Маънои шикаст

Адаб

Маънои шикаст

Аз ҳакиме пурсиданд: Шикаст дар зиндагӣ ба чӣ маъност?

Посух дод: Аслан, зиндагӣ шикастро намешиносад ва шикаст дар зиндагӣ нест! Шикаст танҳо барои он касоне пеш меояд, ки зиндагии худро бо зиндагии дигарон муоқиса мекунанд.

Бинобар ин аст, ки гуфтаанд: Зоҳири зиндагии дигаронро бо ботини зиндагии худат муқоиса макун!

Донишманд ва файласуфи фаронсавӣ Монтескё мегӯяд:

“Агар касе бихоҳад фақат хушбахт бошад, ба осонӣ метавонад ба ин мақсади хеш бирсад, вале айби кор ин ҷост, ки мо мехоҳем хушбахттар аз дигарон бошем. Ва расидан ба чунин мақсаде ҳамеша душвор аст, зеро мо ҳамеша тасаввур мекунем, ки дигарон аз мо хушбахттаранд. Мо ҳамеша дигаронро беш аз он ҳадде, ки ҳастанд, хушбахт тасаввур мекунем. Мардум ҳаргиз хушбахтии худро намешиносанд, аммо хушбахтии дигарон ҳамеша дар пеши дидагонашон муҷассам аст”.

Барои он ки эҳсоси хушбахтӣ ба мо даст диҳад, бояд саъй кунем, хушбахтии худро бишносему қадрашро бидонем ва инсонҳои шукргузору сипосгузоре дар зиндагӣ бошем…

(М. Ҷ.)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тазоҳурот дар Конодо
Оромиш ва ранҷ

Матолиби пурбоздид