Нобудии мошинҳои зиреҳпӯши исроилӣ

Нобудии мошинҳои зиреҳпӯши исроилӣ

Ахбори байналмилал

Нобудии мошинҳои зиреҳпӯши исроилӣ дар меҳварҳои навори Ғазза

Шохаи низомии Ҷиҳоди Исломии Фаластин бомдоди чаҳоршанбе (6 декабр) гуфт, ки теъдоде аз худравҳои артиши Исроилро дар меҳварҳои шарқи Хон-Юнус, Алқарора ва маркази шаҳри Ғазза мунҳадим кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, расонаҳои фаластинӣ бомдоди чаҳоршанбе (6 декабр) аз даргирии шадиди размандагони муқовамат бо низомиёни саҳюнист дар ҷануби навори Ғазза хабар доданд.

Бар асоси ин гузориш, шабакаи Алҷазира гузориш дод, ки фаластиниҳо дар чандин минтақа аз шарқи Хон-Юнус воқеъ дар ҷануби навори Ғазза, башиддат бо низомиёни саҳюнист даргир шудаанд ва садои инфиҷорҳои қавӣ ва мукаррар шунида мешавад.

Сухангӯи Сароёл-Қудс, шохаи низомии Ҷиҳоди Исломӣ низ гуфт: “Теъдоде аз худравҳои душманро дар меҳварҳои шарқи Хон-Юнус, Алқарора ва маркази шаҳри Ғазза мунҳадим кардем”.

Сароёл-Қудс тайи баёнияе таъкид кард: “Мо аз тариқи камин кардан ва даргир шудан дар ҷабҳаҳои ҷанг, талафотеро ба сарбозони душман ворид кардем”.

Шохаи низомии Ҷиҳоди Исломӣ шаби гузашта низ хабар дода буд, ки 3 тонк, 1 нафарбар ва як булдозери саҳюнистҳоро дар навори Ғазза бо истифода аз мушакҳои дӯшпартоб ҳадаф қарор додааст.

Farsnews

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳазрати Хадиҷа – ҳамсари бовафои Паёмбар(с)
Нигоҳе гузаро ба тамаддуни исломӣ-1

Матолиби пурбоздид