Андешманди фаластинӣ: “Ҳамлаи Эрон, як таҳаввули бузург ва муҳим аст”

Таҳлили хабарӣ

Андешманди фаластинӣ: “Ҳамлаи Эрон, як таҳаввули бузург ва муҳим аст”

Таҳлил

Alaraby

Мудири кулли Маркази пажӯҳишҳо ва сиёсатҳои арабӣ, амалиёти Эрон алайҳи сарзаминҳои ишғолиро як таҳаввули бузург ва муҳим донист, ки бояд хориҷ аз чорчӯби ҷанги Ғазза баррасӣ шавад.

Азми Бишора, мудири кулли Маркази пажӯҳишҳо ва сиёсатҳои арабӣ, дар мусоҳиба бо телевизиони Алъарабӣ дар Қатар гуфт: “Посухи низомии Эрон ба ҳамлаи ахири Исроил ба консулгарии ин кишвар дар Димишқро агар бихоҳем дақиқтар мавриди баррасӣ қарор диҳем, бояд хориҷ аз мавзӯъи ҷанги Ғазза ва дар воқеъ дар чорчӯби ҷанги мустамар алайҳи Эрон ба он нигоҳ кунем. Ҳамлаи Исроил ба консулгарии Эрон дар Димишқ, як ташдиди таниш аз сӯйи Исроил буд, ки Эрон наметавонист дар бораи он сукут кунад, чаро ки Исроил бо ин ҳамла, ҷуръат карда буд ба иззати миллии онҳо латма бизанад. Танҳо рабт байни посухи Эрон ва ҷанги Ғазза дар ин воқеият аст, ки минтақа аз 7 октябр шоҳиди афзоиши таниш аст.”

Вай, ҳамлаи Эронро як таҳаввули бузург ва муҳим донист ва гуфт: “Ин аввалин ҳамла алайҳи Исроил аз хоки Эрон ва бо ин мизон аз густурдагӣ буд.”

Азми Бишора гуфт: “Эрон мехост ба ҷаҳон эълом кунад, ки маҷбур аст посух диҳад, чаро ки Исроил ба далели ҳамлаи мустақим ва густохонаи худ ба консулгарии Эрон дар Димишқ, роҳи дигареро барои Теҳрон нагузошт. Ҳамчунин иқтисоди Эрон таҳаммули як ҷанги густурдаро надорад.”

Вай таъкид кард: “Мо фаҳмидем, ки як оркестри воқеӣ дар минтақа барои дифоъ аз Исроил вуҷуд дорад, ки ибтидо дар эътилоф алайҳи Ансоруллоҳи Яман шоҳиди он будем. Шанбе низ ин эътилофро шоҳид будем ва дидем, ки теъдоде аз кишварҳо аз ҷумла кишварҳои арабӣ барои сарнагунии мушакҳо ва паҳподҳои Эрон барои дифоъ аз Исроил басиҷ шуданд. Лоббии арабӣ-саҳюнистӣ-ғарбӣ мӯътақид аст, ки масъалаи аслӣ хатари Эрон аст, на масъалаи Фаластин, аммо ин эътилоф, ки шаби ҳамлаи Эрон ба Исроил худро нишон дод, собит мекунад, ки давлати ишғолгар бидуни ҳимояти Ғарб ва Омрико наметавонад аз худаш дар баробари Эрон дифоъ кунад. Ин эътилофе, ки дар баробари ҳамлаи Эрон аз Исроил дифоъ кард, ҳадияе ба Исроил буд, аммо дар айни ҳол низ маҳдудияте барои Исроил дар ҷангҳояш маҳсуб мешавад.”

Бишора, дар бораи ояндаи низоъ байни Эрон ва режими саҳюнистӣ гуфт: “Эҳтимолан фаъолияти мутаҷовизонаи Исроил алайҳи Эрон ва фаъолиятҳои иттилоотии харобкорона идома хоҳад дошт, аммо ин ки ҳавопаймоҳои исроилӣ барои ҳамла ба Эрон ба самти ин кишвар бираванд ё мушакҳоеро бидуни ҳамоҳангӣ бо ҳампаймонон ба Эрон шиллик кунанд, баъид аст, чаро ки омрикоиҳо ба вежа дар соле, ки ин кишвар шоҳиди интихобот аст инро намехоҳанд.”

Ин таҳлилгари фаластӣ гуфт: “Баъд аз ҷанги 7 октябр қоъидаҳои даргирӣ тағйир кардааст ва шурути вуқӯъи ҷангҳо душвортар аз қабл шудааст. Мо шоҳиди ин масъала аввал дар ҷабҳаи Лубнон ва акнун байни Эрон ва Исроил ҳастем. Дар хусуси мавзӯъи ҷангҳо Ҷо Бойден, раисиҷумҳури Омрико, бо ҷуръаттар аз Дунолд Тромп, раисиҷумҳури собиқ Омрикост. Ин масъала аввал дар хусуси Укройн ва баъд дар Ғазза дида мешавад.”

Азми Бишора, дар бораи эҳтимоли иники Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ хатти қирмизи Омрико дар бораи мухолифат бо вуқӯъи ҷанги фарогир дар минтақаро канор бигузорад, гуфт: “Натонёҳу тамоми ихтиёр ва қудрат дар ин хусусро надорад, чаро ки муассисоте дар Исроил ҳастанд, ки наметавон назари онҳоро канор гузошт. Ҳамчунин Исроил бояд манофеъи Омрикоро низ дар назар бигирад. Омрикоиҳо хашмгин ҳастанд, чаро ки Натонёҳу қабл аз ҳамла ба консулгарии Эрон дар Димишқ, бо онҳо ҳамоҳанг накарда буд. Ҳамчунин Омрико ба таври қотеъ бо посухи Исроил ба ҳамлаи Эрон мухолиф аст. Эҳтимоли ин ки Натонёҳу кореро, ки Омрико бо он мухолиф аст мисли ҳамла ба нерӯгоҳҳои ҳастаии Эрон анҷом диҳад, баъид аст, чаро ки ин масъала ба як ҷанги густурда мунҷар мешавад, ки Омрико хоҳони он нест.”

Вай, дар бораи музокироти Телавив ва ҷунбиши Ҳамос бо миёнҷигари Қатар, Миср ва Омрико ва далоили шикасти он гуфт: “Расидан ба як тавофуқ душвор аст, чаро ки тафоҳуме байни ду тараф дар бораи ҳеч масъалае вуҷуд надорад. Танҳо ангезаи исроилиҳо барои ширкат дар музокироти озодии асиронашон аст. Исроил мехоҳад барги барандае (асирон)-ро, ки дар дасти муқовамати Фаластин аст, аз он бигирад, то дар аз байн бурдани Ҳамос ба таври комил озод бошад. Муқовамати Фаластин дарк мекунад, ки бидуни таваққуфи ҷанг ва ақибнишинии Исроил аз Ғазза, ҳар гуна тавофуқе ҳеч маъное надорад. Тамоми ҷанҷоли расонаӣ, ки дар Исроил дар бораи музокирот вуҷуд дорад, бо ин ҳадаф аст, ки нишон дода шавад, Натонёҳу ба парвандаи асирон таваҷҷӯҳ дорад, аммо тамоми таҳаввулоти ҷанг собит мекунад, ки мавзӯъи асирон барои кобинаи Исроил авлавият нест. Омрикоиҳо ин таваҳҳумро ба миёнҷиҳо ва Ҳамос мегӯянд, ки дар сурати мувофиқати Ҳамос бо шурути Исроил, бозгашт ба ҷанг баъд аз оташбас маҳол аст. Онҳо ҳеч гуна замонатеро низ дар ин бора ироа намекунанд. Дар музокироти ахир, Исроил бо ақибнишинӣ мухолифат кард ва танҳо мувофиқат кард, ки нерӯҳояш 500 метр аз меҳварҳои аслӣ дур шаванд, то тайи оташбаси муваққат дар дохили Ғазза бимонанд. Ҳамос имтиёзҳои асосиро дар мавзӯъи табодули асирон ва теъдоди асирон ироа кардааст, чаро ки дар музокироти Порис ба ин ҷунбиш гуфта шуд, ки оташбас мумкин аст, аммо намояндагони Исроил дар музокирот ба ҳеч ваҷҳ ҳатто дар мавзӯъи бозсозӣ ва вуруди кӯмакҳои башардӯстона кӯтоҳ наомаданд ва имтиёзҳое, ки дар ҳоли ҳозир медиҳанд, натиҷаи фишори Омрико ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Баъд аз фоҷеае, ки алайҳи фаластиниҳои Ғазза рух додааст, Ҳамос наметавонад дар бораи масоили аслӣ мисли таваққуф ҷанг ё ақибнишинии Исроил аз Ғазза кӯтоҳ биёяд.”

Бишора, дар бораи талоши кишварҳои урупоӣ барои ба расмият шинохтани кишвари Фаластин гуфт: “Ҳар гуна ба расмият шинохтани чунин кишваре бидуни сарзамин, ҳокимият ва вежагиҳои як кишвар, танҳо як масъалаи намодин ва тағйири номи Ташкилоти худгардони Фаластин ба як кишвари бидуни ҳокимият аст. Ба расмияти шинохтан танҳо дар сурате як дастоварди диплумотик аст, ки гуфта шавад як кишвар дар марзҳои 4-уми июн ба пойтахтии Қудси шарқӣ ба расмият шинохта мешавад. Агар ин иборат гуфта нашавад, мушкил афзоиш хоҳад ёфт, чаро ки ин ҳақиқат нодида гирифта мешавад, ки ин сарзаминҳо ишғолӣ аст ва муборизаи миллӣ барои озодии он ноком мемонад. Эҳтимолан Омрико муқаддамотеро барои пешниҳоди ба расмият шинохтани кишвари Фаластин бидуни марзи анҷом диҳад. Кишварҳое мисли Ирланд, Испониё ва чи басо Белжик, Молт ва Пуртуғол бояд дар чорчӯби талоши худ барои ба расмият шинохтани кишвари Фаластин дарк кунанд, ки бидуни тамаркуз бар марзҳои 4-ум июн ва Қудси шарқӣ ба расмият шинохтан на танҳо арзише нахоҳад дошт, балки эҳтимолан натиҷаи манфӣ низ дошта бошад.”

Alaraby

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шигифтии расонаҳои исроилӣ аз хиёнати Урдун
Мӯсавиён, сафири собиқи Эрон дар Олмон: “Ҷанги минтақаӣ иҷтинобнопазир аст”

Матолиби пурбоздид