дар ҷанги Уҳуд бо он ҳама ваҳшигарӣ ва иҳонат, ки ба ҷанозаи амуяш Ҳамза ибни Абдулмутталиб раво дошта буданд ва аз мушоҳидаи он ба шиддат дарднок буд, даст ба амали мутақобил бо куштагони Қурайш назад ва баъдҳо, ки ба муртакибони он ва аз он ҷумла Ҳинд зани Абӯсуфён даст ёфт, дар мақоми интиқом барнаёмад, ва ҳатто Абӯқутодаи Ансориро, ки мехост забон ба дашноми онҳо бигушояд, аз бадгӯӣ манъ кард.

Пас аз фатҳи Хайбар, ҷамъе аз яҳудиён, ки таслим шуда буданд, ғизои масмум барояш фиристоданд. Ӯ аз суиқасд ва тавтиаи онҳо огоҳ шуд, аммо ба ҳоли худ раҳояшон кард.

Бори дигар зане аз яҳуд даст ба чунин амале зад ва хост заҳр дар комаш кунад, ки ӯро низ афв намуд.

Абдуллоҳ ибни Убай, сардастаи мунофиқон, ки бо адои калимаи шаҳодат масуният ёфта буд, дар ботини амр аз ин ки бо ҳиҷрати Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба Мадина басоти риёсати ӯ барчида шуда буд, адовати он ҳазратро дар дил мепарваронид ва зимни ҳамкорӣ бо яҳудиён, аз коршиканӣ ва кинатӯзӣ ва шойеъасозӣ бар зидди ҳазрат фурӯгузор набуд.

Он ҳазрат на танҳо иҷоза намедод ёронаш ӯро ба сазои амалаш бирасонанд, балки бо камоли мудоро бо ӯ рафтор мекард ва дар ҳоли беморӣ ба иёдаташ мерафт.

* * *

Ҳарими қонун

Он ҳазрат аз бадрафторӣ ва озоре, ки ба шахси худаш мешуд, афв ва чашм мепӯшид, вале дар мавриди ашхосе, ки ба ҳарими қонун таҷовуз мекарданд, мутлақан гузашт намекард ва дар иҷрои адолат ва муҷозоти мутахаллиф, ҳар ки буд, мусомиҳа раво намедошт.

Зеро қонун ҳофизи киёни ҷомеа аст ва намешавад онро бозичаи дасти афроди ҳавасрон қарор дод ва ҷомеаро фидои фард намуд.

Дар фатҳи Макка, зани ашрофзодае аз қабилаи Банӣ Махзум муртакиби сирқат шуд ва аз назари қазоӣ ҷурмаш муҳраз гардид.

Хешовандонаш иҷрои муҷозотро нанги хонаводаи ашрофии худ медонистанд, ба такопу афтоданд, ки муҷозотро мутаваққиф созанд, аммо он ҳазрат напазируфт ва фармуд:

“Ақвом ва милали пешин дучори суқут ва инқироз шуданд, бад-ин сабаб, ки дар иҷрои қонуни адолат табъиз раво медоштанд. Қасам ба Худое, ки ҷонам дар қабзаи қудрати ӯст, дар иҷрои адл дар бораи ҳеч кас сустӣ намекунам, агарчи муҷрим аз наздиктарин хешовандони худам бошад.”

Aftabir

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳаридиҳо дар Телавив: “Мо мемирем ва ҳаргиз сарбозӣ намеравем!”
Абӯсаиди Абулхайр

Матолиби пурбоздид