Оятуллоҳ Субҳонӣ: Яҳудиён дар садади эҷоди тафриқа ва душманӣ миёни ҷомеаи исломӣ ҳастанд

Таҳлили хабарӣ

Оятуллоҳ Субҳонӣ: Яҳудиён дар садади эҷоди тафриқа ва душманӣ миёни ҷомеаи исломӣ ҳастанд

Ахбори Ҷаҳони Ислом

Asriran

Оятуллоҳ Субҳонӣ: “Яҳудиён дар садади эҷоди тафриқа ва душманӣ миёни ҷомеаи исломӣ ҳастанд”

Оятуллоҳ Субҳонӣ, аз мароҷеъи тақлид, дар паёме ба 38-умин Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ, бо ишора ба ин ки яҳуд ва яҳудсифатон пайваста дар садади эҷоди тафриқа ва душманӣ миёни ҷомеаи исломӣ ҳастанд, бар ҳифзи ваҳдати мусалмонон ва дурӣ аз тафриқа ва ташаттут таъкид кард.

Ба гузориши Asriran, матни паёми Оятуллоҳ Субҳонӣ ба шарҳи зер аст:

Бисмиллоҳир Раҳонир Раҳим

Аз мавзӯъоти равшан, ки ҳамагон бар он иттифоқи назар доранд, масъалаи ваҳдати ҷомеа аст. Дар сояи ягонагӣ дар андеша ва амал, ҳамаи нерӯҳо ба як сӯ савқ дода мешавад ва саранҷом натоиҷи азиме ба даст меояд, вале дар тафарруқ ва ташаттут, нерӯҳои амалӣ ва фикрӣ пароканда шуда ва ҳаргиз самарабахш намебошад.

Бар ин асос, Қуръон ҷомеаи исломиро муваззаф мекунад ба ҳаблуллоҳ (ресмони илоҳӣ) чанг зада ва аз тафарруқ ва дудастагӣ бипарҳезанд он ҷо, ки мефармояд:

واعتصموا بحبل اللّه جمیعاً ولا تفرقوا

Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ ин ҷост, ки чӣ гуна мутаъаллақи эътисомро ҳабл муаррифӣ мекунад, дар сурате, ки метавонист ба шакли дигар монанди:

واعتصموا بالقرآن

– ва амсоли он бифармояд. Шояд ваҷҳи он ин бошад, ки фарде, ки дар қаъри чоҳ афтода роҳи наҷот он ин аст, ки таноберо ба сӯйи чоҳ фиристода, то ба он чанг занад ва боло кашида шавад; ту гӯӣ ҷомеаи мутафарриқ ва муташаттит монанди касе аст, ки даруни чоҳ қарор гирифта ва бо тамассук ба ҳабли ваҳдат ва ягонагӣ наҷот пайдо мекунад ва қаринаи ин навъ бардошт аз оят ҷумлаи:

ولا تفرقوا

– аст.

Аз рӯзи нахуст ягонагии мусалмонон ва дурӣ аз тафарруқ мавриди эҳтимоми Расули гиромӣ буд, дар муқобил гурӯҳи мунофиқ бахусус яҳуд дағдағаи эҷоди тафарруқ ва ташаттут доштанд.

Дар яке аз рӯзҳои пирӯзии ислом дар Мадина, фарди яҳудие ба номи Шос убур мекард ва дид ҷавонони ансор аз ду қабилаи Авс ва Хазраҷ даври ҳам гирд омадаанд ва гул мегӯянд ва гул мешунаванд, дар ҳоле ки чанд сол қабл, онон ташнаи хуни якдигар буданд. Ин навъ ваҳдат хашми он яҳудиро барангехт, баргашт ва ба яке аз ҷавонони яҳуд таълим дод, ки вориди ҷамъи онон шавад ва ҷангҳои қабл аз исломро ёдоварӣ кунад, ки чӣ гуна авсиён дар набарди “Буғос” чунину чунон карданд ва аз хазраҷиён интиқом гирифтанд!

Ҷавонони Авс ва Хазраҷ бар асари соддагӣ таҳти таъсири таблиғоти масмуми ин ҷавон қарор гирифта, он ваҳдат ва ягонагиро фаромӯш карданд ва кам-кам омодаи рӯ дар рӯӣ ва мубориза буданд. Паёмбари гиромӣ аз ин вазъи асафбор огоҳ шуд ва фавран аз масҷид берун омад ва ба онон чунин фармуд:

یا معشر المسلمین اللّه اللّه، أبدعوی الجاهلیة وأنا بین أظهرکم بعد أن هداکم اللّه فی الإسلام واکرمکم به وقطع به تمسکم أمر الجاهلیة واستنقذکم به من الکفر والّف به بین قلوبهم

(Сираи Ибни Ҳишом, 3/396) Эй мусалмонони Худо! Оё шоиста аст оҳанги ҷоҳилиятро зинда кунед ва ман дар миёни шумо ҳастам, дар ҳоле, ки Худо шуморо ба ислом ҳидоят фармуд ва саранҷом азиз намуд ва риштаҳои ҷоҳилиятро қатъ кард ва шуморо аз куфр наҷот дод ва шуморо гиромӣ сохт.

Паёми паёмбар барои ҷомеаи исломӣ дарси омӯзандае аст, ки пайваста яҳуд ва яҳудсифатон дар садади эҷоди тафриқа ва душманӣ дар миёни ҷомеаи исломӣ ҳастанд ва ҳамин ҷараёни Ғазза гувоҳи равшане аст, ки чӣ гуна ин аносири нопок ва ҳамдастони онон, дар садади наслкушӣ ва ҷиноят даромаданд.

Тамоми фирақи исломӣ бо доштани муштаракоти фаровон, ба ҳамин муштаракот чанг бизананд ва масоили фикрӣ ва ақидатиро дар мадорис матраҳ кунанд, он ҳам ба умеди он ки ба соҳили ваҳдат бирасанд.

Марҳум Шарафуддин, ки аз қутбҳои ваҳдати исломӣ буд, ҷумлаи зебое дорад. Вай ба тамоми фирақи исломӣ хитоб намуд:

ما یجمعنا اکثر مما یفرقنا

Ин камтарин, аз роҳи дур маротиби сипоси худро ба ҳамаи алоқамандони тақриб бавежа ҳозирон дар ин ҳамоиш арза дошта ва тавфиқоти ҳамагонро аз Худованди Мутаъол хоҳонам!

Ин навъ иҷтимоъ муфид ва судманд аст, аммо кофӣ нест. Бояд алоқамандони тақриб гомҳои муассире бардоранд.

Марҳум Оятуллоҳ шайх Муҳаммадтақии Қумӣ дар суханронии худ дар соли 1328 (шамсӣ) дар мадрасаи Файзия фармуд: иттилоъ ёфтем, ки бархе аз ноширони Миср дар садади таҷдиди китоби “Ассироъ байнл-ислом вал-васания” аст, ки бо иқдоми Доруттақриб мутаваққиф шуд.

Имрӯз дар китоби “Усулу мазҳабиш-шиъа ал-имомия” менависад:

الخمینی أدخل اسمه فی الأذان

– ва ин китоб дар шуморагони васеъ чандин навбат чоп шудааст.

Натиҷа мегирем, танҳо гуфтани:

تقریب تقریب یا ایها المسلمون قاربوا الخطی

– кофӣ нест. Чӣ некӯ мегӯяд шоири ширинзабони форсӣ:

Номи фарвардин наёрад гул ба боғ

Шаб нагардад равшан аз исми чароғ

Исм гуфтиву мусамморо биҷӯй

Моҳ дар болост не дар оби ҷӯй

Ҳеч исми бемусаммо дидаӣ.

Ё зи гофу лом гул чидаӣ?”

Asriran

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Пизишкиён дар Конфронси Ваҳдат дар Теҳрон: “Ваҳдат болотар аз намозу рӯзаест, ки мехонем”
Сайидҳасан Насруллоҳ: Поёни ҷанг – шикасти душман ва пирӯзии бузурги муқовамат аст

Матолиби пурбоздид