Ҷойгоҳи зан дар Ислом

Ҷойгоҳи зан дар Ислом

Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар фарозе аз хутбаи тўлонии худ дар Ҳаҷҷат-ул-вадоъ фармудаанд:

«Шуморо дар бораи занон ба хайр суфориш мекунам, ки онҳо дар назди шумо асир ҳастанд… Шумо бар занонатон ҳуқуқе доред ва онҳо низ бар шумо ҳуқуқе доранд, аммо ҳаққи шумо бар онҳо ин аст, ки дар манзили шумо касонеро, ки шумо хуш надоред, ворид накунанд ва ҳаққи онҳо бар шумо ин аст, ки либосу таоми онҳоро ба сурати комил таъмин кунед (ва бо онҳо ба хубӣ рафтор кунед)».

Беҳтарин ганҷ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:

«Беҳтарин ганҷ ва моле, ки инсон захира мекунад, иборат аст аз забони зокир, қалби шокир ва ҳамсари шоистае, ки ўро бар дину имонаш ёр бошад».

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фамуданд:

«Мўъмин баъд аз тақво ва тарс аз Худованд, аз чизи дигаре ба андозаи ҳамсари солеҳ суд намебарад…»

Паёмбари Худо (с): «Афроде, ки дар ҳукм кардан ва дар риояти ҳоли ҳамсаронашон одил бошанд бар минбарҳои баланде аз нур дар назди Худованди Мутаол ҷой доранд».

(Гузидае аз китоби “Супоришоти Паёмбар(с) бар занон ва духтарон”)

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тарбияте некӯст, ки бо амал ҳамроҳ бошад
Аҳамияти кору талош дар аҳодиси набавӣ

Матолиби пурбоздид