Номаи ҷавонони белжикӣ хитоб ба Оятуллоҳ Хоманаӣ

Номаи ҷавонони белжикӣ хитоб ба Оятуллоҳ Хоманаӣ

Ахбори байналмилал

Ҷамъе аз ҷавонони белжикӣ (Белгия), дар номае ба Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон навиштанд: “Мо амиқан таҳти таъсири паёми даъвати шумо ба адолатхоҳӣ ва ҷустуҷӯи ҳақиқат ва ҳамчунин тааҳҳуди тазалзулнопазири шумо ба ормони Фаластин ва ситамдидагони ҷаҳон қарор гирифтаем.”

Ба гузориши хабаргузории Ирно, ҷамъе аз ҷавонони белжикӣ, дар номае ба Оятуллоҳ Хоманаӣ, зимни қадрдонии самимона аз номаи чанде пеши вай дар ҳимоят аз тазоҳуроти ҳамбастагӣ бо мардуми Ғазза дар донишгоҳҳои Омрико ва Урупо, навиштанд: “Мо амиқан таҳти таъсири паёми даъвати шумо ба адолатхоҳӣ ва ҷустуҷӯи ҳақиқат ва ҳамчунин тааҳҳуди тазалзулнопазири шумо ба ормони Фаластин ва ситамдидагони ҷаҳон қарор гирифтаем.”

Дар номаи ҷавонони белжикӣ хитоб Оятуллоҳ Хоманаӣ омадааст: “Талошҳои хастагинопазири шумо барои дарки мутақобил, адолат ва ҳамбастагӣ дар пардохтан ба чолишҳои печидае, ки бо он рӯ ба рӯ ҳастем, аз аҳаммияти асосӣ бархӯрдор аст ва мо мусаммам ҳастем дарки худро нисбат ба ислом таъмиқ бахшем.”

Дар ин нома, ҳаракати донишҷӯёни урупоӣ ва омрикоӣ барои ҳимоят аз Фаластин, нишондиҳандаи огоҳ шудани ҷавонони ғарбӣ нисбат ба беадолатиҳо дар ҷаҳон дониста ва таъкид шудааст: “Муштоқона мунтазири идомаи ин табодули пурбори руҳияи гуфтугӯ ва ҳамкории созанда ҳастем.”

Ин нома дар нусхаҳое ба забонҳои форсӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва арабӣ ва бо ҳештеги LETTER4LEADER мунташир шудааст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон, ҳамлаи Исроил ба Яманро маҳкум кард
Дардҳои имрӯзи мо, дардҳои дирӯзи мост

Матолиби пурбоздид