Тоҷикистон ва Амрико; ҳамкориҳо дар мавриди муҳити зист

Тоҷикистон ва Амрико; ҳамкориҳо дар мавриди муҳити зист

Ахбори минтақа

Намояндагони Тоҷикистон дар мавриди умури иқлим ва муҳити зист бо амрикоиҳо дидор ва гуфтугӯ намуданд.

Дар дидори раиси Кумитаи муҳити зисти Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, бо намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Амрико, Ҷон Керрӣ дар заминаи ҳифозат аз муҳити зист мулоқот намуданд.

Дар ин дидор, ибтикори Тоҷикистон барои эъломи соли 2025 ба унвони соли байналмиллалии “Ҳифозат аз яхчолҳои табиӣ” мавриди таваҷҷуҳи вижа қарор гирифт ва ба таомули Кумитаи муҳити зисти Тоҷикистон ва идораи тавсиаи байналмиллалии Амрико дар заминаи мушорикатҳои таъиншуда дар сатҳи миллӣ ишора шуд.

Керрӣ ба аҳамият ва бамавқеъ будани ибтикороти ҷаҳонии раёсати олии Тоҷикистон дар заминаи тағироти иқлимӣ ва об ишора намуда ва тарафи тоҷикистониро дар мавриди ибтикори ҷаҳонии Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодия Аврупо дар мавриди тааҳҳуди ҷаҳонии коҳиши 30 дарсадии интишори гази метан тавассути кишварҳои узв то соли 2050 мутолеъ кард.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҷудосозии кишварҳои Осиёи Миёна аз Русия – ҳадафи аввалияи Амрико
Нигоҳе мухтасар ба зиндагонии Паёмбар(с) – II

Матолиби пурбоздид