Ошноӣ бо Мавлоно ба забоне бисёр содда

Таърих

Ошноӣ бо Мавлоно ба забоне бисёр содда

Чаро ин тоҷикро бояд беҳтар шиносем?

Бахши аввал

Имрӯзҳо солрӯзи Ҷалолуддини Балхӣ маъруф ба Мавлоност. Ин шахсият, ҳамватани мост. Бисёре аз мо, тоҷикҳо ӯро мешиносем, ба ин маъно, ки бо таърихчааш шояд ошно бошем ва таърифу тамҷидҳое, ки аз ӯ шудааст шунида ва ё хондаем, аммо банда камтар касе аз ҳамватанони худро мешиносам, ки бузургии ин мардро воқеан ламс карда бошад; дуруст мисли инсонем, ки аз дур шунидааст, ки гул бисёр хушбӯст, вале аз наздик онро набӯида. Фарқ аз замин то ба осмон аст байни ин ки ба шумо бигӯянд гул хушбӯст ва байни ин ки худатон биравед боғ ва гулро бибӯед.

Ба муносибати зодрӯзи ин шахсияти беназир, тасмим гирифтам бузургии ин мардро бароятон бибӯёнам, то худатон аз наздик ламсаш кунед, то аз забони дигарон бишнавед ва ё бихонед, ки Мавлоно бузург будааст! Кӯшиш мекунам, мавзӯъро дар чанд қисмат баён бикунам ва ба забоне бисёр содда.

* * *

Хуб, ба бузургии Мавлоно метавон аз ҷанбаҳои гуногун нигоҳ кард, аммо дар ёддошти имрӯз мехоҳам фақат бо як ҷанбаи он ошноятон кунам.

Ва он ин ки: як бузургии беназири Мавлоно, ки шумо онро дар ҳеч як аз андешмандон ва файласуфони барҷастаи дигар намебинед ин аст, ки Мавлоно тавониста мавзӯъҳоро ҳатто мавзӯъҳои бисёр печида ва душворро, бо овардани як достон ва ё ҳикоят – ки бешак бисёре аз ин достонҳо сохта ва пардохтаи зеҳни халлоқи худи Мавлоност – оммафаҳм созад ва он гоҳ ба хонанда таҳвил бидиҳад ва хонанда битавонад ҳазмаш кунад.

Ин кор, кори саҳле нест. Хеле аз донишмадон ҳастанд, ки мисли Мавлоно хостаанд бо мисол мавзӯъеро тавзеҳ биҳанд, хусусан донишмандони имрӯзин, аммо бисёр вақт мисолеро задаанд, ки ба ҷойи ин ки мавзӯъро ба зеҳни хонанда наздик кунад, дур сохтааст. Аммо Мавлоно дар ин арса воқеан беназир аст. Ҳоло чандто намуна меоварам:

1) Ихлос:

Ихлосро ҳамаи мо мефаҳмем, ки чист, аммо оё ҷойгоҳи он ва аҳаммияти он дар растгории инсон ва ин ки дар рӯзи қиёмат фақат ин ихлос аст, ки ба дарди инсон мехӯрад, медонем? Мавлоно вақте мехоҳад ин мавзӯъро баён бидорад, онро аз лобалои як ҳикояти беназир баён мекунад; ҳикояти бисёр-бисёр дилнишин ва такондиҳанда, ки инсонро зеру рӯ мекунад; ҳикояти чӯпон ва ҳазрати Мӯсо (а), ки хулосааш ин аст:

Рӯзе ҳазрати Мӯсо (а) ба чӯпоне бархӯрд кард, ки бо забоне содда Худоро ёд мекард. Масалан, мегуфт: эй Худо! Ту куҷо ҳастӣ, ки ман навкарии ту кунам; мӯзаатро дуруст кунам ва шона бар сарат кашам, шапушҳои ҷомаатро бикушам ва аз шири гӯсфандон ба ту ғизо диҳам, дастҳо ва поҳоятро навозиш кунам ва ҷойи хобатро поку покиза кунам?!

Бандаи Худо аз ин ҷумлаҳо ва таъбирҳо бисёр мекард, то он ки ҳазрати Мӯсо (а) барошуфт ва ӯро накӯҳиш ва сарзаниш кард. Чӯпон низ дилшикаста ва ғамгин роҳи биёбон дар пеш гирифт ва рафт.

Аз он сӯ Ҳақ Таъоло ба Мӯсо ваҳй фиристод ва зимни он, сахт ӯро мавриди сарзаниш қарор дод, ки: чаро он бандаи мухлисро аз мо ҷудо кардӣ?! Мӯсо бедиранг ба дунболи чӯпон давид ва даштҳо ва биёбонҳоро дарнавардид, то ӯро пайдо кунад:

Дид Мӯсо як шубонеро ба роҳ,

К-ӯ ҳамегуфт: эй Худову эй Илоҳ!

Ту куҷоӣ, то шавам ман чокарат,

Чоруқат дӯзам, кунам шона сарат.

Ҷомаат шӯям, шапушҳоят кушам,

Шир пешат оварам, эй мӯҳташам!

Дастакат бӯсам, бимолам поякат,

Вақти хоб ояд, бирӯбам ҷоякат…

Ин намат беҳуда мегуфт он шубон,

Гуфт Мӯсо: бо кияст ин, эй фулон?

Гуфт: бо он кас, ки моро офарид,

Ин замину чарх аз ӯ омад падид.

Гуфт Мӯсо: ҳой, бас мудбир шудӣ,

Худ мусалмон ношуда, кофир шудӣ.

Ин чӣ жож аст? Ин чӣ куфр асту фушор?

Панбае андар даҳони худ фашор.

Ганди куфри ту ҷаҳонро ганда кард,

Куфри ту дебои динро жанда кард…

Гуфт: эй Мӯсо, даҳонам дӯхтӣ,

Аз пушаймонӣ ту ҷонам сӯхтӣ.

Ҷомаро бидриду оҳе кард тафт,

Сар ниҳон андар биёбону бирафт.

Ваҳй омад сӯйи Мӯсо аз Худо:

Бандаи моро зи мо кардӣ ҷудо.

Ту барои васл кардан омадӣ,

Ё барои фасл кардан омадӣ?..

Миллати ишқ аз ҳама динҳо ҷудост,

Ошиқонро миллату мазҳаб Худост.

Чунки Мӯсо ин итоб аз Ҳақ шунид,

Дар биёбон дар пайи чӯпон давид.

Бар нишони пойи он саргашта ронд,

Гард аз паррай биёбон барфишонд…

Оқибат дарёфт ӯрову бидид,

Гуфт: мужда деҳ, ки дастуре расид:

Ҳеч одобеву тартибе маҷӯ,

Ҳар чӣ мехоҳад дили тангат, бигӯ.

Куфри ту дин асту динат нури ҷон,

Эминӣ в-аз ту ҷаҳоне дар амон…

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Идома дорад…

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оятуллоҳ Хоманаӣ: Ҳар гурӯҳе бо Исроил мубориза кунад, мо пушти сараш ҳастем
15 шаҳид дар бомбборони паноҳгоҳи оворагон дар Ғазза

Матолиби пурбоздид