Оё дар давраи дуввуми Мирзиёев таҳаввул дар сиёсатҳои дохиливу хориҷии ин кишвар идома хоҳад дошт?
Таҳлил
Тавре пешбинӣ мешуд, Шавкат Мирзиёев бо раъйи 88 дарсадии мардуми Узбекистон барои як давраи панҷсолаи дигар ба раёсати ҷумҳурӣ интихоб гардид.
Коршиносон ин саволро маираҳ мекунанд, ки оё таҳаввулот дар сиёсатҳои хориҷӣ ва дохилии ин кишвар ҳамчунон идома хоҳад дошт?
Бархе аз коршиносон бар ин боваранд, ки Шавкати Мирзиёев, раиси ҷумҳурии мунтахаби мардуми Узбакистон, сиёсатҳои худро дар панҷ соли оянда низ идома хоҳад дод.
Шавкат Мирзиёев, ки аз соли 2016 мелодӣ бар курсии раёсати ҷумҳурии ин кишвар такя задааст, дар солҳои нахустини раёсати ҷумҳурии худ тавонист сиёсати дохиливу хориҷии Узбакистонро дигаргун ва мутаҳаввил кунад.
Мирзиёев илова бар сиёсатҳои иқтисодии созандаву тағйироти барҷаставу асосӣ дар сиёсатҳои дохилӣ, сиёсати хориҷии Узбакистонро низ ба таври асосӣ ва решаӣ мутаҳаввил сохт. Ба ҳамин далел, бисёре аз коршиносон идомаи сиёсатҳои Тошканд дар панҷ соли ояндаро бисёр ҷиддӣ медонанд.
Дар ҳамин иртибот Дмитрий Александров, мудири бахши мутолеоти Осиёи Марказии донишкадаи мутолеоти стратегии Русия ва як соҳибназар дар умури сиёсии масоили минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз эътиқод дорад, сиёсати Шавкат Мирзиёев ҳамчунон бар тақвияти ҳар чӣ бештари робита бо Русия ва дигар қудратҳои мустақил дар минтақа ва дурӣ аз ғарб мутамаркиз хоҳад буд.
Дар моҳҳои ахир, раиси ҷумҳурии Узбакистон зимни сафар ба Теҳрон ва дидор бо мақомоти Эрон, бар тақвияти ҳар чӣ бештари робита бо Эрон таъкид кардааст.
Ба гуфтаи Александров, сиёсатҳои Мирзиёев дар панҷ соли оянда ба ҳамкорӣ бо Эрон, Рқсия ва Чин мутамаркиз хоҳад буд. Дар муқобил, бо вуҷуди фишорҳои Амрико ва муттаҳидони ғарбиаш барои тақвияти робита бо Узбекистон, баид аст, ки Тошканд ба тақвияти робита бо Ғарб, ба вижа Амрико иқдом кунад.
Собиқаи бисёр мухотираомези фаъолиятҳои Амри ко дар Андиҷон, дар соли 2005 бар ҳеч як аз сиёсатмадорони ӯзбек пӯшида нест. Ҳамин нақши манфии ҷосусони амрикоӣ дар Андиҷон ин ҳақиқатро собит мекунад, ки Амрико бештар аз талош барои доштани робитаи солим бо як кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Узбекистон, дар садади рӯи кор овардани як давлати вобаста ба худ аст то битавонад аз тариқи он, фишорҳои сиёсиву низомӣ бар Русия ва дигар давлатҳои мустақилро бинобар майли худ бо навасоноте мувоҷеҳ сохтаву хостаҳои худро дар ин манотиқ ба курсӣ бинишонад.
Инчунин пешбинӣ мешавад, дар оянда робитаҳои Тошканд ва Онкоро низ рӯ ба рушд хоҳад буд, ки коршиносон далели онро фосила гирифтани Туркия аз сиёсатҳои Амрико ва НАТО унвон кардаанд.
Сомонаи Қаламонлайн