Оҳиста ва равишманд

Таҳлили хабарӣ

Оҳиста ва равишманд

Эрониҳо чӣ гуна қурбоғаро мепазанд?

Мақолае дар нашрияи Cradle

Қурбоғае, ки дар як деги камумқи об рӯйи уҷоқгоз қарор мегирад ва ором-ором гарм мешавад, бо идомаи афзоиши ҳарорат, бо хушҳолӣ дар деги об боқӣ мемонад ва ҳатто замоне, ки об ба оромӣ ба нуқтаи ҷӯш мерасад ва қурбоғаро мекушад, берун намепарад. Тағйири як дараҷа ҳарорат дар ҳар лаҳза он қадр тадриҷӣ аст, ки қурбоға то дер нашуда мутаваҷҷеҳи пухтани худ намешавад.

Ин достоне аст, ки ағлаб тавассути артишиҳо ва коршиносони жеупулитик (геополотика) барои тавсифи “бозии тӯлонӣ” дар дастёбӣ ба аҳдофи роҳбурдӣ мавриди истинод қарор мегирад. Хештандории зоҳирии Эрон дар баробари таҷовузоти Исроилро набояд бо заъф иштибоҳ гирифт. Теҳрон ба таври пайваста бо равишҳои худ бар Телавив фишор ворид мекунад ва заминаро бо диққат барои аз ҳам пошидани Исроил омода мекунад.

Имрӯз, ин Эрон ва муттаҳидони минтақаии он ҳастанд, ки аз рӯйкарде санҷида барои афзоиши ҳарорат дар Ховари Миёна истифода мекунанд, то замоне, ки об “қурбоғаҳои” Омрико ва Исроилро бипазад. Роҳбурд, инзибот ва сабр – нуқтаи муқобили роҳбурди кӯтоҳмуддати ғарбӣ – Эронро ба пирӯзӣ хоҳад расонд. Ба қавли Толибон: “Омрикоиҳо соат доранд, аммо мо замон дорем.”

Алорағми талошҳои нерӯи дарёии Иёлоти Муттаҳида (USN) ва нерӯи ҳавоии Иёлоти Муттаҳида (USAF), Ансоруллоҳи Яман ҳамчунон шикастнопазир аст. Ҳамалоти ҳавоии қаблии Ангилис ва Омрико дар Яман нокоромад будааст, дар ҳоле, ки афзоиши суръат ва густариши доманаи амалиёти Яман манобеъи дарёиро таҳти фишор қарор дода ва руҳияро тазъиф мекунад.

Бар хилофи “туфангҳои Ҳоливуд”, мушакҳои раҳгири киштиҳои нерӯи дарёии Иёлоти Муттаҳида тамом мешавад ва наметавон онҳоро дубора дар баҳр боргирӣ кард. Дар мавриди руҳияи сарбозони омрикоӣ, ин руҳия дар дарозмуддат шикаста хоҳад шуд… Моҳи гузашта, копитон Крис Ҳил, афсари фармондеҳи нови “Эйзенхауэр” гуфт: “Одамҳо ба истироҳат ниёз доранд, онҳо бояд ба хона бираванд.”

Дар ҳоле, ки малавонон, туфангдорони дарёӣ ва ҳавонавардон рӯзона бо дастпочагӣ дар баробари паҳподҳо ва мушакҳои Ансоруллоҳ ҷо холӣ медиҳанд, “янки қурбоға” бо шодӣ дар ваннаи оби гарми худ дар Вошингтун дасту по мезанад ва мӯътақид аст, ки “қудрат”-и нерӯи дарёии Омрико “Ҳусиҳои музоҳим”-ро шикаст хоҳад дод.

Артиши Исроил, Ҳамосро шикаст надодааст ва Ҳамос ҳамчунон хасороти қобили таваҷҷӯҳе ба таҷҳизоти низомӣ ва дороиҳои инсонии Исроил ворид мекунад. Бар асоси як баровард, қудрати Ҳамос танҳо байни 15 то 20 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ҳудуди 500 000 шаҳракнишин (-и саҳюнист) ба ватани худ (ба Омрико ва Урупо) бозгаштаанд ва аксаран ба Исроил барнамегарданд. Сарбозони вазифа аз хидмат худдорӣ мекунанд ва дар натиҷа зиндонӣ мешаванд. Муофияти хидмати иҷборӣ барои яҳудиёни ифротии ортодокс дар 1 апрел ба поён расид. Онҳо давлати Исроилро таҳдид мекунанд, ки муҳоҷирати яҳудиён (ба сарзаминҳои ишғолӣ) ба тамдиди ин муофият бастагӣ дорад.

Иқтисоди Исроил ба ҳам рехтааст. Арзиши воҳиди пули Исроил дар ҳоли коҳиш аст. Касрии будҷа ва истиқроз ба шиддат афзоиш ёфтааст. Санъати гардишгарӣ дучори бӯҳрон шудааст. Аксари хутути ҳавоии бузург дигар ба Исроил парвоз намекунанд.

Пойгоҳҳои тавлидӣ ва кишоварзии Исроил кучак аст. Исроил дастрасии маҳдуде ба манобеъи табиӣ ва энержӣ дорад; дастрасӣ ба ин манобеъ ба масирҳои заминии ҳаётиаш ба Ӯрдун ва Миср ва интиқоли нафт ва гози Озарбойҷон аз Туркия ба Ҳифо вобаста аст. Эрон бо Исроил ҳамон кореро мекунад, ки Исроил (ва ҳомиёнаш) бо таҳримҳои иқтисодӣ бо он кард. Аммо бар хилофи Исроил, Эрон дорои манобеъи фаровони нафту гоз, пойгоҳҳои кишоварзӣ ва тавлидии қудратманд ва 85 милюн нафар босавод ва таҳсилкарда аст, ки қасди фирор надоранд.

Теҳрон, ба таври равишманд иқтисоди Исроилро хафа (буғӣ) мекунад. Бандари Ҳифо дар феҳристи аҳдофи Ҳизбуллоҳ қарор дорад. Агар Ҳифо дар канори Илот таътил шавад, Исроил танҳо масирҳои ҳаётии заминиро барои таъмини ғизо ва энержӣ хоҳад дошт. Фурудгоҳи байналмилалии Бен Гурён ва соири фурудгоҳҳо мумкин аст дар оянда ҳадаф қарор гиранд.

Эрон мумкин аст бо ҳадаф қарор додани маконҳои истротежик монанди Илот, Ҳифо ва фурудгоҳи Бен Гурён, гулӯи иқтисоди Исроилро бештар бифишорад. Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ медонад, ки иқтисоди Исроил наметавонад даргирии тӯлонимуддатро таҳаммул кунад. Бинобар ин, истротежиии онҳо мумкин аст шомили ташдиди тадриҷӣ – амалан ҷӯшондани ороми қурбоғаи исроилӣ – аз тариқи иқдомоти ҳамоҳанг шомили Ҳизбуллоҳ, Ансоруллоҳ ва ҷиноҳҳои мухталифи Сурия ва Ироқ бошад. Агар иқдомоти мунзабит ва ҳисобшудаи Эрон идома ёбад, метавонад ба паёмадҳои қобили таваҷҷӯҳе барои Исроил ва иқтисоди он мунҷар шавад; бидуни ин ки мутаваҷҷеҳ шаванд. Монанди қурбоғае, ки дар ҳоли пухтан аст.

Cradle

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эрон аз нақшаи Натонёҳу огоҳ гардид
Бозии хатарноки Исроил бо Эрон

Матолиби пурбоздид