Оятуллоҳ Хоманаӣ: Ҷабҳаи муқовамат на аз пирӯзиҳо мағрур бояд бишавад, на аз шикастҳо маъюс

Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Ҷабҳаи муқовамат на аз пирӯзиҳо мағрур бояд бишавад, на аз шикастҳо маъюс”

Ахбори байналмилал

Ба гузориши хабаргузории Форс

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори ахири мардумии худ аз ҷумла гуфт: “Ҷабҳаи муқовамат на аз пирӯзиҳо мағрур бояд бишавад, на аз шикастҳо маъюс (ноумед) бояд бишавад. Пирӯзӣ ва шикаст ҳаст, зиндагии шахсии инсонҳо ҳам ҳамин ҷур аст. Дар он, муваффақият ҳаст, нокомӣ ҳаст. Зиндагии гурӯҳҳо ҳамин ҷур аст, дар он, муваффақият ҳаст, нокомӣ ҳаст.”

Вай афзуд: “Як ҷараёне як рӯз бар сари кор аст, як рӯз мунъазил аз кор аст, давлатҳо ҳамин ҷур кишварҳо ҳамин ҷур. Фарозу нишеб дар зиндагӣ ҳаст, аз фарозу нишеб намешавад инсон парҳез бикунад. Он чи лозим аст ин аст, ки вақте бар фароз қарор мегирем, мағрур нашавем. Чун ғурур ҷаҳл меоварад. Худи мағрур шудан инсонро ғофил мекунад. Вақте ки ба фуруд расидем, як ҷойе ноком мондем, боист афсурда ва маъюс ва дилшикаста нашавем.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: “Ҷумҳурии Исломӣ дар ин чиҳилу чанд сол, бо ҳаводиси бузург ва сахте мувоҷеҳ шуда. Ҷавонҳо он рӯзро надиданд. Дар ҳамин Теҳрон дар хона нишаста буданд мардуми Теҳрон, ҷангандаи Миг 25-и сохти Шӯравӣ мутааллиқ ба Саддом меомад болои сари мо ин ҷо ҳаракат мекард, агар наҷобат мекард бомбборон намекард, аммо метарсонд ва мо ҳам ҳеч кор наметавонистем бикунем. На падофандашро доштем, на имконоташро доштем, бо инҳо мувоҷеҳ шудем мо.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон афзуд: “Ҷумҳурии Исломӣ бо ин ҳаводиси гуногун, ҳаводиси талх мувоҷеҳ шуда, аммо дар ин ҳаводис як лаҳза Ҷумҳурии Исломӣ дучори инфиол нашуда. Инфиол аз мӯъмин набояд сар бизанад. Инфиол гоҳе аз худи ҳодиса хатараш бештар аст. Инфиол яъне ин ки инсон нигоҳ кунад ба ин эҳсос бирасад, ки ҳеч коре наметавонад бикунад, пас таслим бишавад. Ин инфиол аст. Пас дар пешрафтҳо ва муваффақиятҳо ғурур самм аст. Дар нокомиҳо, мушкилот, инфиол заҳр аст.”

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сурия ва мухолифони тоҷик
Кӣ бар Сурия ҳукумат хоҳад кард?

Матолиби пурбоздид