Одоби иҷтимоӣ

 

Одоби иҷтимоӣ

Сабки зиндагӣ

Бо бегонагон ба андозаи хонаводаамон муаддабона бархурд кунем.

Масалан дар нақлиёти умумӣ, ба танҳоӣ сандалиеро ишғол накунем, бо садои баланд нахандем, бо телефон сӯҳбат накунем, ба дигарон сандалиҳои холиро пешкаш кунем.

Дар бораи мавзӯоте, ки фарди муқобилатон ба он алоқаманд аст, сӯҳбат кунед ва агар бо ӯ нав ошно шудаед ва ӯро ба хубӣ намешиносед ва аз алоқамандиҳояш бехабаред, дар бораи масоили пиромунатон сӯҳбат кунед.

Ҳамаи афрод аз касоне, ки шӯхтабъ ҳастанд ва шӯхӣ мекунанд, хушашон меояд.

Бархе афрод мепиндоранд, гуфтугӯҳои кӯтоҳ беҳуда ва фақат вақтро талаф кардан аст, аммо ин муколимоти кӯтоҳ метавонад пояи иртиботи амиқи оянда бошад.

Лабханд задан содатарин кор барои хушахлоқ ба назар расидан аст.

Лабханд задан сабаб мешавад, фарди муқобили шумо низ ба шумо лабханд бизанад.

Лабханд задан дар бадтарин шароити руҳӣ, сабаб мешавад эҳсоси хушҳолии бештаре пайдо кунед.

Баъзе вақтҳо ба далели хиҷолат ҳангоме ки аз канори ошное мегузарем, бароҳатӣ лабханд намезанем ва ин сабаб мешавад, ки онҳо тасаввур кунанд, ки шумо фарди сард ё бадахлоқ ҳастед.

Лабханд задан ҳам барои худатон ва ҳам барои дигарон муфид аст.

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

То тавонӣ роҳати ҷони дили ранҷур шав
Маъно ва мафҳуми амр ба маъруф

Матолиби пурбоздид