Financial Times: Тунелҳои Ҳамос бузургтар аз метрои Ландан аст

Financial Times: Тунелҳои Ҳамос бузургтар аз метрои Ландан аст

Ахбори байналмилал
Рӯзномаи ангилисии Financial Times гузориш карда, ки баровардҳои артиши режими саҳюнистӣ нишон медиҳад, ки шабакаи тунели Ҳамос дар Ғазза, бузургтар аз шабакаи метрои Ландан аст.
Ин рӯзнома менависад: “Тахриби тунелҳои Ҳамос, сахттарин бахши маъмурияти артиши Исроил ва аз муҳимтарини он маҳсуб мешавад. Бояд сабур бошем, замон мебарад…” Ин ҷумлаҳо бахшҳое аз суханони Дифне Ричмонд-Барак, устоди Донишгоҳи Ричмани Телавив ва нависандаи китобе дар заминаи набарди зеризаминӣ аст.
Financial Times дар гузорише, ба густурдагии шабакаи тунелҳои зеризаминии Ҳамос дар Ғазза пардохт ва ба нақл аз манобеъи огоҳ дар артиши Исроил муддаӣ шуд, ки шабакаи тунелҳое, ки баровард мешавад бузургтар аз шабакаи қаторҳои зеризаминӣ (метрои) Ландан аст, ба раҳбарони аршад ва аъзои Ҳамос ин имконро медиҳад, то дар он паноҳ бигиранд ва тасаввур мешавад, ки аксари онҳо тақрибан аз ҳашт ҳафта ҳамлаи беамони режими саҳюнистӣ дар зеризамин ҷон бадар бурдаанд.
Метрои Ландан дорои 270 истгоҳи аслӣ ва 260 истгоҳи фаръӣ аст ва 55 дарсади ин шабака, бар рӯйи замин воқеъ шудааст. Ин шабака, бо 408 километр хатти оҳан, севвумин хатти тӯлонии ҷаҳон маҳсуб мешавад.
Яке аз мақомҳои собиқи амниятии Исроил муддаӣ шудааст, ки вожаи “тунел” барои он чи ки Ҳамос дар зери Ғазза эҷод карда, мунсифона нест ва ба ҷойи он бояд аз иборати “шаҳрҳои зеризаминӣ” истифода кард.
Financial Times идома дод, ки Йоҳвуд Лифшитс, асири 85-солае, ки Ҳамос дар моҳи октябр ӯро озод кард, гуфта, ки шабакаи тунелии Ҳамос, як “тори анкабут”-и устодона аст, ки чандин километр тӯл дорад ва “солунҳои бузурге” дорад, ки гунҷоиши 25 нафарро дорад.
Гурдонҳои Қассом (шохаи низомии ҷунбиши Ҳамос) дар 16 соли гузашта маҷмӯаи тунелҳоеро эҷод кард, ки корбурди ҳуҷумӣ ва ҳам дифоъӣ доранд ва ҳадаф аз ин тунелҳо ин аст, ки нерӯҳои муқовамат ба дур аз чашми ҳавопаймоҳои ҷангии саҳюнистӣ битавонанд ба низомиёни Исроил заработи сангине ворид кунанд.
Артиши режими саҳюнистӣ, тахриби тунелҳои Ҳамосро дар авлавият қарор додааст, аммо ба таври комил наҳваи барномарезӣ барои дастёбӣ ба ин ҳадафро мушаххас накардааст ва дар ҷараёни ҷанги ахири Ғазза бисёре аз зерсохтҳои ғайринизомӣ ҳамчун бемористони Ашшифо ва Алмаъмадониро ба баҳонаи он ки тунелҳои Ҳамос дар зери онҳо қарор гирифта тахриб кард, аммо ҳеч шавоҳиди мустанаде барои исботи ин иддао ироа накардааст.
Артиши Исроил муддаӣ аст, ки шабакаи тунелии Ҳамос беш аз 500 километр аст ва “тунелҳо як чолиши густурда ба ҳисоб меояд, талаҳои инфиҷорӣ ва мавонеъ дар масири ҳаракати мо дар даруни тунелҳо хатаротро барои нерӯҳои мо афзоиш медиҳад”.
Бар асоси ин гузориш, мақомҳои режими саҳюнистӣ мегӯянд, ки Ҳамос аз ҳамалоти пешин омӯхтааст ва он тавр, ки Яҳудо Кафир, муҳандиси умрон ва низомии исроилӣ дар нерӯҳои захираи артиши режими саҳюнистӣ, ки дар ҷангҳои зеризаминӣ низ мутахассис аст, мегӯяд: “Дарсе, ки эҳтимолан Ҳамос аз ҳамалоти ҳавоии 2021 (-и артиши Исроил) омӯхт ин буд, ки амиқтар ҳафр кунад ва системи тунелро бо бетон бисёр мустаҳкам бипӯшонад”.
Телавив аз соли 2016, 320 миллион доллар кӯмаки низомии Омрикоро барои тақвият ва тавсиаи роҳҳои зидди тунел дарёфт кард, аммо бо ин ҳол ҳеч роҳи ҳалли қатъӣ барои муқобила бо ин тунелҳо ироа накардааст.
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мавозеи низомии Исроил зери оташи Ҳизбуллоҳ
Фарз кунед, ин фоҷеа дар як нуқтаи дигар аз олам иттифоқ меафтод, на дар Фаластин

Матолиби пурбоздид