Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ: “Олимони дин муроқиб бошанд ба хатари фоҳиши мазҳабтарошӣ мубтало нашаванд”

Фарҳанг

Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ: “Олимони дин муроқиб бошанд ба хатари фоҳиши мазҳабтарошӣ мубтало нашаванд”

Ба муносибати Ҳафтаи Ваҳдат

Asriran  

Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, файласуф ва аз мароҷеи тақлид, ба муносибати Ҳафтаи ваҳдат гуфт: “Олимони дин ва ҳомилони китоб бояд мувозиб бошанд, ки аз рӯйи илм ва амд (қасд), ба хатари фоҳиши мазҳабтарошӣ мубтало нашаванд.”

Ба гузориши Asriran, шарҳи суханони Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ ба ин тартиб аст:

“Ихтилоф дар дин ва пайдоиши мактабҳои гуногун, мунҳасиран аз ноҳияи олимони бетақво ва машойихи бад аст:

ومَا اختَلَفَ فیهِ إلاّ الَّذینَ اوتوهُ مِن بَعدِ ما جاءَتهُمُ البَیِّنات

Шояд ихтилоф дар умури дунявӣ ва шуъуни зиндагӣ барои ҳамагон падид ояд, вале ихтилофи илмӣ ва тафриқа дар дин, ба олимони динӣ ихтисос дорад, аз ин рӯ Қуръони Карим ихтилофи мардуми оддӣ дар шуъуни зиндагиро иқобовар намедонад, чун аввалан маншаъи он ҷаҳл, нисён ва ғафлат аст ва сониян бо роҳнамоии анбиё ва ворисони онон рафъ мегардад. Вале ихтилофи донишмандони бетақво дар матни дин, ки аз рӯйи илм ва амд ва бар асари бағй (кина) ва саркашӣ ва ҳасодат аст, қобили иғмоз (чашмпӯшӣ) нест, балки мояи иқоб ва азоби илоҳӣ аст:

إنَّمَا السَّبیلُ عَلَی الَّذینَ یَظلِمونَ النّاسَ ویَبغونَ فِی الأرضِ بِغَیرِ الحَقِّ أُولئِکَ لَهُم عَذابٌ اَلیم

Дар ҳақиқат ин оят ба манзилаи “кубро” барои ояти мавриди баҳс аст, ки олимони бадро мунодиёни ихтилоф дар дин дониста ва чунин фармудааст: олимони динӣ, ки сабаби ихтилоф дар динанд, боғӣ ва золим ҳастанд (суғро). Кубро ин аст, ки иқоби илоҳӣ танҳо бар ситамгарон ва аҳли бағй аст, натиҷа ин ки иқоб танҳо бар ҳамин муддаъиёни илми динӣ ва мунодиён ихтилоф аст.

Дар ояте дигар низ инчунин мусалмононро аз ихтилоф дар дин наҳй карда, ки мабодо шумо монанди уламои яҳуд ситам кунед ва дар дин тафриқа афканед, чун гирифтори азоби Худо шуда, дар қиёмати рӯсиёҳӣ домангиратон хоҳад шуд

ولاتَکونوا کالَّذینَ تَفَرَّقوا واختَلَفوا مِن بَعدِ ما جاءَهُمُ البَیِّناتُ وأُولئِکَ لَهُم عَذابٌ عَظیم ٭ یَومَ تَبیَضُّ وُجوهٌ وتَسوَدُّ وُجوهٌ فَأمَّا الَّذینَ اسوَدَّت وُجوهُهُم أکَفَرتُم بَعدَ أیمانِکُم فَذوقوا العَذابَ بِما کُنتُم تَکفُرون

Танҳо роҳи ислоҳи олимони бад, ҳамин таҳдиди зимнӣ ба рӯсиёҳӣ дар қиёмат аст, то даст аз тафриқа бардоранд.

Хатари олимони бад он қадр фоҳиш аст, ки бо бардошти носаҳеҳ аз мутуни муқаддас ва китоби илоҳӣ, мазҳабтарошӣ карда ва баробари паёмбарони илоҳӣ меистанд. Ҳар замоне, ки Худованд паёмбареро фиристод ва дине ироа дод, дар канори ӯ олимони динфурӯш пайдо шуданд ва мазҳабтарошӣ карданд ва бидъатҳое монанди ваҳҳобият ва баҳоиятро бино ниҳоданд.

Китобҳои “Милал ва ниҳал” шоҳиди ин матлаб аст, ки дар муқобили силсилаи анбиё дар тӯли таърих, занҷираи мутанаббиён ва олимони динсоз қарор доранд. “Милал” ҷамъи “миллат” ба маънои дин ва шариате аст, ки анбиё аз тарафи Худо овардаанд ва “ниҳал” ҷамъи “ниҳла” ба маънои мактаб ва мароми ботиле аст, ки олимони бетақво дар баробари анбиё сохтаанд. Ҳамаи мактабҳои ғайриилоҳӣ, сохта ва бофтаи олимони риёсатталаб аст, чун инсонҳои оддӣ на тавони мазҳабсозӣ доранд ва на дигарон аз онҳо мепазиранд, аз ин рӯ олимони дин ва ҳомилони китоб бояд мувозиб бошанд, ки аз рӯйи илм ва амд ба хатари фоҳиши мазҳабтарошӣ мубтало нашаванд.”

Asriran

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳизбуллоҳ аз шаҳодати 15 тан аз фармондеҳони худ хабар дод
Пизишкиён дар Конфронси Ваҳдат дар Теҳрон: “Ваҳдат болотар аз намозу рӯзаест, ки мехонем”

Матолиби пурбоздид