Ҳушдори Телавив ба исроилиҳо: Урдун, Миср ва Қатарро тарк кунед!

Ҳушдори Телавив ба исроилиҳо: Урдун, Миср ва Қатарро тарк кунед!

Ахбори бийналмилал

Ҳушдори Телавив ба исроилиҳо: “Фавран Урдун, Миср ва Қатарро тарк кунед!”

Ба гузориши Middle East Online, Шӯрои амнияти қавмии Исроил пеш аз таътилоти яҳудӣ, ҳушдори ҷадидеро барои исроилиҳо содир карда ва аз онҳо хостааст, аз иқомат ё сафар ба теъдоде аз кишварҳои арабӣ ва мусалмон худдорӣ кунанд.

Ин шӯро Урдун, Қатар ва Миср аз ҷумла шибҳиҷазираи Сино, ба ҳамроҳи Сумолиро дар сатҳи ҳушдори чаҳор – болотарин сатҳи ҳушдор, қарор дод ва аз исроилиҳо хост, ки ба ин кишварҳо сафар накунанд ва дар сурати ҳузур дар он ҷо фавран он ҷоро тарк кунанд.

Ин ҳушдорҳо ҳамчунин шомили Арабистони Саудӣ, Бангладеш, Покистон, Афғонистон, Либӣ ва Алҷазоир мешавад ва тавсия шудааст, ки аз сафар ба ин кишварҳо худдорӣ шавад.

Бар пояи ин гузориш, ин шӯро ба далели нигарониҳо дар мавриди фаъолиятҳои ниҳодҳое, ки гуфта мешавад бо Теҳрон ё муттаҳидонаш муртабит ҳастанд, ба хатароти эҳтимолии мудовим дар кишварҳои атрофи Эрон, аз ҷумла Туркия, Озарбойҷон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ишора кард.

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамла ба зерсохтҳои энержии Арабистони Саудӣ
Нови ҳавопаймобари амрикоӣ мавриди ҳамлаи Сипоҳ қарор гирифт

Матолиби пурбоздид