Оё ғарб дар ҳоли инқироз ва нобудист?… Чаро?

Оё ғарб дар ҳоли инқироз ва нобудист? Чаро?

Ғарб дар ҳоли инқироз аст

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Яке аз бузургтарин айбҳои тамаддуни ғарбӣ бо вуҷуди хубиҳое дар ин тамаддун, суқути инсоният дар ин тамаддун аст, ки яке аз ҷилваҳои он, ташвиқу тарғиби инсон ба хонадор нашудани ӯст ва ё лоақал ташвиқ ба иктифо ба як фарзанд. Ва гуфтем, ин фарҳанги ғалат на танҳо дар худи ғарб, балки ба кишварҳои шарқӣ ва ҳатто ҷомеаҳои исломӣ, ки ба шиддат бо ин фарҳанг мухолиф аст сироят карда.

Ва ин дар ҳоле аст, ки ҳазрати Паёмбар (с) мусалмононро ба таксир ва зиёд кардани насл тарғиб кардаанд ва ҳушдорашон додаанд, ки мабодо аз хавфи ин ки гурусна ва ташна хоҳанд монд ва ё тарбияти онҳо душвор хоҳад буд, даст аз зиёд кардани насл бардоранд ва ба камфарзандӣ рӯй оваранд, ки ризқу рӯзии инсон аз сӯйи Худо тазминшуда аст. Он ҳазрат (с) дар ҳадисе маъруф ва саҳеҳ фармоянд:

تَناكحوا تَناسلوا أُباهي بكم الأممَ يومَ القيامةِ

“Издивоҷ кунед ва фарзандони худро афзоиш диҳед, ки ман дар рӯзи қиёмат бо шумо бар соири умматҳо ифтихор мекунам.” (Ривояти Зарқонӣ) Ва дар ривояте дигар омада, ки: “ман дар рӯзи қиёмат бо шумо – ҳатто ба баччаи сиқтшуда – бар соири умматҳои ифтихор мекунам”.

Чанд даҳа пеш дар ғарб ва ҳатто ҷомеаҳое мисли Чин ва ё Жопун, аз хавфи ин ки афроди ҷомеа зиёд хоҳанд шуд, ба фарзанддор нашудан ва ё лоақал ба иктифо ба як фарзанд тарғиб мешуд, аммо тоза ба ғалат будани ин кор пай бурдаанд. Афроди солим дар ин ҷомеаҳо алъон ҳушдор медиҳанд, ки ҷомеаашон рӯ ба пирӣ оварда ва дигар дар оянда насле аз онҳо боқӣ нахоҳанд монд ва аз байн хоҳанд рафт. Дар Русия масалан (ва ё баъзе аз ҷомеаҳои ғарбӣ ва ҳатто Омрико) имрӯза баръакс давлатҳо дар ҳоли ташвиқ ба хонадор ва серфарзанд шудан ҳастанд ва барои бонувоне, ки аз се бо боло дорои фарзанд мешаванд ташвиқҳое сурат мегирад.

Мутаассифона аммо ин фарҳанги ғалат – яъне фарҳанги бефарзандӣ ва ё камфарзандӣ – ниҳодина шуда ва хеле сахту душвор аст, ки ба ин зудиҳо аз байн биравад. Умри тамаддуни ғарбӣ бо ин фарҳанги ғалаташ ба поёни худ расида ва ҳадди ақал то 50 соли дигар метавонад умр бибинад ва баъд аз он, дигар чизе ба номи тамаддуни ғарб боқӣ нахоҳад монд, зеро одами ғарбӣ ё аслан вуҷуди хориҷӣ нахоҳад дошт ва ё агар ҳаст, шикананда хоҳад буд, ки ҳоло арз хоҳам кард.

Ин ки боқӣ нахоҳанд монд, маълум аст, зеро натиҷаи ташвиқ ба хонадор нашудан ва адами ташкили хонавода ва фарзандор нашудан ҳамин аст, ки инсоне дигар боқӣ намемонад. Аммо ҳоло агар боқӣ бимонад, шикананда хоҳад буд. Барои чӣ?

Сабабаш ин аст, ки мо инсонҳо ба ғалат фикр мекунем агар фарзанд кам бошад – масалан агар якто бошад – падару модар ба вай хоҳанд расид ва ӯ ҳама чиз хоҳад дошт ва аз ҳамаи ҷиҳот таъмин хоҳад шуд ва чашмаш ба истилоҳ сер хоҳад буд ва хуб бузург хоҳад шуд. Ин андешаи ғалат бо камоли таассуф дар бисёре аз мо ҳаст. Ғалат будани он аз ин ҷиҳат аст, ки аввалан сер шудани чашми инсон рабте ба ин надорад, ки вай аз кӯдакӣ ҳама чиз хоҳад дошт ва таъмин хоҳад шуд. Ҳаргиз! Балки сер будани чашми инсон ба тарбияти ӯ вобаста аст. Ту метавонӣ одами надоре бошӣ, вале писари ту чашмсер бузург шавад. Ва баръакс, одами сарватманде бошӣ, вале ҳам худат ва ҳам фарзанди ту чашмгурусна бузург шавед. Ин рабте ба доштан ва ё надоштан надорад.

Ва сониян, ин ки агар кӯдак аз ҳамаи ҷиҳот таъмин бошад, вай хуб бузург хоҳад шуд, ба лиҳози тарбиятӣ як андеша ва пиндори бисёр ғалат аст. Бачча агар аз кӯдакӣ ҳама чиз дошта бошад, ӯ нозпарварда бузург хоҳад шуд ва кучактарин зарба дар зиндагӣ ӯро аз байн хоҳад бурд. Баръакси кӯдаконе, ки дар ҳоли сахтӣ ва душворӣ бузург шудаанд, ки аз тавоноии бештаре бархӯрдоранд. Тоза, кӯдаконе, ки нозпарварда бузург мешаванд, мебинед ҳамин ки ба синни булуғ расиданд, ғолибан ба бероҳа мераванд; ё муътод (наркоман) мешаванд ва ё ба хотири мушкилоти зиндагӣ даст ба худкушӣ мезананд. Аз пеши худам инро намегӯям, омор ҳаминро мегӯяд.

Аз дидаҳо ва мушоҳидаҳои худам бигӯям. Хонводаҳоеро мешиносам, ки як фарзанд бештар надоранд ва фарзанди онҳо ба истилоҳ, чашмсер бузург шуда. Вале ҳамин баччаҳо (инро ба чашмони худам дидаам) чунон ноз ҳастанд, ки бо кучактарин зарба дар зиндагӣ мешикананд. Ва тоза, чун танҳо бузург шуда ва бародар ва хоҳар надоштаанд, уқдаӣ бузург шудаанд, равонӣ ҳастанд.

Ва ин, ба хилофи баччаҳое аст, ки дар хонаводаҳое бузург шудаанд, ки серфарзанд ҳастанд. Ҳоло мисол меоварам, гуфтанаш ба назарам айб нест. Раҳматии шаҳид эшони Қиёмуддин ҳудуди 32-то (камтар ё бештар) фарзанд дошт. 16 нафар (камтар ё бештар)-и онҳо писаранд, шахсан мешиносамашон. Баччаҳое ҳастанд, ки бо сахтӣ ва душворӣ бузург шудаанд, вале чунон рашиданд, муқовиманд ва кӯшоянд, ки камназиранд. Бештарашон босаводанд. Аз наздик мешиносамашон.

Ва ё як дӯсте доштам дар шаҳри Душанбе маъруф ба Хатиб, аз Фархор аст, номаш домулло Ҳабибуллоҳ, барояш дилам бисёр танг шудааст. Одами шарифе аст. Фарзандони зиёде дорад. Ба назарам, беш аз 16 нафаранд. Ҳамаи фарзандони вай босаводанд, ба назарам 4 тояш (камтар ё бештар, дақиқан ёдам нест) қории Қуръонанд, баъзе аз писаронаш таҳсилкарда ҳам ҳастанд, бисёр боҳуш, босавод ва аҳли бишину бихез, яъне нозпарварда нестанд.

Хулоса, имрӯза дар ғарб дар натиҷаи фарҳанги ғалати ниҳодина кардани бефарзандӣ ва ё камфарзандӣ насл дар ҳоли аз байн рафтан аст. То 50 соли дигар ғарб ба назарам комилан чеҳраи дигаре хоҳад дошт. Ҷомеаи мусалмон комилан дар он тасаллут пайдо хоҳад кард.

(Манбаъ: сафҳаи шахсии Сайидюнуси Истаравшанӣ дар Фесбук)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳушдори давлати Жопон: Мо дар остонаи нобудӣ ҳастем!
Омрико ва “Исроил” муқобила бо Эронро ҳадафи муштараки худ медонанд

Матолиби пурбоздид