Падидаи нодири нуҷумӣ, ки бори аввал Ибни Сино мушоҳида карда буд

Таърих

Падидаи нодири нуҷумӣ, ки бори аввал Ибни Сино мушоҳида карда буд

Ризои Баҳромзод

Ҳодисаи нодири астрономие, ки бори аввал Ибни Сино мушоҳида карда буд

Чанде пеш маро ба ТВ Сафина ба хотири ширкат дар як филми мустанад доир ба ҳаёт ва фаъолияти Ибни Сино даъват карда буданд. Хостам, ки чанд маълумотеро гӯям, ки то ҳол дар фазои тоҷикӣ баррасӣ нашуда бошад ва барои ҷомеаи мо як иттилооти нав бошад. Дар натиҷа ду дастоварди астрономии Ибни Синоро дарёфт кардам, ки барои ҷомеаи мо ошно нест ва агар мутахассисон гуфта гузашта бошанд ҳам, дар ин бора пажӯҳиш анҷом надодаанд. Яке аз онҳоро инҷо меорам. Дастоварди дигарро бошад, каме дертар дар пости алоҳида мегузорам.

Яке аз дастовардҳои муҳимми Ибни Сино дар соҳаи астрономия он аст, ки ӯ аввалин маротиба гузариши Зӯҳраро аз рӯи қурси Офтоб мушоҳида карда, тавсиф додааст. Дар ин бора Насируддини Тӯсӣ хабар медиҳад, ки Ибни Сино дар асари “Таҳрири ал-Маҷистӣ” навиштааст, ки Зӯҳраро дар рӯи Офтоб чун хол дидааст. Ин ҳодиса 24 майи соли 1032 аз рӯи тақвими юлианӣ рух дода буд. Гузариши Зӯҳра аз рӯи қурс ё диски Офтоб як ҳодисаи бисёр нодири астрономӣ мебошад, ки дар 1000 сол ҳамагӣ 12 маротиба такрор меёбаду халос. Мушоҳидаи ин ҳодиса аз тарафи донишмандони Ғарб танҳо дар асри 17 сурат гирифт.

Зимнан, бояд қайд кунам, ки дар соли 2012 дар Тоҷикистон бо роҳбарии профессор Хурсанд Ибодинов низ мушоҳидаи гузариши Зӯҳра аз рӯи Офтоб сурат гирифта буд, ки ман ҳам ширкат доштам. Акнун ин ҳодисаро танҳо дар соли 2117 дидан мумкин асту халос.

Аммо олимон дар миёнаҳои асри гузашта шубҳа карданд, ки Ибни Сино наметавонист, ки ин ҳодисаро мушоҳида кунад ва ӯ танҳо доғи Офтобро дидаасту тамом. Масалан, Бернард Голдштейн дар соли 1969 дар асоси ҳисобу китобҳои соли 1958, ки аз тарафи Ҷин Миус таҳия шуда буд, ба хулосае омад, ки Ибни Сино ин ҳодисаро мушоҳида карда наметавонист. Аммо ҳисобҳои дақиқи солҳои охир ва моделсозии компютерӣ нишон доданд, ки Ибни Сино бе ягон мушкилӣ, тавассути чашми оддӣ метавонист, ки ин ҳодисаро аз шаҳрҳои Ҳамадон ё Исфаҳон дар лаҳзаи пеш аз ғуруб мушоҳида кунад, ки барои нигоҳ кардан ба самти Офтоб вақти роҳат аст. Дар ин бора астрономи ҳинд Рамеш Капур соли 2013 таҳқиқот анҷом дода, исбот кард, ки гуфтаҳои Ибни Сино воқеӣ ва рост ҳастанд.

Ин мушоҳидаи Ибни Сино барои ҷаҳонбинии ҳамонвақта як такони ҷиддӣ буд, зеро баъзе донишмандон фикр мекарданд, ки кураи Зӯҳра аз кураи Офтоб дар низоми заминмарказии Батламиюс болотар аст, вале Ибни Сино нишон дод, ки Зӯҳра нисбат ба Офтоб на танҳо ба Замин наздик аст, вале чун як объекти моддӣ буда, андозаи муайян дорад.

Ҳамчунин Ибни Сино дар “Китобу-ш-шифо” сабаби зиёд мушоҳида нагаштани гузариши Зӯҳраро дар кунҷи муайян доштани мадори сайёраи Зӯҳра нисбат ба доиратулбуруҷ (эклиптика) медонад ва дар бораи мавҷуд будани гиреҳҳои мадорӣ пай мебарад.

Ин ҷанбаҳои фаъолияти Ибни Сино зарурат ба пажӯҳиши густурда доранд ва бояд пажӯҳишгарони ватанӣ ба ин нуқтаҳо аҳамият диҳанд.

  1. P. S. Агар расонаҳо хоҳад, ки ин навиштаҳо дар нашрия ё сомонаи онҳо нашр гардад метавонанд бо ишора ба саҳифаи фейбукии мо бознашр кунанд.

Ризои Баҳромзод

Қаламонлайн 

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Манобеи амниятии урупоӣ: “Дар амалиёти Ҳизбуллоҳ, 22 низомии исроилӣ кушта ва 74 низомӣ захмӣ шуданд”
SpecialEurasia: “ДОИШ метавонад суботи Тоҷикистонро халалдор кунад”

Матолиби пурбоздид