Низоми ҳуқуқи зан дар ислом – I

Низоми ҳуқуқи зан дар ислом

Бахши аввал

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Муқаддима

Дар дунёи ғарб, аз қарни 17-ум ба баъд, по ба пойи наҳзатҳои илмӣ ва фалсафӣ, наҳзате дар заминаи масоили иҷтимоӣ ва ба номи “ҳуқуқи башар” сурат гирифт. Нависандагон ва мутафаккирони қарни 17-ум ва 18-ум афкори хешро дар бораи ҳуқуқи табиӣ ва фитрӣ дар миёни мардум пахш карданд. Жан-Жак Руссо ва Волтер ва Монтескё аз ин гурӯҳ нависандагон ва мутафаккиронанд. Ин гурӯҳ ҳаққи азиме бар ҷомеаи башарият доранд. Шояд битавон иддао кард, ки ҳаққи инҳо бар ҷомеаи башарият, аз ҳаққи мукташифон ва мухтареъони бузург камтар нест.

Асли асосии мавриди таваҷҷӯҳи ин гурӯҳ ин нукта буд, ки инсон билфитра ва ба фармони хилқат ва табиат, воҷиди (дорандаи) як силсила ҳуқуқ ва озодиҳост. Ин ҳуқуқ ва озодиҳоро ҳеч фард ё гурӯҳ ба ҳеч унвон ва бо ҳеч ном наметавонанд аз фард ё қавме салб кунанд; ҳатто худи соҳиби ҳақ низ наметавонад ба майл ва иродаи худ, онҳоро ба ғайр мунтақил намояд ва худро аз инҳо урён ва мунсалих (ҷудо) созад; ва ҳамаи мардум аъамм аз ҳокиму маҳкум, сафеду сиёҳ, сарватманду мустаманд дар ин ҳуқуқ ва озодиҳо, бо якдигар “мутасовӣ” ва баробаранд.

Ин наҳзати фикрӣ ва иҷтимоӣ самароти худро зоҳир сохт; аввалин бор дар Ангилистон ва сипас дар Омрико ва баъд дар Фаронса, ба сурати инқилобҳо ва тағйири низомҳо ва имзои эъломияҳо бурузу зуҳур намуд ва ба тадриҷ ба нуқоти дигар сироят кард.

Дар қарни 19-ум афкори тозае дар заминаи ҳуқуқи инсонҳо дар масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва сиёсӣ пайдо шуд ва таҳаввулоти дигаре рух дод, ки мунтаҳӣ ба зуҳури сотсиализм ва лузуми тахсиси манофеъ ба табақоти заҳматкаш ва интиқоли ҳукумат аз табақаи сармоядор ба мудофеъони табақаи коргар гардид.

То охирҳои қарни 19-ум ва аввалҳои қарни 20-ум, он чи дар бораи ҳуқуқи инсонҳо гуфтугӯ шуда ва ё амалан иқдоме сурат гирифта, марбут аст ба ҳуқуқи миллатҳо дар баробари давлатҳо ва ё ҳуқуқи табақаи коргар ва заҳматкаш дар баробари табақаи корфармо ва арбоб. Дар қарни 20-ум масъалаи “ҳуқуқи зан” дар баробари “ҳуқуқи мард” матраҳ шуд ва барои аввалин бор дар Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар — ки пас аз ҷанги ҷаҳонии дуввум дар соли 1948 аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид мунташир гашт — тасовӣ (баробарӣ)-и ҳуқуқи зану мард сареҳан эълом шуд.

Дар ҳамаи наҳзатҳои иҷтимоии ғарб аз қарни 17-ум то қарни ҳозир, меҳвари аслӣ ду чиз буд: “озодӣ” ва “тасовӣ” (баробарӣ). Ва назар ба ин ки наҳзати ҳуқуқи зан дар ғарб дунболаи соири наҳзатҳо буд ва ба илова, таърихи ҳуқуқи зан дар Урупо аз назари озодиҳо ва баробариҳо фавқулъода мароратбор буд, дар ин маврид низ ҷуз дар бораи “озодӣ” ва “тасовӣ” сухан нарафт. Пешгомони ин наҳзат, озодии зан ва тасовии ҳуқуқи ӯро бо мард, мукаммил ва мутаммими (такмилкунандаи) наҳзати ҳуқуқи башар — ки аз қарни 17-ум унвон шуда буд — донистанд ва муддаӣ шуданд, ки бидуни таъмини озодии зан ва тасовии ҳуқуқи ӯ бо мард, сухан аз озодӣ ва ҳуқуқи башар бемаънӣ аст ва ба илова, ҳамаи мушкилоти хонаводагӣ ношӣ аз адами озодии зан ва адами тасовии ҳуқуқи ӯ бо мард аст ва бо таъмини ин ҷиҳат, мушкилоти хонаводагӣ якҷо ҳал мешавад.

Дар ин наҳзат ба ин нукта таваҷҷӯҳ нашуд, ки масоили дигаре ҳам ғайр аз тасовӣ ва озодӣ ҳаст. Тасовӣ ва озодӣ шарти лозиманд, на шарти кофӣ.

Тасовии ҳуқуқ як матлаб аст ва ташобуҳи ҳуқуқ матлабе дигар. Баробарии ҳуқуқи зану мард аз назари арзишҳои моддӣ ва маънавӣ як чиз аст ва ҳамонандӣ ва ҳамшаклӣ ва ҳамсонӣ чизе дигар. Дар ин наҳзат, амдан ё саҳван, “тасовӣ” ба ҷойи “ташобуҳ” ба кор рафт ва “баробарӣ” бо “ҳамонандӣ” яке шумурда шуд, “кайфият” таҳтушшуоъи “каммият” қарор гирифт, “инсон” будани зан мӯҷиби фаромӯшии “зан” будани вай гардид.

Ҳақиқат ин аст, ки ин бетаваҷҷӯҳиро наметавон танҳо ба ҳисоби як ғафлати фалсафии ношӣ аз шитобзадагӣ гузошт; омилҳои дигаре низ дар кор буд, ки мехост аз унвони “озодӣ” ва “тасовӣ”-и зан истифода кунад.

Яке аз он омилҳо ин буд, ки матомеъи (тамаъҳои) сармоядорон дар ин ҷараён бедахолат набуд. Корхонадорон барои ин ки занро аз хона ба корхона бикашанд ва аз нерӯи иқтисодии ӯ баҳракашӣ кунанд, ҳуқуқи зан, истиқлоли иқтисодии зан, озодии зан, тасовии ҳуқуқи зан бо мардро унвон карданд ва онҳо буданд, ки тавонистанд ба ин хостаҳо расмияти қонунӣ бидиҳанд.

Уилям Дюрант дар фасли 9-ум аз китои “Лаззоти фалсафа” пас аз нақли бархе назариёти таҳқиромез нисбат ба зан аз Арасту ва Нитше ва Шопенгауэр ва бархе китобҳои муқаддаси яҳуд ва ишора ба ин ки дар инқилоби Фаронса бо он ки сухан аз озодии зан ҳам буд, аммо амалан ҳеч тағйире рух надод, мегӯяд: “То ҳудуди соли 1900, зан ба сахтӣ дорои ҳаққе буд, ки мард ногузир бошад аз рӯйи қонун онро мӯҳтарам бидорад”. Он гоҳ дар бораи иллатҳои тағйири вазъи зан дар қарни 20-ум баҳс мекунад, мегӯяд: “Озодии зан, аз аворизи (паёмадҳои) инқилоби санъатӣ аст”. Сипас ба сухани худ чунин идома медиҳад:

“Занон, коргарони арзонтаре буданд ва корфармоён ононро бар мардони саркаши сангинқимат тарҷеҳ медоданд. Як қарн пеш, дар Ангилистон кор пайдо кардан бар мардон душвор гашт, аммо эълонҳо аз онон мехост, ки занону кӯдакони худро ба корхонаҳо бифиристанд… Нахустин қадам барои озодии модарони бузурги мо, қонуни 1882 буд. Ба мӯҷиби ин қонун, занони Британияи Кабир аз имтиёзи бесобиқае бархӯрдор мешуданд ва он ин ки пулеро, ки ба даст меоварданд, ҳақ доштанд, ки барои худ нигаҳ доранд. Ин қонуни ахлоқии олии масеҳиро корхонадорони Маҷлиси авом (порлумон) вазъ карданд, то битавонанд занони Ангилистонро ба корхонаҳо бикашонанд. Аз он сол то ба имсол судҷӯии муқоваматнопазире ононро аз бандагӣ ва ҷон кандан дар хона раҳонида, гирифтори ҷон кандан дар мағоза ва корхона кардааст…” (“Лаззоти фалсафа”, с.155-159)

Такомули мошинизм ва рушди рӯзафзуни тавлид ба мизони беш аз ҳадди ниёзи воқеии инсонҳо ва зарурати таҳмил бар масрафкунанда бо ҳазорон афсуну найранг ва фаврияти истихдоми ҳамаи васоили самъӣ ва басарӣ ва фикрӣ ва эҳсосӣ ва завқӣ ва ҳунарӣ ва шаҳавонӣ барои табдили инсонҳо ба сурати омили беиродаи масраф, бори дигар эҷоб кард, ки сармоядорӣ аз вуҷуди зан баҳракашӣ кунад, аммо на аз нерӯи баданӣ ва қудрати кори зан ба сурати як коргари содда ва шарик бо мард дар тавлид, балки аз нерӯи ҷозиба ва зебоии ӯ ва аз гарав гузоштани шарофат ва ҳайсияташ ва аз қудрати афсунгарии ӯ дар тасхири андешаҳо ва иродаҳо ва масхи онҳо ва дар таҳмили масраф бар масрафкунанда ва бадеҳӣ аст, ки ҳамаи инҳо ба ҳисоби озодии ӯ ва тасовиаш бо мард гузошта шуд.

Сиёсат низ аз истихдоми ин омил ғофил намонд; моҷароҳояшро мураттаб дар рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо мехонед. Дар ҳамаи инҳо, аз вуҷуди зан баҳракашӣ шуд ва зан, василае барои иҷрои мақосиди мард қарор гирифт, аммо дар зери сарпӯши озодӣ ва тасовӣ.

Бадеҳӣ аст, ки ҷавони қарни 20-ум ҳам аз ин фурсати гаронбаҳо ғафлат накард; барои ин ки аз зери бори таъаҳҳудоти (ӯҳдадориҳои) суннатӣ нисбат ба зан шона холӣ кунад ва арзон ва ройгон ӯро шикор кунад ва ба чанг оварад, аз ҳама бештар бар бечорагии зан ва табъизҳои нораво нисбат ба ӯ ашки тимсоҳ рехт, то он ҷо, ки ба хотири ин ки дар ин “ҷиҳоди муқаддас” беҳтар ширкат кунад, издивоҷи худро то ҳудуди 40-солагӣ ба таъхир андохт ва аҳёнан барои ҳамеша “муҷаррад” монд.

Шак нест, ки қарни мо як силсила бадбахтиҳо аз зан гирифт, вале сухан дар ин аст, ки як силсила бадбахтиҳои дигар барои ӯ армуғон овард. Чаро? Оё зан маҳкум аст ба яке аз ин ду сахтӣ ва ҷабран бояд якеро интихоб кунад? Ё ҳеч монеъе надорад, ки ҳам бадбахтиҳои қадими худро тард кунад ва ҳам бадбахтиҳои ҷадидро?

Ҳақиқат ин аст, ки ҳеч ҷабре вуҷуд надорад. Бадбахтиҳои қадим ғолибан маълули ин ҷиҳат буд, ки инсон будани зан ба фаромӯшӣ супурда шуда буд ва бадбахтиҳои ҷадид аз он аст, ки амдан ё саҳван, зан будани зан ва мавқеъи табиӣ ва фитриаш, рисолаташ, мадораш, тақозоҳои ғаризиаш, истеъдодҳои вежааш ба фаромӯшӣ супурда шудааст.

Аҷаб ин аст, ки ҳангоме, ки аз ихтилофоти фитрӣ ва табиии зану мард сухан меравад, гурӯҳе онро ба унвони нақси зан ва камоли мард ва билохира чизе, ки мӯҷиби як силсила бархӯрдориҳо барои мард ва як силсила маҳрумиятҳо барои зан аст талаққӣ мекунанд, ғофил аз ин ки нақсу камол матраҳ нест; дастгоҳи офариниш нахоста якеро комил ва дигареро ноқис, якеро бархӯрдор ва дигареро маҳруму мағбун биёфаринад.

Ин гурӯҳ пас аз ин талаққии “мантиқӣ” ва “ҳакимона” мегӯянд, бисёр хуб, ҳоло, ки дар табиат чунин зулме бар зан шуда ва заъифу ноқис офарида шуда, оё мо ҳам бояд мазиди бар иллат шавем ва зулме бар зулм биафзойем? Оё агар вазъи табиии занро ба фаромӯшӣ бисупорем, инсонитар амал накардаем?

Иттифоқан қазия баръакс аст; адами таваҷҷӯҳ ба вазъи табиӣ ва фитрии зан, бештар мӯҷиби поймол шудани ҳуқуқи ӯ мегардад. Агар мард дар баробари зан ҷабҳа бибандад ва бигӯяд, ту яке ва ман яке, корҳо, масъулиятҳо, баҳраҳо, подошҳо, кайфарҳо ҳама бояд муташобеҳ ва ҳамшакл бошад, дар корҳои сахту сангин бояд бо ман шарик бошӣ, ба фарохӯри нерӯи корат музд бигирӣ, таваққӯъи эҳтиром ва ҳимоят аз ман надошта бошӣ, тамоми ҳазинаи зиндагиатро худат бар ӯҳда бигирӣ, дар ҳазинаи фарзандон бо ман ширкат кунӣ, дар муқобили хатарҳо худат аз худат дифоъ кунӣ, ба ҳамон андоза, ки ман барои ту харҷ мекунам, ту бояд барои ман харҷ кунӣ ва… дар ин вақт аст, ки кулоҳи зан сахт паси маърака аст, зеро зан биттабъ нерӯи кор ва тавлидаш аз мард камтар аст ва истеҳлоки сарваташ бештар. Ба илова, бемории моҳона, нороҳатии айёми бордорӣ, сахтиҳои вазъи ҳамл ва ҳазонати кӯдаки ширхор, занро дар вазъе қарор медиҳад, ки ба ҳимояти мард ва таъаҳҳудоти камтар ва ҳуқуқи бештар ниёзманд аст. Ихтисос ба инсон надорад; ҳамаи ҷондороне, ки ба сурати “завҷ” зиндагӣ мекунанд чунинанд; дар ҳамаи ин навъ ҷондорон, ҷинси нар ба ҳукми ғариза ба ҳимояти ҷинси модда бармехезад.

Дар назар гирифтани вазъи табиӣ ва фитрии ҳар як аз зану мард бо таваҷҷӯҳ ба тасовии онҳо дар инсон будан ва ҳуқуқи муштараки инсонҳо, занро дар вазъи бисёр муносибе қарор медиҳад, ки на шахсаш кӯбида шавад ва на шахсияташ.

Барои ин ки андаке огоҳӣ биёбем, ки ба фаромӯшӣ супурдани мавқеияти фитрӣ ва табиии ҳар як аз зану мард ва танҳо такя бар озодӣ ва тасовӣ кардан, ба куҷо мунтаҳӣ мешавад, беҳтар аст бибинем, онон, ки пеш аз мо дар ин роҳ афтодаанд ва ба поёни роҳ расидаанд, чӣ мегӯянд ва чӣ менависанд.

Дар маҷаллаи “Хонданиҳо” (шумораи 79 аз соли 34, муаррихаи 4 тирмоҳи 53) мақолае аз моҳномаи “Шаҳрбонӣ” таҳти унвони “Саргузаштҳое аз занони коргар дар ҷомеаи Омрико” нақл кардааст. Ин мақола тарҷимае аст аз маҷаллаи Coronet.

Ин мақола, муфассал ва хонданӣ аст. Ибтидо, дарди дили хонумеро нақл мекунад, ки чӣ гуна ба унвони тасовии зану мард, риоятҳое, ки собиқан аз занони коргар мешуд, ки масалан вазнаҳои беш аз 25 фунтиро баланд накунанд, дар ҳоле, ки барои мардон чунин маҳдудияте вуҷуд надошт, дигар имрӯз вуҷуд надорад. Ӯ мегӯяд: ҳоло шароити кор дар корхонаи General Motors аёлати Уҳойу ё ба иборати беҳтар, ҳамон ҷойе, ки қариб 2500 зан дар ҳоли заҷр кашидан ҳастанд тағйир ёфтааст… Хонуми мазкур ҳамчунин худро дар ҳоли нигаҳ доштани як мошини бухори бисёр қавӣ ё пок кардани як танӯри филизии 25 фунтӣ, ки чанд лаҳза қабл марди қавиҳайкале онро барҷой гузошта мебинад ва бо худ мегӯяд: сар то по кӯфта ва маҷрӯҳ шудам. Ӯ мегӯяд: дар ҳар дақиқа бояд як дастаи 25 то 50 инчиро, ки болиғ бар 35 фунт вазн дорад, ба қуллобиҳо овезон кунам, ҳамеша дастҳоям мутаваррим (варам) ва дурдолуд аст.

Ин мақола сипас дарди дилҳо ва ташвишу изтиробҳои хонуми дигареро бозгӯ мекунад, ки шавҳараш як малавони нерӯи дарёӣ аст ва ахиран дарёсолор тасмим гирифтааст теъдоде занро дар киштии мардон ба кор бигуморад. Менависад: дар ин миён нерӯи дарёӣ як киштиро бо 40 зан ва 480 малавони мард ба маъмурият фиристод. Аммо вақте ин киштӣ пас аз аввалин сафари дарёии “мухталит”-и худ ба бандар бозгашт, тарсу ваҳшати ҳамсарони малавонҳо мавриди таъйид қарор гирифт, зеро ба зудӣ маълум шуд, ки на танҳо достонҳои ишқии зиёде дар киштӣ иттифоқ афтода, балки ағлаби занон ба ҷойи як нафар бо чанд нафар омезиши ҷинсӣ доштаанд.

Менависад: дар аёлати Флорида, нигаронӣ баъд аз озодӣ гиребонгири занони “бева” гардидааст, зеро яке аз қозиҳои ин аёлат ба номи Томас Теста ахиран қонунеро, ки барои занони бева то 500 доллар бахшудагии молиётӣ дар назар гирифта буд, ғайриқонунӣ эълом кардааст ва изҳор медорад, ки ин қонун табъизе алайҳи мардон ба шумор меравад.

Он гоҳ изофа мекунад: хонум МакДэниел дар дастҳояш эҳсоси сӯзиш мекунад, хонум Стоун (он ки шавҳараш малавон буд) дучори ташвиш ва изтироб гардидааст, занони беваи аёлати Флорида ҷаримаи нақдӣ шудаанд ва соирин ҳам ҳар як ба саҳми худ таъми озодиро хоҳанд чашид. Барои хелеҳо ин суол пеш омадааст, ки оё хонумҳо беш аз ин чизе, ки касб кардаанд, аз даст надодаанд? Ҳоло дигар баҳс бефоида аст, зеро ин бозӣ шурӯъ шуда ва тамошочиён, тоза муваффақ ба пайдо кардани сандалиҳои худ шудаанд. Имсол қарор аст 27-умин моддаи ислоҳии Қонуни асосии кишвари Омрико тасвиб шавад ва ба мӯҷиби он, куллияи бартариҳои ношӣ аз ҷинсият ғайриқонунӣ эълом гардад… Ва бад-ин тартиб изҳороти Роско Баванда, устоди донишкадаи ҳуқуқи Ҳорворд, ки озодии занонро мабдаъи натоиҷи таассуфовари мақоми қонуни зан дар кишвари Омрико мехонд, таҳаққуқ хоҳад пазируфт…

Яке аз сенаторҳои аёлати Каролинаи шимолӣ ба номи Ҷей Эрвин баъд аз мутолеаи ҷомеаи омрикоии занон ва мардони мутасовилҳуқуқ пешниҳод мекунад: қонунҳои хонаводагӣ ҳама бояд тағйир кунад, дигар мардон набояд масъулм қонуни таъминм махориҷм хонавода бошанд…

Ин маҷалла менависад: хонум МакДэниел мегӯяд: яке аз занон ба иллати бардоштани вазнаҳои сангин дучори хунрезии дохилӣ шудааст. Мо мехоҳем ба вазъи собиқ баргардем, диламон мехоҳад мардон бо мо мисли зан рафтор кунанд, на мисли як коргар. Барои тарафдорони озодии занон ин мавзӯъ хеле содда аст, ки дар утоқҳои муҷаллали худ биншинанд ва бигӯянд, занону мардон бо ҳам баробаранд, зеро то кунун гузорашон ба корхонаҳо наафтодааст.

Онҳо хабар надоранд, ки бештари занони муздбигири ин кишвар бояд мисли ман дар корхонаҳо кор кунанд ва ҷон бикананд. Ман ин баробариро намехоҳам, зеро анҷоми корҳои махсуси мардон, аз ӯҳдаам барнамеояд. Мардон аз назари ҷисмӣ аз мо қавитаранд ва агар қарор бошад, ки мо бо онҳо рақобати шуғлӣ дошта бошем ва корамон нисбат ба кори онҳо санҷида шавад, ман ба саҳми худ тарҷеҳ медиҳам, ки аз кор барканор шавам. Имтиёзотеро, ки занони коргари аёлати Уҳойу аз даст додаанд, ба маротиб беш аз он имтиёзҳое аст, ки тавассути қонуни ҳимояти коргарон касб кардаанд. Мо шахсияти зан буданро аз даст додаем. Ман наметавонам бифаҳмам аз он вақте, ки озод шудаем, чӣ чизе оидамон шудааст, албатта имкон дорад иддаи маъдуде аз занон вазъашон беҳтар шуда бошад, вале мусалламан мо ҷузъи онҳо нестем.

Ин буд хулосае аз он мақола. Аз муҳтавои мақола пайдост, ки ин бонувон аз нороҳатиҳое, ки ба номи “озодӣ” ва “баробарӣ” бар онҳо таҳмил шудааст, ончунон ба сутуҳ омадаанд, ки душмани ин ду калима шудаанд, ғофил аз ин ки ин ду калима гуноҳе надоранд. Зану мард ду ситораанд дар ду мадори мухталиф; ҳар кадом бояд дар мадори худ ва фалаки худ ҳаракат намояд:

لاَ الشَّمْسُ یَنْبَغِي لَها أَنْ تُدْرِكَ الْقَمَرَ وَ لاَاللَّیْلُ سابِقُ النَّهارِ وَكُلٌّ فِي فَلَكٍ یَسْبَحُونَ

(Ёсин/40) Шарти аслии саодати ҳар як аз зану мард ва дар ҳақиқат ҷомеаи башарӣ ин аст, ки ду ҷинс ҳар як дар мадори хеш ба ҳаракати худ идома диҳанд. Озодӣ ва баробарӣ он гоҳ суд мебахшад, ки ҳеч кадом, аз мадор ва масири табиӣ ва фитрии хеш хориҷ нагарданд. Он чи дар он ҷомеа нороҳатӣ офаридааст, қиём бар зидди фармони фитрат ва табиат аст, на чизи дигар.

Ин ки мо муддаӣ ҳастем, масъалаи “низоми ҳуқуқи зан дар хона ва иҷтимоъ” аз масоиле аст, ки муҷаддадан бояд мавриди арзёбӣ қарор гирад ва ба арзёбиҳои гузашта басанда нашавад, ба маънии ин аст, ки аввалан табиатро роҳнамои худ қарор диҳем, сониян аз маҷмӯъи таҷрибиёти талху ширин (чӣ дар гузашта ва чӣ дар қарни ҳозир) ҳаддиаксар баҳрабардорӣ намоем ва танҳо дар ин вақт аст, ки наҳзати ҳуқуқи зан ба маънии воқеӣ таҳаққуқ меёбад.

Қуръони Карим, ба иттифоқи дӯсту душман, эҳёкунандаи ҳуқуқи зан аст.

Мухолифон лоақал ин андоза эътироф доранд, ки Қуръон дар асри нузулаш гомҳои баланде ба суди зан ва ҳуқуқи инсонии ӯ бардошт. Вале Қуръон ҳаргиз ба номи эҳёи зан ба унвони “инсон” ва шарики мард дар инсоният ва ҳуқуқи инсонӣ, зан будани зан ва мард будани мардро ба фаромӯшӣ насупурд. Ба иборати дигар, Қуръон занро ҳамон гуна дид, ки дар табиат ҳаст. Аз ин рӯ ҳамоҳангии комил миёни фармонҳои Қуръон ва фармонҳои табиат барқарор аст; зан дар Қуръон, ҳамон зан дар табиат аст. Ин ду китоби бузурги илоҳӣ (яке таквинӣ ва дигаре тадвинӣ) бо якдигар мунтабиқанд. Дар ин силсила мақолот агар кори муфид ва тозае сурат гирифта бошад, тавзеҳи ин интибоқ ва ҳамоҳангӣ аст.

Он чи акнун аз назари хонандаи мӯҳтарам мегузарад, маҷмӯъи мақолоте аст, ки ба муносибати хоссе ин банда дар солҳои 45-46 дар маҷаллаи “Зани рӯз” таҳти унвони “Зан дар ҳуқуқ исломӣ” нашр дод ва таваҷҷӯҳи фаровоне ҷалб кард. Барои афроде, ки собиқаи корро намедонанд ва дар он вақтҳо дар ҷараён набуданд ва акнун мешунаванд, ки ин мақолот дар он маҷалла аввалин бор нашр ёфтааст, қатъан мӯҷиби шигифтӣ хоҳад буд, ки чӣ гуна ин банда он маҷалларо барои ин силсиламақолот интихоб кардам ва чӣ гуна он маҷалла ҳозир шуд бидуни ҳеч дахлу тасарруфе ин мақолотро чоп кунад? Аз ин рӯ лозим медонам “шаъни нузул”-и ин мақолотро баён намоям:

Дар соли 45 таби таъвизи қонунҳои маданӣ дар мавриди ҳуқуқи хонаводагӣ, дар сатҳи маҷаллот хусусан маҷаллоти занона, сахт боло гирифт ва назар ба ин ки бисёре аз пешниҳодҳое, ки мешуд, бар зидди нусуси мусаллами Қуръон буд, табъан нороҳатиҳое дар миёни мусалмонони Эрон ба вуҷуд овард. Дар ин миён қозии фақид Иброҳими Маҳдавии Занҷонӣ (р) беш аз ҳама гарду хок мекард ва ҳарорат ба харҷ медод. Мушорун илайҳ лоиҳае дар 40 модда ба ҳамин манзур танзим кард ва дар маҷаллаи фавқуззикр чоп намуд. Маҷаллаи мазбур низ бо чопи сафаҳоти ҷадвалдор, аз хонандагони худ дар бораи 40 моддаи пешниҳодӣ назар хост. Мушорун илайҳ зимнан ваъда дод, тайм як силсиламақолот дар маҷаллаи фавқуззикр ба таври мустадал аз 40 моддаи пешниҳодии худ дифоъ намояд.

Муқорини ин айём, яке аз мақомоти мӯҳтарам ва машҳури руҳонии Теҳрон ба ин банда телефон карданд ва изҳор доштанд: дар маҷлисе бо мудирони муассисаи “Кайҳон” ва муассисаи “Иттилоот” мулоқоте доштам ва дар бораи бархе матолиб, ки дар маҷаллоти занонаи ин ду муассиса дарҷ мешавад тазаккуроте додам. Мушорун илайҳимо изҳор доштанд, агар шумо матолибе доред бидиҳед, мо қавл медиҳем, ки дар ҳамон маҷаллот айнан чоп шавад.

Муаззамун лаҳ пас аз нақли ин ҷараён, ба ман пешниҳод карданд, ки агар вақту фурсат иҷоза медиҳад, ин маҷаллотро бихонам ва бархе тазаккуроти лозим дар ҳар шумора бидиҳам. Банда гуфтам: ман ба ин сурат, ки дар ҳар шумора ҳошияе бар гуфтае бинависам ҳозир нестам, вале назар ба ин ки оқои Маҳдавӣ қарор аст як силсила мақолот дар дифоъ аз 40 моддаи пешниҳодии худ дар маҷаллаи “Зани рӯз” бинависад, ман ҳозирам тайи силсиламақолоте дар бораи ҳамон 40 модда дар ҳамон маҷалла дар сафҳаи муқобил баҳс кунам, то ҳар ду мантиқ дар маърази афкори умумӣ қарор гирад. Муаззамун лаҳ аз ман фурсат хостанд, то бори дигар бо мутасаддиён тамос бигиранд. Муҷаддадан ба ман телефон карданд ва мувофиқати он маҷалларо бо ин шакл эълом доштанд. Пас аз ин ҷараён, ин банда номае ба он маҷалла навишт ва омодагии худро барои дифоъ аз қонунҳои маданӣ то он ҳадд, ки бо фиқҳи ислом мунтабиқ аст эълом кард ва дархост намуд, ки мақолоти инҷониб ва мақолоти оқои Маҳдавӣ дӯш ба дӯши якдигар ва дар баробари якдигар дар он маҷалла чоп шавад. Зимнан ёдоварӣ кард, ки агар он маҷалла бо пешниҳоди ман мувофиқ аст, айни номаи маро ба аломати мувофиқат чоп кунад. Маҷалла мувофиқат кард ва айни нома дар шумораи 87 (муаррихаи /45/87)-и он маҷалла чоп шуд ва аввалин мақола дар шумораи 88 дарҷ гардид.

Ман қаблан зимни мутолеоти худ дар бораи ҳуқуқи зан, китобе аз Маҳдавии фақид дар ин мавзӯот хонда будам ва муддатҳо буд, ки ба мантиқи ӯ ва амсоли ӯ ошно будам. Ба илова, солҳо буд, ки ҳуқуқи зан дар ислом мавриди алоқаи шадиди ман буд ва ёддоштҳои зиёде дар ин замина таҳия карда ва омода будам.

Мақолоти Маҳдавии фақид чоп шуд ва ин мақолот низ рӯ дар рӯи онҳо қарор гирифт. Табъан ман аз мавзӯе шурӯъ кардам, ки мушорун илайҳ баҳси худро шурӯъ карда буд. Дарҷи ин силсиламақолот мушорун илайҳро дар мушкили сахте қарор дод, вале 6 ҳафта бештар тӯл накашид, ки бо сактаи қалбӣ даргузашт ва барои ҳамеша аз посухгӯӣ роҳат шуд. Дар он 6 ҳафта ин силсиламақолот ҷойи худро боз кард. Алоқамандон, ҳам аз ман ва ҳам аз маҷалла тақозо карданд, ки ин силсиламақолот мустақиллан идома ёбад. Бо ин тақозоҳо мувофиқат шуд ва то 33 мақола идома ёфт. Ин буд “шаъни нузул”-и ин мақолот.

Агарчӣ дар ин 33 мақола фақат қисмате аз он чи дар назар буд нигориш ёфт ва матолиби зиёде боқӣ монд, вале ин банда ба иллати хастагӣ ва машоғили дигар аз танзим ва нигориши онҳо худдорӣ кардам. Алоқамандон ба ин мақолот аз он вақт то кунун мукаррар тақозои таҷдиди чоп онҳоро ба сурати китобе мустақил кардаанд ва ин банда ба интизори ин ки онҳоро такмил ва як давраи комил аз “Низоми ҳуқуқи зан дар ислом” якҷо чоп кунам, аз таҷдиди чоп худдорӣ мекардам. Ахиран чун эҳсос кардам, ки ин интизор аз худам чандон баҷо нест, ба он чи мавҷуд аст қаноат шуд.

Масоиле, ки дар ин силсиламақолот тарҳ шуд иборат аст аз: хостгорӣ, зан ва истиқлоли иҷтимоӣ, ислом ва таҷаддуди зиндагӣ, мақоми зан дар Қуръон, ҳайсият ва ҳуқуқи инсонӣ, мабонии табиии ҳуқуқи хонаводагӣ, тафовутҳои зану мард, маҳр ва нафақа, ирс, талоқ, таъаддуд завҷот.

Масоиле, ки боқӣ монд ва ёддоштҳояш омодааст иборат аст аз: ҳаққи ҳукумати мард дар хонавода, ҳаққи ҳазонати кӯдак, идда ва фалсафаи он, зан ва иҷтиҳод ва ифто, зан ва сиёсат, зан дар муқаррароти қазоӣ, зан дар муқаррароти ҷазоӣ, ахлоқ ва тарбияти зан, пӯшиши зан, ахлоқи ҷинсӣ (ғайрат, ифоф, ҳаё ва ғайра), мақоми модарӣ, зан ва кори хориҷ ва як идда масоили дигар.

Агар Худованд тавфиқ иноят фармуд, ин қисмат низ баъдан ҷамъу тадвин ва ба сурати ҷилди дуввум чоп ва мунташир хоҳад шуд.

Аз Худованд тавфиқ ва ҳидоят масъалат менамояд.

28 шаҳривармоҳи 53 шамсӣ (19 сентябри 1974)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Идома дорад…

https://qalamonline.net/

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Анкабут
Эътибор мурд…

Матолиби пурбоздид