Осори дуои Модар

Адаб

Осори дуои Модар

Сабки зиндагӣ

Аз Аллома Замахшарӣ (соҳиби тафсири Кашшоф, ки пояш ланг буд) пурсиданд:

— Сабаби қатъи пойи ту чӣ буд?

Гуфт:

— Ба ҳангоми кӯдакӣ гунҷишкеро ба даст овардам ва парҳояшро кандам ва сипас ба пояш нахе бастам. Рӯзе гунҷишк фирор кард ва дар сӯрохӣ фурӯ рафт. Аз пайи ӯ давидам, миқдоре аз нах боқӣ монда буд, онро гирифтам ва он қадар кашидам, ки як пойи он ҳайвон қатъ шуд. Модарам чун ин моҷароро бидид, барошуфт ва гуфт:

— Худованд поятро қатъ кунад, чунонки пойи ин забонбастаи бегуноҳро қатъ кардӣ!

Чун ба синни ҷавонӣ расидам, дар сафари Бухоро аз асп фурӯ афтодам ва поям шикаст, ҳарчанд муолиҷа кардам, фоидае набахшид, ногузир ба қатъи по шудам.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Диловартарини мардум
Имтиҳони шогирд

Матолиби пурбоздид