Ҷанги сояи Эрон бо Омрико

Таҳлили хабарӣ

Ҷанги сояи Эрон бо Омрико

Ба қалами Тумос Фридман дар рӯзномаи New York Times

Ишора: Тумос Фридман (Thomas Friedman), таҳлилгар, рӯзноманигор ва пажӯҳишгари сиёсии яҳудитабори омрикоӣ аст. Меҳвари осор ва навиштаҳои ӯ: ҷаҳонӣ шудан, тиҷорати хориҷӣ, муҳити зист ва бавежа сиёсатҳои ғарби Осиё ва Ховари Миёна аст. Назароташ бозтоби зиёде дар расонаҳои ҷаҳон дорад ва умуман баҳсбарангез аст.

Ин мақола, ҷадидтарин дидгоҳи Фридман дар боби “ҷанги сояи Эрон ва Омрико” аст ва рӯшан аст, ки интишори он, ба маънои  таъйиди тамоми муҳтавои он аз ҷониби мо нест, балки ба хотири эътибори ҷаҳонӣ ва расонаии нависанда аст:

Инак, матни мақола:

“Мегӯянд, хатарноктарин ҷойи ҷаҳон, оброҳ (танга) миёни Тойвон ва Чин аст; ҳамон ҷо, ки нерӯҳои дарёӣ ва ҳавоиии Чин ҳар рӯз қудрати худро намоиш медиҳанд, то Тойвонро ба ваҳшат биандозанд. Нерӯи дарёии Иёлоти Муттаҳида ҳам дар ҳамон атроф гашт мезанад ва ба назар мерасад, таъодули боздоранда ва пойдор барқарор кардааст. Бо ин ҳол, тангаи Тойвон дар қиёс бо мушоҳидоти ахири ман дар Ховари Миёна, ба кашокаши дӯстона мемонад.

Ҳафтаи гузашта, ду рӯз меҳмони женерол Мойкл Курилл (Michael Kurilla) – фармондеҳи аршади пойгоҳи Centcom (Фармондеҳии марказии Омрико) дар Ховари Миёна – будам ва бо болгард аз ҳафт пойгоҳи низомии Иёлоти Муттаҳида дар ғарби Ӯрдун ва шарқи Сурия дидан кардам. Чизи ҷиддие дар ин минтақа наёфтам ва аз ин рӯ гурез задам ба ҷанги дигаре, ки каме пас аз набарди мусибатбори Исроил ва Ҳамос дар Ховари Миёна ба роҳ афтодааст.

Мақсудам ҷанге аст, ки Эрон ва нерӯҳои ниёбатиаш яъне Ҳусиҳо, Ҳизбуллоҳ ва шибҳинизомиёни шиъа дар Ироқро рӯёрӯи пойгоҳҳои Иёлоти Муттаҳида дар Сурия, Урдун ва Ироқ қарор додааст. Ин пойгоҳҳо пас аз соли 2014 барои нобудии ДОИШ бо ҳузури нерӯи дарёии Иёлоти Муттаҳида дар баҳри Сурх ва халиҷи Адан рӯйи кор омад ва сабаб шуд шараёни ҳаётии киштиронӣ эмин ва барқарор бошад.

Шояд шибҳинизомиёни шиъаи Эрон дар Ироқ ва ҷангҷӯёни Ҳусӣ дар Яман, таҳдиди муҳлике ба назар наёянд, аммо набояд фиребашонро хӯрд. Онҳо омӯзиш дидаанд, то мусаллаҳ кунанд, бисозанд, татбиқ диҳанд ва гоҳе печидатарин ва дақиқтарин таслеҳоти ҷаҳонро ба кор гиранд. Ин таслеҳот аз Эрон меояд ва метавонад ҳадафи дурро дақиқ нишона бигирад.

Сарбозон ва малавонони камсинну соли омрикоӣ дар муқобили ин шибҳинизомиён ҳастанд. Ин ҷавонони омрикоӣ фақат дар бозиҳои видеоӣ ва пушти компютер набардро таҷриба кардаанд, вале ҳоло худро дар майдони набарди воқеӣ мебинанд ва бояд бо нармафзор, печидатарин иқдомоти мутақобил ва раҳгириҳои ҷаҳонро ба кор гиранд, то ҳамаи мушакҳо ва паҳподҳои ниёбатии Эронро аз мадор хориҷ кунанд.

Шояд омрикоиҳо надонанд, ки бо Эрон меҷанганд, аммо Сипоҳи Посдорони Эрон қатъан медонад ҷидол бо нерӯҳои ниёбатӣ, дар воқеъ “ҷанги соя” бо Омрико аст.

Вой ба рӯзе, ки бахти яке аз ин ниёбатиҳо мадад кунад ва тираш ба киштии ҷангӣ ё подагоне аз пойгоҳҳои Иёлоти Муттаҳида дар Урдун ё Сурия исобат кунад! Онгоҳ ҳодисае шабеҳи бомбборони подагони туфангдорони дарёӣ дар Бейрут (дар соли 1983 тавассути Ҳизбулллоҳ, ки 241 сарбози омрикоӣ дар он кушта шуданд) рух хоҳад дод ва талафоти густардае ба бор меояд. Дар чунин шароите, бидуни шак ҷанги Эрон ва Омрико аз соя берун меояд ва ба ҷидоли мустақим дар минтақае мубаддал мешавад, ки ҷаҳон беш аз ҳар чиз нафташро мехоҳад.

Ҷанг дар соя ба мадади ниёбатиҳои Ҳусӣ дар таърихи 17 октябр яъне 10 рӯз пас аз таҳоҷуми Ҳамос ба Исроил рух дод. Эрон тасмим гирифт, ҳамаи нерӯҳои ниёбатиашро тақвият кунад, то дар ливои ҷанги Ғазза ва таҳрики эҳсосоти зидди омрикоӣ, дарёбад, ки оё қодир аст шабакаи таъсисоти Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ, шарқи Сурия ва шимоли Ӯрдунро аз кор биандозад? Оё метавонад нерӯҳои омрикоиро ба таври комил аз пойгоҳҳояшон берун кунад?

Гумон мекунам, Теҳрон ҳадафи дигаре низ дар сар дошт. Ӯ мехост, муттаҳидони араби Омрикоро бо нишон додани осебҳои эҳтимолӣ ба ҳомии омрикоиашон, ба ҳарос биандозад.

Ҳатм дорам, ба се далел ин бозии тоза ба роҳ афтода, хатарноктарин навъи “ҷуҷабозӣ” (истилоҳе дар улуми сиёсӣ ва иқтисодӣ барои баррасии рӯдаррӯии ду бозикуни сарсахт дар назарияи бозӣ аст. Бозикуне, ки аз рақобат хориҷ шавад, ҷӯҷа (буздил) лақаб мегирад) аст, ки мумкин аст ҳар ҷойи ҷаҳон даргирад.

Далели аввал, ҳаҷми анбӯҳи рокетҳо, паҳподҳо ва мушакҳое аст, ки нерӯҳои ниёбатии Эрон бавежа Ҳусиҳо дар Яман ва шибҳинизомиёни шиъа дар Ироқ мустақар кардаанд. Ба гузориши пойгоҳи Centcom, нерӯҳои ниёбатии Эрон аз 17 октябр, садҳо кулоҳак аз рокетҳои “Замин ба дарё”, мушакҳои “Круз” ва болистик, паҳподҳои таҳоҷумӣ, қоиқҳои интиҳории тундрав ва зердарёиҳои бидуни сарнишин дар баҳри Сурх мустақар ва ба киштиҳои ҷангӣ ва пойгоҳҳои омрикоӣ шиллик кардаанд.

Бо вуҷуди ҳамалоти густарда, Иёлоти Муттаҳида бо раҳгирҳо ва таҷҳизоти электронии пешрафта – шомили родорҳо ва иқдомоти мутақобил, ки дар пойгоҳҳо ва киштиҳои ҷангӣ мустақар карда – тавониста бештари ҳамалотро мунҳадим ё мунҳариф кунад. Чунин коре осон нест. Ба гузориши Centcom, чандин мушак ва паҳпод аз вурудиҳо гузар карда ва беш аз 180 сарбози омрикоиро маҷрӯҳ кардаанд.

Бояд таваҷҷуҳ дошт, ки пойгоҳҳои Иёлоти Муттаҳида ташкилоти пешрафтае нестанд. Бисёре аз онҳо пойгоҳҳо ё шаҳракҳои баҷо монда аз Доишанд, ки пас аз даргириҳои шадид байни Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидони курдии Омрико ва Доиш дар соли 2014, дар хилоли ҷанге, ки ҳамзамон давлатҳои Сурия, Ироқ ва Урдунро таҳдид мекард, мусодира шудаанд.

Хеле аз пойгоҳҳо сирфан таҷҳизоте доранд, ки бо девораҳои бетонӣ барои костан аз осеби кулоҳакҳои вурудӣ маҳсур шудаанд. Сарбозон метавонанд бо гӯшиҳои мубойл бо хонаводаҳояшон тамос бигиранд ва ахбори варзиширо дунбол кунанд. Дар ошпазхонаҳои содда ва ҳадди ақалии ин пойгоҳҳо, мурғ ва гоҳе меваи тоза дода мешавад. Табиӣ аст, ки вақте бо таҷҳизоти ҷангии кӯҳна васати саҳрои Сурия кошта шуда бошед, мурғи ҳамин ошпазхона ҳам ҳисобӣ мечаспад.

Ин пойгоҳҳо барои ҷилавгирӣ аз бозсозии муҷаддади таҷҳизот ва тадорукотии Доъиш боқӣ монда буданд ва ҳаргиз қарор набуд рӯёрӯи зарродхонаҳои мушакии мудерни Эрон ва нерӯҳои ниёбатӣ биистанд ё ба онҳо ҳамлавар шаванд.

Ба ҳамин далел, дар 28 январ, паҳподи таҳоҷумии эронӣ бо кулоҳаки қавиаш, тавассути эътилофе аз шибҳинизомиёни шиъаи таҳти ҳимояти Эрон ба номи “Муқовамати исломи” (дар Ироқ), ба роҳати ба таъсисоти Иёлоти Муттаҳида ба номи “Бурҷ-22” дар шимоли шарқии Ӯрдун исобат кард.

Ҳафтаи гузашта ба иттифоқи гурӯҳи женерол Мойкл Курилл аз “Бурҷ-22” боздид кардам. Дар ин инфиҷор, 3 сарбози омрикоӣ кушта ва 47 нафар маҷрӯҳ шуданд. Вақте паҳпод ба сохтмон исобат кард, сарбозе дар ҳамон атроф бо ҳамсараш сӯҳбат мекард. Девори захими сементӣ ҷонашро наҷот дод. Бар асари таконаҳои инфиҷор парт шуда буд, вале солим монда буд. Дуду гарду хок бапо шуд ва ҳамсараш фикр кард мурда, аммо се соат баъд, пушти хатт буд. Сарбози ҷавон ҷон бадар бурда буд.

Дар ҳайратм аз ин ки чаро эрониҳо бо ҳамаи тавон нерӯҳои ниёбатиашонро ба самти чунин таҳоҷуме савқ медиҳанд?

Дуввумин далели хатарнок будани ин ҷанг, ҳамин азми ҷазм барои таҳоҷуми беамон аст; ҳамон чизе, ки женерол Мойкл Курилл дар хилоли муколамаи боздоранда бо Эрон пас аз ҳамла ба “Бурҷ-22” шарҳ дод, то ба Теҳрон бифаҳмонад, ки “дорад бо оташ бозӣ мекунад”.

Иёлоти Муттаҳида, 2 феврали имсол, силсилаи ҳамалоти ҳавоиашро алайҳи шабакаи саросарии ниёбатиҳои Эрон дар Ироқ ва Сурия ва марокизи Ҳусиҳо дар Яман оғоз кард ва дар маҷмӯъ беш аз 100 марказро бо таркибе аз бомбафканҳои дурбурд ҳадаф қарор дод; дар натиҷа мушакҳои “Круз” ва бомбафканҳои ҷанганда аз нови омрикоӣ ба баҳри Сурх партоб шуданд. Бино ба гузоришҳо, ҳудуди 40 нафар дар ҷараёни ҳамалоти талофиҷӯёнаи Иёлоти Муттаҳида кушта шуданд.

Амалиёти талофиҷӯёна дар 7 феврал поён ёфт. Иёлоти Муттаҳида қасд дошт бо куштани Абӯбоқир Соидӣ – фармондеҳи Катоиби Ҳизбуллоҳ ва Ҳашди шаъбӣ – ба Эрон ва нерӯҳои ниёбатиаш нишон диҳад, ки Иёлоти Муттаҳида метавонад чӣ навъ ҷанг, бо чӣ қудрат ва маҳобтеро оғоз кунад.

Соидӣ масъули ҳамалоти паҳподӣ ба пойгоҳҳои Ироқ, Ӯрдун ва Сурия буд. Ӯ ҳини ронандагӣ дар яке аз хиёбонҳои Бағдод, ҳадафи исобати ҳамон мушаки паҳбодӣ қарор гирифт, ки пеш аз он барои аз байн бурдани Абӯбакр Бағдодӣ – раҳбари Доиш – ва Қосим Сулаймонӣ – фармондеҳи аршади Сипоҳи Посдорон – ба кор рафта буд.

Посухи Омрико ба вузуҳ таваҷҷӯҳи эрониҳоро ба худ ҷалб кард ва нерӯҳои ниёбатии Эрон аз он замон, оташбаси эъломнашудаеро дар минтақа риоят мекунанд; бо ин ҳол, Ҳусиҳо аз ин оташбаси ғайрирасмӣ, истиқбол накарданд ва эълом карданд тирандозӣ ба киштиҳои байналмилалӣ ва нерӯи дарёии Омрико ё Исроилро дастикам то замоне, ки оташбас дар Ғазза барқарор нашавад, идома хоҳанд дод.

Дар таърихи 18 феврал, кишти Rubimar бо парчами Белиз – кишваре дар Омрикои марказӣ – бо партоби “мушики болистики зидди киштӣ”-и Ҳусиҳо дар тангаи Бобулмандиб ғарқ шуд. Чӣ бояд гуфт? Мамнун Ҳусиҳо ба хотири интишори он мизон сӯхт ва инфиҷори бузурге пас аз он. Шумо ба танҳоӣ олудагии зистмуҳитии азиме ба бор овардед!

Севвумин далели муҳлик будани ин ҷанг, замони зиёде аст, ки сарфи муқобила бо ҳамалоти кучаку бузургшон мешавад. Дар ҳар пойгоҳе, ки боздид кардем, утоқи фавқи сиррӣ вуҷуд дошт ва хабарнигорон иҷозаи вуруд надоштанд. Дар дохили утоқ, сарбозони ҷавони омрикоӣ ва малавонони киштиҳои нерӯи дарёӣ, хира ба мониторҳояшон нишаста буданд ва саъй мекарданд ашёъи бешумореро, ки ба самташон меомад, шиносоӣ кунанд. Соатҳо вақт, сарфи муқобила бо ин парандагони музоҳим мешуд. Сарбозон баҳс мекарданд, ки бо онҳо чӣ кунанд. Аввалиро аз байн бибаранд … Дуввумиро нодида бигиранд … Севвумиро раҳо кунанд, то гуму гӯр шавад ва бехатар фуруд биёяд. Яке аз афсарони Centcom мегуфт: “Инзибот ва мавқеиятшиносӣ дар ин кор бисёр муҳим аст. Гоҳе лозим аст раҳгирҳои 200 ҳазор доллариатро ба самти паҳподҳои 20 ҳазор долларии эронӣ шиллик куни”.

Ин операторҳо ағлаб камтар аз 90 сония фурсат доранд, то тасмими ниҳоиро бигиранд ва масалан бибинанд оё лозим аст паҳподи вурудиро бо паҳподи раҳгир (ки қодир аст паҳподҳои таҳоҷумиро дар фосилаи бисёр наздик, шиносоӣ ва мунҳадим кунад ва аз васоили нақлияи заминӣ, болгард ё шиноварҳои сатҳӣ партоб шавад), даргир кунанд ё на?

Ба иборати дигар, ҳар рӯз шоҳиди рухдоде бо эҳтимоли вуқӯъи кам ва авоқиби зиёд ҳастем ва аввалин ва охирин хатти дифоъӣ ҳам маъмулан ҷамъи 20 нафара, муташаккил аз ҳамин сарбозон ё малавонони омрикоиӣ аст, ки вазифа доранд ба монитор хира шаванд ва дар арзи чанд сония бар асоси додаҳои нармафзорӣ ташхис бидиҳанд чӣ чизе дар роҳ аст, то иқдомоти мутақобил ва муносибро анҷом диҳанд.

Мо аз урдугоҳи Алҳул дар нокуҷоободе воқеъ дар шимоли шарқи Сурия низ боздид кардем; ҷойе, ки ҳудуди 430 ҳазор нафар – ғолибан муташаккил аз “арӯсҳо”-и Доиш ва фарзандонашон – дар чодарҳо ва пешсохтаҳо, зери назари гордҳои курд нигаҳдорӣ мешуданд. Онҳоро метавон аз барнома хориҷ кард ва ба ватанашон бозгардонд. Хеле аҷиб аст. Бо зане омрикоӣ ё англисӣ, ки гузораш ба фирқаи Доиш кашида шуда, сӯҳбат мекунем ва ӯ мегӯяд, панҷ ё шаш фарзанд аз се ё чаҳор ҷангҷӯи мухталифи Доиш дорад, ки ҳамагӣ ба фармони эътилофи таҳти раҳбарии Иёлоти Муттаҳида кушта шудаанд. Бо қазоват аз рӯйи теъдоди сангҳое, ки баччаҳо ба корвони зиреҳии мо партоб карданд, ба ин натиҷа мерасам, ки раванди ҷадиди барномарезиро бояд дар пеш гирифт ва ба худ мегӯям: “Ҳатман ин вазъият, роҳи ҳалле дорад”.

Ба рағми хатарот ва ҷарроҳоти мавҷуд, бояд аз худамон бипурсем: “Чаро дар ин манотиқ бимонем?” Бигузоред моҷароеро бароятон таъриф кунам ва сипас ба ин суол посух диҳам.

Гурӯӯҳи женерол Мойкл Курилл дар ҳоли боздид аз подагони Танаф – пойгоҳ кучаки пуштибонии луҷестикӣ дар Сурия – буд. Мойкл Курилл аз фурсат истифода кард ва фармондеҳи дастаи пизишкии мустақарро аз лейтенанти дуввум ба лейтенант якум иртиқо дод. Мо дар кӯчае истода будем ва то чашм кор мекард, биёбон буд ва сохтмонҳои хокиранг.

Мойкл Курилл аз касе дархост кард барояш парчами Омрико биёварад. Чанд дақиқа баъд, ду нафар аз аъзо бо парчами кӯчаке ҳозир шуданд. Парчамро боло гирифтанд, то Мойкл Курилл ва афсари ҷавон – ки дар ҳоли иртиқои дараҷа буд – дар як қоб қарор бигиранд.

Мойкл Курилл ба марди ҷавон гуфт: “Артиши мо дар ҷаҳон беназир аст.” Мо ба ҷони шахс ё подшоҳ, савганд намехӯрем; ба идеяе, ки дар қонуни асосӣ таҷассум ёфта ва дар демукросии мо реша дорад, савганд ёд мекунем; чун бар ин боварем, ки ҳамаи мардон ва занон баробар офарида шудаанд ва савганд ёд мекунем, ки аз ин идея дифоъ кунем.”

Сипас савгандеро бар забон овард, ки ҳар сарбози Иёлоти Муттаҳида ҳангоми иртиқои дараҷа, бояд такрор кунад ва фарёди низомӣ сар дод.

Такондиҳанда буд. Ду сарбоз ситораҳо ва роҳ-роҳҳои кӯчакашонро боло гирифта буданд. Сарзамини мо танҳо нишони рангӣ ва ҷондор дар он қоби биёбонии васеъ буд ва қарор буд ба идеяи демукротик, савганди вафодорӣ ёд шавад. Аркони намоиш ҳеч синхияте бо фазои перомун надоштанд ва дар айни ҳол воқеият ҳамин буд.

Дар даврони пас аз ҷанги сард, (авоили даҳаи 1990 то 2010), гумон мекардам шояд бишавад сиёсати тавофуқӣ ва касратгароиро ба лутфи “паймони Осло”, “ паймони сулҳи Ӯрдун ва Исроил”, “ҷунбишҳои баҳори арабӣ” ва “инсиҷоми ношӣ аз ҷаҳонӣ шудан”, ба ин бахш аз ҷаҳон овард.

Аммо чунин нашуд. Ин минтақа ба ҷойи густариши демукросӣ, беназмӣ ва давлатҳои рӯ ба заволро ба чашм дид. Шикофи азими ҷаҳонӣ, дигар шикофи демукросӣ ва худкомагӣ набуд, балки назм ва беназмӣ дар тақобул буданд.

Боқӣ мондани нерӯҳои омрикоӣ дар шарқи Сурия, Ироқ ва баҳри Сурх дақиқан ба ин иллат аст, ки нобасомониҳои ин манотиқ тамом шуданӣ нест ва ҳосили тохту този амсоли Доъиш, кишварҳои шикастхӯрдае назири Сурия ва фурӯпошии давлат-миллатҳо ба дасти шибҳинизомиёни ниёбатии Эрон аст.

Мондан дар ин манотиқ, маъмурияти зебо ё қаҳрамонона нест. Сарбозони мо тамомвақт дар либоси разманд ва дар муҳити ғариба, хашин ва хасмона ба сар мебаранд. Шояд мурғ хӯрданшон аз маъдуд лаззатҳои ҷавониашон бошад, аммо эҳтимолан арзишашро дорад.

Ҳеч тардиде дар боби мухотироти пеш рӯ ҷоиз нест. “Ҷанги соя” бо каме ғафлат, ҷон мегирад ва ҳамовард металабад.”

New York Times

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Назари мардуми Ғазза нисбат ба Яҳё Синвор
Чанд ҷумла дар ҳошияи суханони Алӣ Ҷумъа – II

Матолиби пурбоздид