Нигоҳе мухтасар ба зиндагонии Паёмбар(с) – II

Таърих

Нигоҳе мухтасар ба зиндагонии Паёмбар(с) – II

Торихи ислом

Бахши дуввум

Шуғлҳо

Пайғамбари Акрам чӣ шуғлҳое доштааст? Ҷуз шабонӣ ва бозаргонӣ, шуғлу кори дигареро мо аз эшон суроғ надорем. Бисёре аз пайғамбарон дар даврони қабл аз рисолаташон шабонӣ мекардаанд (ҳоло ин чӣ рози илоҳие дорад, мо дуруст намедонем) ҳамчунон ки Мӯсо шабонӣ кардааст. Пайғамбари Акрам ҳам қадри мусаллам ин аст, ки шабонӣ мекардааст. Гӯсфандонеро бо худаш ба саҳро мебурдааст, риоят мекарда ва мечаронида ва бармегаштааст. Бозаргонӣ ҳам, ки кардааст. Бо ин ки як сафар, сафари аввалӣ буд, ки худаш ба бозаргонӣ мерафт (фақат як сафар дар дувоздаҳсолагӣ ҳамроҳи амуяш рафта буд), он сафарро бо чунон маҳорате анҷом дод, ки мӯҷиби тааҷҷуби ҳамагон шуд.

****

Савобиқ

Савобиқи қабл аз рисолати Пайғамбари Акрам чӣ будааст? Дар миёни ҳамаи пайғамбарони ҷаҳон, Пайғамбари Акрам ягона пайғамбаре аст, ки таърихи комилан мушаххасе дорад. Яке аз савобиқи бисёр мушаххаси Пайғамбари Акрам ин аст, ки уммӣ буд, яъне мактабнарафта ва дарснахонда буд, ки дар Қуръон ҳам аз ин нукта ёд шудааст. Аксари мардуми он минтақа дар он замон уммӣ буданд.

Яке дигар ин аст, ки дар ҳамаи он чиҳил соли қабл аз беъсат, дар он муҳит, ки фақат ва фақат муҳити бутпарастӣ буд, ӯ ҳаргиз бутеро саҷда накард. Албатта иддаи қалиле — маъруф ба “ҳунафо” — ки онҳо ҳам аз саҷда кардани бутҳо эҳтироз доштаанд, вале на аз аввал то охири умрашон, балки баъдан ин фикр барояшон пайдо шуд, ки ин кор, кори ғалате аст ва аз саҷда кардани бутҳо эъроз карданд ва баъзе аз онҳо масеҳӣ шуданд. Аммо Пайғамбари Акрам дар ҳамаи умраш, аз аввали кӯдакӣ то охир, ҳаргиз эътиное ба бут ва саҷдаи бут накард. Ин, яке аз мушаххасоти эшон аст. Ва агар як бор кучактарин тавозӯе дар муқобили буте карда буд, дар даврае, ки бо бутҳо мубориза мекард, ба ӯ мегуфтанд: ту худат будӣ, ки як рӯз омадӣ инҷо муқобили Лоту Ҳубал тавозӯъ кардӣ.

На танҳо бутеро саҷда накард, балки дар тамоми даврони кӯдакӣ ва ҷавонӣ, дар Макка, ки шаҳри лаҳву лаъиб буд, ба ин умур олуда нашуд. Макка ду хусусият дошт: яке ин ки маркази бутпарастии Арабистон буд ва дигар ин ки маркази тиҷорат ва бозаргонӣ буд ва сармоядорони араб дар Макка хуфта буданд ва бардадорони араб дар Макка буданд. Инҳо бардаҳо ва канизҳоро хариду фурӯш мекарданд. Дар натиҷа маркази айшу нӯши аъёну ашроф ҳам ҳамин шаҳр буд. Анвоъи лаҳву лаъибҳо, шаробхориҳо, навохтанҳо ва раққосиҳо доир буд, ба тавре, ки мерафтанд канизҳои сафеду зеборо аз Рум (ҳамин Шом ва Сурия) мехариданд ва меомаданд дар Макка ба истилоҳ ишраткада дуруст мекарданд ва аз ин ишраткадаҳо истифодаи молӣ мекарданд, ки яке аз чизҳое, ки Қуръон ба хотири он сахт ба инҳо метозад ҳамин аст, мефармояд:

وَلَا تُكْرِهُوا فَتَيَاتِكُمْ عَلَى الْبِغَاءِ إِنْ أَرَدْنَ تَحَصُّنًا

(Сураи Нур, ояти 33) Он бечораҳои бадбахт (канизҳо) мехостанд ифофи худашонро ҳифз кунанд, вале инҳо ба иҷбор ин бечораҳоро водор ба зино мекарданд ва дар муқобил пуле мегирифтанд. Хонаҳои Макка дар ду қисмат буд, дар боло ва поини шаҳр. Болоҳоро аъёну ашроф менишастанд ва поинҳоро ғайри аъёну ашроф. Дар хонаҳои аъёну ашроф ҳамеша садои тору танбӯр ва бизану бикӯбу бинӯш баланд буд. Пайғамбари Акрам дар тамоми умраш ҳаргиз дар ҳеч маҷлисе аз ин маҷолиси доири Макка ширкат накард.

Дар даврони қабл аз рисолат, ба садоқат ва амонат ва ақлу фитонат маъруфу машҳур буд. Ӯро ба номи “Муҳаммади Амин” мехонданд. Ба садоқат ва амонаташ эътимоди фаровон доштанд. Дар бисёре аз корҳо ба ақли ӯ иттико мекарданд. Ақл ва садоқат ва амонат аз сифоте буд, ки Пайғамбари Акрам сахт ба онҳо машҳур буд, ба тавре, ки дар замони рисолат вақте, ки фармуд: оё шумо то кунун аз ман сухани хилофе шунидаед, ҳама гуфтанд: абадан, мо туро ба сидқу амонат мешиносем.

Яке аз ҷараёнҳое, ки нишондиҳандаи ақл ва фитонати эшон аст ин аст, ки вақте хонаи Худоро хароб карданд, (деворҳои онро бардоштанд,) то думартиба бисозанд, Ҳаҷаруласвадро низ бардоштанд. Ҳангоме, ки мехостанд дубора онро насб кунанд, ин қабила мегуфт, ман бояд насб кунам, он қабила мегуфт, ман бояд насб кунам ва анқариб буд, ки задухӯрди шадиде рӯй диҳад. Пайғамбари Акрам омад қазияро ба шакли хеле соддае ҳал кард. Қазия маъруф аст, дигар намехоҳам вақти шуморо бигирам.

Масъалаи дигаре, ки боз дар даврони қабл аз рисолати эшон ҳаст, масъалаи эҳсоси таъйидоти илоҳӣ аст. Пайғамбари Акрам баъдҳо дар давраи рисолат, аз кӯдакии худаш фармуд. Аз ҷумла фармуд: ман дар корҳои инҳо ширкат намекардам… Гоҳе ҳам эҳсос мекардам, ки гӯӣ як нерӯи ғайбӣ маро таъйид мекунад. Мегӯяд: ман ҳафт солам бештар набуд. Абдуллоҳ ибни Ҷудъон, ки яке аз ашрофи Макка буд, иморате месохт. Баччаҳои Макка ба унвони кори завқӣ ва кӯмак додан ба ӯ мерафтанд аз нуқтае ба нуқтаи дигар санг ҳамл мекарданд. Ман ҳам мерафтам ҳамин корро мекардам. Онҳо сангҳоро дар доманашон мерехтанд, доманашонро боло мезаданд ва чун шалвор надоштанд, кашфи аврат мешуд. Ман як дафъа то рафтам сангро дар доманам гузоштам, мисли ин ки эҳсос кардам, ки дасте омад ва зад доманро аз дастам андохт. Ҳис кардам, ки ман набояд ин корро кунам, бо ин ки кӯдаки ҳафтсола будам. Имом Боқир алайҳис салом дар ривоятҳое ва низ амирулмӯъминин дар “Наҳҷул-балоға” ин матлабро комилан таъйид мекунанд:

وَلَقَدْ قَرَنَ اللّهُ بِهِ مِنْ لَدُنْ أَنْ كانَ فَطیماً أَعْظَمَ مَلَكٍ مِنْ مَلائِكَتِهِ، یَسْلُكُ بِهِ طَریقَ الْمَكارِمِ وَمَحاسِنَ أَخْلاقِ الْعالَمِ

(“Ҳамоно Худованд аз оғози кӯдакии ҳазрат, бузургтарин фаришта аз фариштагони худро маъмури вай сохта буд, ки ӯро ба роҳи макорим ва маҳосини ахлоқи олам мебурд.” (“Наҳҷул-балоға”, хутбаи 234 (Қосиъа))

Имом Боқир алайҳис салом мефармояд: буданд фариштагони илоҳӣ, ки аз кӯдакӣ ӯро ҳамроҳӣ мекарданд. Паёмбар мефармуд: ман гоҳе салом мешунидам, як касе ба ман мегуфт, ассалому алайк ё Муҳаммад! Нигоҳ мекардам, касеро намедидам. Гоҳе бо худам фикр мекардам шояд ин санг ё дарахт аст, ки дорад ба ман салом медиҳад, баъд фаҳмидам, фариштаи илоҳӣ буда, ки ба ман салом медодааст.

Аз ҷумлаи қазоёи қабл аз рисолати эшон, ба истилоҳи мутакаллимон “ирҳосот” аст, ки ҳамин достони малак ҳам ҷузъи ирҳосот ба шумор меояд. Руъёҳои фавқулъода аҷибе буда, ки Пайғамбари Акрам махсусан дар айёми наздик ба рисолаташ медидааст. Мегӯяд: ман хобҳое медидам, ки

یَأْتي مِثْلُ فَلَقِ الصُّبْح

Мисли фаҷр, мисли субҳи содиқ содиқ ва мутобиқ буд; инчунин хобҳои равшан медидам. Баъзе аз руъёҳо аз ҳамон навъи ваҳй ва илҳом аст, на ҳар руъёе, на руъёе, ки аз меъдаи инсон бармехезад, на руъёе, ки маҳсули уқдаҳо, хаёлот ва таваҳҳумоти пешин аст. Ҷузъи аввалин мароҳиле, ки Пайғамбари Акрам барои илҳом ва ваҳйи илоҳӣ дар даврони қабл аз рисолат тай мекард, дидани руъёҳое буд, ки ба таъбири худашон, монанди субҳи содиқ зуҳур мекард. Гоҳе худи хоб барои инсон равшан нест, пароканда аст ва гоҳе хоб равшан аст, вале таъбираш содиқ нест. Аммо гоҳ хоб дар ниҳояти равшанӣ аст, ҳеч ибҳом ва торикӣ ва ба истилоҳ, ошуфтагӣ надорад ва баъд ҳам таъбираш дар ниҳояти вузуҳ ва рӯшноӣ аст.

Аз савобиқи дигар қабл аз рисолати Расули Акрам яъне дар фосилаи вилодат то беъсат, ин аст, ки — арз кардем — то синни бисту панҷсолагӣ дубор ба хориҷи Арабистон мусофират кард. Пайғамбар фақир буд, аз худаш надошт, яъне ба истилоҳ, як сармоядор набуд. Ҳам ятим буд, ҳам фақир ва ҳам танҳо. Ятим буд, хуб маълум аст, балки латим ҳам буд, яъне падару модар ҳар ду аз сараш рафта буданд. Фақир буд, барои ин ки як шахси сармоядоре набуд, худаш шахсан кор мекард ва зиндагӣ менамуд. Ва танҳо буд. Вақте инсон руҳе пайдо мекунад ва ба марҳилае аз фикр ва уфуқи фикрӣ ва эҳсосоти руҳӣ ва маънавиёт мерасад, ки хоҳ нохоҳ дигар бо мардуми замонаш таҷонус надорад, танҳо мемонад.

Танҳоии руҳӣ аз танҳоии ҷисмӣ сад дараҷа бадтар аст. Агарчӣ ин мисол хеле расо нест, вале матлабро равшан мекунад: шумо як олими бисёр олим ва бисёр боимонеро дар миёни мардуми ҷоҳил ва беимон қарор бидиҳед. Ҳарчанд он афрод падару модару бародарону ақвоми наздикаш бошанд, ӯ танҳост. Яъне пайванди ҷисмонӣ наметавонад ӯро бо инҳо пайванд бидиҳад. Ӯ аз назари руҳӣ дар як уфуқ зиндагӣ мекунад ва инҳо дар уфуқи дигаре. Гуфт: “Чандон ки доноро аз нодон нафрат аст, нодонро аз доно ваҳшат аст.” (Саъдӣ)

Пайғамбари Акрам дар миёни қавми худаш танҳо буд, ҳамфикр надошт. Баъд аз сисолагӣ дар ҳоле, ки худаш бо Хадиҷа зиндагӣ ва оила ташкил додааст, кӯдакеро дар дусолагӣ аз падараш мегирад ва ба хонаи худаш меоварад. Кӯдак, Алӣ ибни Абӯтолиб аст. То вақте, ки ба рисолат мабъус мешавад ва танҳоиаш бо мусоҳибати ваҳйи илоҳӣ тақрибан аз байн меравад (яъне то ҳудуди дувоздаҳсолагии ин кӯдак), мусоҳиб ва ҳамроҳаш фақат ин кӯдак аст. Яъне дар миёни ҳамаи мардуми Макка касе, ки лиёқати ҳамфикрӣ ва ҳамруҳӣ ва ҳамуфуқии ӯро дошта бошад, ғайр аз ин кӯдак нест. Худи Алӣ алайҳис салом нақл мекунад, ки ман бачча будам, пайғамбар вақте ба саҳро мерафт, маро рӯи дӯши худ савор мекард ва мебурд.

Дар бисту панҷсолагӣ маънан Хадиҷа аз ӯ хостгорӣ мекунад. Албатта мард бояд хостгорӣ кунад, вале ин зан шефтаи хулқу хӯй ва маънавият ва зебоӣ ва ҳама чизи ҳазрати Расул аст; худаш афродеро таҳрик мекунад, ки ин ҷавонро водор кунед, ки биёяд аз ман хостгорӣ кунад. Меоянд, мефармояд: охир ман чизе надорам. Хулоса ба ӯ мегӯянд, ту ғуссаи ин чизҳоро нахӯр ва ба ӯ мефаҳмонанд, ки Хадиҷае, ки ту мегӯӣ, ашрофу аъён ва риҷол ва шахсиятҳо аз ӯ хостгорӣ кардаанд ва ҳозир нашудааст. Худаш мехоҳад. То билохира достони хостгорӣ ва издивоҷ рух медиҳад. Аҷиб ин аст: ҳоло, ки ҳамсари як зани бозаргон ва сарватманд шудааст, дигар дунболи кори бозаргонӣ намеравад. Тоза давраи ваҳдат яъне давраи инзиво, давраи хилват, давраи таҳаннуф ва давраи ибодаташ шурӯъ мешавад.

Он ҳолати танҳоӣ яъне он фосилаи руҳие, ки ӯ бо қавми худаш пайдо кардааст, рӯз ба рӯз зиёдтар мешавад. Дигар ин Макка ва иҷтимои Макка гӯӣ руҳашро мехӯрад. Ҳаракат мекунад танҳо дар кӯҳҳои атрофи Макка роҳ меравад, тафаккур ва тадаббур мекунад. Худо медонад, ки чӣ оламе дорад! Мо, ки наметавонем бифаҳмем. Дар ҳамин вақт аст, ки ғайр аз он кӯдак яъне Алӣ алайҳис салом, каси дигар ҳамроҳ ва мусоҳиби ӯ нест.

Моҳи Рамазон, ки мешавад, дар яке аз ҳамин кӯҳҳои атрофи Макка — ки дар шимоли шарқи ин шаҳр аст ва аз силсилакӯҳҳои Макка муҷаззо ва махрутишакл аст — ба номи кӯҳи “Ҳиро”, ки баъд аз он давра онро Ҷабалуннур (кӯҳи Нур) номиданд, хилват мегузинад.

Шояд хеле аз шумо, ки ба ҳаҷ мушарраф шудаед, ин тавфиқро пайдо кардаед, ки ба кӯҳи Ҳиро ва ғори Ҳиро биравед ва ман ду бор ин тавфиқ насибам шудааст ва ҷузъи орзуҳоям ин аст, ки мукаррар дар мукаррар ин тавфиқ насибам бишавад. Барои як одами мутавассит ҳадди ақал як соат тӯл мекашад, ки аз поини доманаи ин кӯҳ ба қуллаи он бирасад ва ҳудуди се рубъ ҳам тӯл мекашад то поин биёяд.

Моҳи Рамазон, ки мешавад, аслан ба куллӣ Маккаро раҳо мекунад ва ҳатто аз Хадиҷа ҳам дурӣ мегузинад. Як тӯшаи хеле мухтасар; обе, ноне бо худаш бармедорад ва ба кӯҳи Ҳиро меравад ва зоҳиран Хадиҷа ҳар чанд рӯз якмартиба касеро мефиристод, то миқдоре обу нон барояш бибарад. Тамоми ин моҳро ба танҳоӣ дар хилват мегузаронад. Албатта гоҳе фақат Алӣ алайҳис салом дар онҷо ҳузур дошта ва шояд ҳамеша Алӣ алайҳис салом будааст. Инро ман алъон намедонам. Қадри мусаллам ин аст, ки гоҳе Алӣ алайҳис салом будааст, чун мефармояд:

وَلَقَدْ جاوَرْتُ رَسولَ اللّهِ علیه السلام بِحِراءَ حینَ نُزولِ الْوَحْيِ

Он соате, ки ваҳй нузул пайдо кард, ман онҷо будам.

Аз он кӯҳ поин намеомад ва дар онҷо Худои худашро ибодат мекард. Ин ки чӣ гуна тафаккур мекард, чӣ гуна ба Худои худаш ишқ меварзид ва чӣ оламҳоеро дар онҷо тай мекард, барои мо қобили тасаввур нест. Алӣ алайҳис салом дар ин вақт баччае аст ҳаддиаксар дувоздаҳсола. Дар он соате, ки бар Пайғамбари Акрам ваҳй нозил мешавад, ӯ онҷо ҳозир аст. Пайғамбар як олами дигареро дорад тай мекунад. Ҳазорҳо мисли мо агар дар онҷо мебуданд, чизеро дар атрофи худ эҳсос намекарданд, вале Алӣ алайҳис салом як дигаргуниҳоеро эҳсос мекунад. Қисматҳои зиёде аз оламҳои пайғамбарро дарк мекардааст, чун мегӯяд:

وَلَقَدْ سَمِعْتُ رَنَّةَ الشَّیْطانِ حینَ نُزولِ الْوَحْيِ

Ман садои нолаи шайтонро дар ҳангоми нузули ваҳй шунидам.

Мисли шогирди маънавӣ, ки ҳолатҳои руҳии худашро ба устодаш арза медорад, ба пайғамбар арз кард: ё Расулаллоҳ! Он соате, ки ваҳй дошт бар шумо нозил мешуд, ман садои нолаи ин малъунро шунидам. Фармуд: бале Алиҷон!

إنَّكَ تَسْمَعُ ما أَسْمَعُ وَتَری ما أَری إلاّ أَنّكَ لَسْتَ بِنَبِيٍّ

(Наҳҷул-балоға, хутбаи 192) Шогирди ман! Ту онҳо, ки ман мешунавам, мешунавӣ ва онҳо, ки ман мебинам, мебинӣ, вале ту пайғамбар нестӣ.

Ин, мухтасаре буд аз қазоёи марбут ба қабл аз рисолати Пайғамбари Акрам, ки лозим медидам барои шумо арз кунам.

* * *

Идома дорад

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тоҷикистон ва Амрико; ҳамкориҳо дар мавриди муҳити зист
Президенти Қирғизистон: Баҳсҳои марзӣ бояд бо роҳи сулҳомез ҳал шаванд!

Матолиби пурбоздид