Густариши қудрати нарми Амрико дар кишварҳои Осиёи Миёна

Таҳлили хабарӣ

Густариши қудрати нарми Амрико дар Осиёи Миёна

Таҳлил

Маркази мутолеоти Авруосиё дар Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург  ва Маркази таҳлилии Донишгоҳи давлатии Маскав, дар як мутолеа ба густариши қудрати нарми Амрико дар минтақаи Осиёи Миёна таъкид намудаанд.

Дар ин таҳқиқот бо чандин коршинос аз Осиёи Миёна гуфтугӯҳое сурат гирифтааст, ки дар идома ба гӯшае аз онҳо ишора мекунем.

Коршиноси қирғизистонӣ Толибек Аврускулов бо ишора ба тамаркузи вижа ва густардагии қудрати нарми Ғарб дар Осиёи Марказӣ изҳор дошт: Имрӯза масоиле, ки аз сӯи Ғарб дар ҷомеаи мо тарвиҷ мешавад, дар болотарин сутуҳи гуфтумони ҷомеа, аз ҷумла масоили сиёсӣ таъсир гузошта ва ҷомеаи мо автоматизатсия шудааст. Ин эҳтимолан аз муҳимтарин аҳдофе аст, ки Ғарб онро дунбол мекунад.

Аврускулов афзуд: Таҳаррукоти фарҳангиву иҷтимоии Амрико дар ин минтақа дар заминаҳои мухталифе, аз ҷумла ҳуқуқӣ ва рӯзноманигорӣ гирифта то омӯзишӣ ва зистмуҳитӣ фаъол аст. Ахиран шоҳиди ҳимоятҳои Амрико, ҳатто аз кучактарин ҳамоишҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳастем. Ҳадаф аз чунин пружаҳое ҷалби эътимод ва сипас тарвиҷи арзишҳои ғарбӣ дар миёни сокинони рустоӣ ва маҳаллии ҷомеа аст. Аз тарафе, онҳо аз пружаҳои омӯзишии зиёде барои кӯдакон ҳимоят мекунанд. Ман муътақидам, дар ин давраҳо илова бар донишҳои аввалияву асосӣ, арзишҳои ғарбӣ низ ба таври номаҳсусе тарвиҷ мешавад.

Вай бо таъкид бар вуҷуди ангезаҳое барои аз байн бурдани якпорчагии ҷомеа, афзуд: Имрӯз шоҳиди тарвиҷи густардаву таблиғи фаъоли либерализм, феминизм ва мафоҳиме монанди ин, аз сӯи ниҳодҳои вобаста ба Ғарб ҳастем. Аз тарафе, пружаҳое бо гароишоти динӣ (исломӣ) вуҷуд доранд, ки бо ҳимояти Амрико ба тарвиҷи афкори радикалӣ мепардозанд. Ин авомил боиси даргириҳое хоҳад шуд, ки мунҷар ба тикка-тикка шудани ҷомеа мешавад.

Алибек Ҷакшанкулов изҳор дошт, фаъолияти созмонҳои ғайридавлатии амрикоиро метавон ба ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, башардӯстона ва кор бо неруҳои инсонӣ тақсим кард. Дар ин чаҳор ҳавза аст, ки системотик кор мекунанд. Авзои иқтисодиву сиёсиро дар маҳофили ҳукуматӣ дунбол мекунанд ва баъд баҳона месозанду вазъиятро мутазалзил мекунанд.

Заррина Умматалиева бо ишора ба фаъолиятҳои иҷтимоии Амрико изҳор дошт, мубориза барои ҷазби манобеи инсонӣ ва ҳамкориҳои густарда бо вебблогнависон, рӯзноманигорон ва ҳунармандон дар ҷараён аст. Амрико афкори умумиро бо улгусозӣ ва селебритисозӣ ҳидоят мекунад. Онҳо ба афкор ҷиҳат медиҳанд ва дар ҳақиқат, навъе инҳисори афкор дар ҳоли шаклгирӣ аст.

Коршиноси узбекистонӣ Шерзод Маҷидов низ бо ишора ба талошҳои Амрико барои эҷоди тасвире ғайриҳақиқӣ аз зиндагиву фарҳанги ғарбӣ дар нигоҳи мардуми минтақа изҳор дошт, дар ҳоли ҳозир тамомии ҷавомеи Осиёи Миёна ба ҳадафҳои қудрати нарми ғарбиён табдил шудаанд. Бархе расонаҳо бо ҳимояти Ғарб ба таблиғу нашри иттилоот дар мавриди зиндагӣ дар Амрико мепардозанд. Яъне ин тасаввур эҷод мешавад, ки Амрико сарзамини мавъуд асту ҳама бояд барои расидан ба он талош кунанд.

Вай афзуд, ин воқеият дида мешавад, ки тамоюл барои расидан ба Иёлоти Муттаҳида гоҳе ифротиву ғайримантиқӣ аст. То ҷое ки мардум даҳҳо ҳазор доллар ба воситаҳо барои кумак дар амри муҳоҷират мепардозанд ва ин як тиҷорати байналмилалии барномарезишуда аст. Яъне «қудрати нарм»-и Иёлоти Муттаҳида воқеан кор мекунад ва на танҳо аз тариқи ниҳодҳои расмӣ, на танҳо аз тариқи сафоратхонаҳо, на танҳо аз тариқи барномаҳои мухталифи USAID, ҳатто аз тариқи муассисоти ғайрирасмӣ бо моҳияти умумӣ.

Лозим ба ёдоварист, чанде пеш низ, шоҳиди расонаӣ шудани хабари эътои визои муҳоҷиратии Амрико, барои ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаш моҳи соли ҷорӣ будем.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фалсафаи ахлоқ
Истеъмор ва истеъморзудоӣ

Матолиби пурбоздид