Ниёиш
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
Худоё, бар Муҳаммад ва олаш дуруд фирист
Ва имонамро ба комилтарин имон бирасон
Ва яқинамро беҳтарин яқин гардон
Ва ниятамро ба беҳтарин ният бирасон
Ва амаламро ба беҳтарин амал бирасон
Худоё, ниятамро ба лутфат комил ва холис гардон
Ва яқинамро ба он чи назди туст дуруст намо
Ва он чи аз ман табоҳ шудааст ба қудратат ислоҳ кун!
(Бахше аз дуои Макорим-ул-ахлоқи Имом Алӣ ибни Ҳусейн маъруф ба Зайнулобидин (саломи Худо бар эшон бод)
Қаламонлайн