Нишонаҳои дӯсти хуб
Дар китоби арзишманди Наҳҷулбалоға, аз забони ҳазрати Алӣ(а) вижагиҳои муҳимме барои дӯсти хуб баён шудааст, ки лозим донистем барои мухотабони азизамон пешниҳод кунем:
1 – Дӯстӣ бо ӯ ба хотири Худо бошад;
2 – Дунё дар назараш паст ва кӯчак намояд;
3 – Таҳти фармони шикам набошад;
4 – Орзуманди маҳрумиятҳо набошад;
5 – Ба ҳангоми дастрасии орзуҳо зиёдаравӣ накунад;
6 – Бештари вақтҳо сокиту хомӯш бошад;
7 – Чун сухан гӯяд, майдондорӣ намояд;
8 – Заифу нотавон ҷилва накунад;
9 – Ба ҳангоми ҷиддият, ҷиддӣ бошад.
10- То чизе напурсанд, изҳори назар накунад.
11- Агар аз касе хатое дид, то узри ӯро нашнавад, забон ба маломат накушояд.
12- Аз ҳеҷ дарде гила накунад.
13- Ба шунидан ҳаристар бошад то гуфтан.
14- Агар ногаҳон байни ду кор қарор гирифт, дар паи коре биравад, ки мухолифи хоҳишҳои нафосонияш бошад.
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: