Нови ҳавопаймобари амрикоӣ мавриди ҳамлаи Сипоҳ қарор гирифт

Нови ҳавопаймобари амрикоӣ мавриди ҳамлаи Сипоҳ қарор гирифт

Ахбори бйналмилал

Нови ҳавопаймобар (авианосец) ва як новшикан (эсминец)-и артиши кӯдаккуши мутаҷовизи Омрико мавриди ҳамла қарор гирифт

Нерӯи ҳавофазои Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ бо чанд фарванд мушаки болистик, нови ҳавопаймобар (авианосец) ва як новшикан (эсминец)-и артиши кӯдаккуши мутаҷовизи Омрико, ки барои киштиҳои эронӣ музоҳимат эҷод карда ва дар муҳосираи дарёӣ ширкат доштанд, мавриди ҳамла қарор дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, иттилоияи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ба шарҳи зер аст:

Бисмиллоҳи қосмил-ҷабборин

Уммати мабъусшудаи Эрони Исломӣ!

Нерӯи ҳавофазои Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ бо чанд фарванд мушаки болистик, нови ҳавопаймобар ва як новшикани артиши кӯдаккуши мутаҷовизи Омрико, ки барои киштиҳои эронӣ музоҳимат эҷод карда ва дар муҳосираи дарёӣ ширкат доштанд, мавриди ҳамла қарор дод.

Ин ду шиновари ҷангӣ пас аз ворид шудани хасорат ва тарс аз ҳамлаи муҷаддад, маҷбур ба фирор аз минтақаи даргирӣ шуданд.

Душмани мутаҷовиз, ки солҳо бо ғурури козиб ва иддаоҳои пӯшолӣ дар минтақа ҷавалон медод, имрӯз ночор ба эътирофи расмӣ шуд, ки ду нови ҷангии нерӯи дарёии Омрико мавриди ҳамла қарор гирифт.

Эътирофи CENTCOM мабнӣ бар таъйиди ин амалиёт санади зиндае аз шикасти роҳбурдии душман ва исботи қудрати таҳоҷумии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ аст.

Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ва соири нерӯҳои мусаллаҳи Ҷ.И.Эрон мусаммам ва қотеъона аз киёни Эрони Исломӣ дифоъ мекунанд.

Ҳузури пуршукӯҳи уммати исломӣ дар саҳна ва набарди беамони размандагони ғаюри исломӣ душманро аз дастёбӣ ба аҳдофи палидаш бозмедорад.

Дар сурати идомаи иқдомоти хасмона ва мутаҷовизона, режими Омрико бояд мунтазири посухҳои саҳмгини нерӯҳои мусаллаҳи Ҷ.И.Эрон бошад. Мо қавитар аз ҳамеша истодаем. Пирӯзӣ аз они миллати муқовими Эрони Исломӣ аст ва шикаст ва пушаймонӣ, сарнавишти қатъии мутаҷовизон аст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳушдори Телавив ба исроилиҳо: Урдун, Миср ва Қатарро тарк кунед!
Оё ширкати тоҷикон дар ҷанги Украина ихтиёрӣ аст?

Матолиби пурбоздид