Оғози нишасти руасои дафотири миллии Итерполи Осиёи Миёна дар Душанбе

Оғози нишасти руасои дафотири миллии Итерполи Осиёи Миёна дар Душанбе

Ахбори минтақа

Нишасти раисони дафотири миллии марказии Интерполи Осиёи Миёна дар шаҳри Дашанбе ба кори худ оғоз кард. Ин нишаст ду рӯз идома хоҳад дошт.

Ба гузориши “Ховар”, ин нишаст ба раёсати Абдулазиз Убайдуллоҳ, мудири ҳамкориҳои ҷаҳонии дабирхонаи Интерпол бо ҳузури раҳбарони вазорати умури дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони соирии кишварҳо баргузор мешавад.

Интизор меравад, тавсеаи ҳамкориҳои чандҷонибаи судманд дар чорчӯби созмони байналмилалии “Интерпол”, амнияти байналмилалӣ ва минтақаӣ, густариши бештари равобит дар заминаи мубориза бо тероризм, таҳдидот ва хатароти муосир ва соири ҷиноёти созмонёфтаи фаромиллӣ дар ин ҷаласа мавриди баҳс қарор гирад.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чаро таърихи исломӣ мавриди эътимод аст?
Худхоҳӣ

Матолиби пурбоздид