Озодии баён ва режими Исроил

Таҳлили хабарӣ

Озодии баён ва режими Исроил

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҳамеша ва бардавом ва шабу рӯз ин афсона ба гӯши мову шумо хонда шуда ва мешавад ва мутаассифона боварамон омада, ки расонаҳои ғарбӣ хусусан урупоӣ ва омрикоӣ шаффофанд ва ҳеч сонсуре дар онҳо нест ва воқеиятро ҳамон тавре, ки ҳаст мерасонанд ва аз ин қабил ҳарфҳо, ки гӯшҳоямон ба онҳо пур шуда.

Аммо воқеият ин аст, ки сонсур ва тақаллуб ва воруна нишон додани воқеиятҳо дар ин расонаҳо ба ҳадде аст, ки расонаҳои кишварҳои диктотурӣ ва ба истилоҳ, ҷаҳони севвум пеши онҳо ба қавли мардум “об хӯранд”!

Ҷанги Ғазза яке аз дастовардҳояш ин аст, ки ҳақиқат ва воқеият ва чеҳраи аслии ин расонаҳо ва рӯзноманигорони пурмуддаъояшро бармало кард.

Саҳюнистҳо ба ҳадде дар ин расонаҳо нуфуз доранд ва рӯзноманигорони ин расонаҳо ба ҳадде аз саҳюнистҳо метарсанд, ки агар хабаре ба зарару зиёни саҳюнистҳои кӯдаккуш бошад, ин расонаҳо “алиф” намегӯянд.

Яке аз далелҳои он, ҳамлаи субҳи имрӯзи яманиҳо ба Телавив аст, ки падари онҳоро дароварда, вале шумо дар расонаҳои пурмуддаъо ҳеч чиз намеёбед; ахборе, ки агар масалан аз сад яки он дар Эрон иттифоқ меафтод, ин расонаҳо дунёро тараконда буданд.

Ин аст воқеияти онҳо!

С.И.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан
Оё тафаккури исломӣ дар мағзи мо зинда аст?

Матолиби пурбоздид