Пардае байни Худованд ва фарди ситамдида нест

Пардае байни Худованд ва фарди ситамдида нест

Маорифи исломӣ

Ҳазрати Паёмбари Акрам (с) дар бораи дуои мазлумон фармоянд:

اتقوا دعوة المظلوم فإنها تصعد إلى السماء كأنها شرارة

“Аз дуои мазлум ва ситамдида бипарҳезед (ва битарсед), ки ҳамчун шарора ба осмонҳо боло равад.”

اتق دعوة المظلوم فإنه ليس بينهما وبين الله حجاب

“Аз дуои мазлум битарс, ки байни ӯ ва Худо ҳеч парда ва ҳиҷобе нест.”

دعوة المظلوم مستجابة وإن كان فاجرا ففجوره على نفسه

“Дуои мазлум мустаҷоб аст, агарчӣ шахси фоҷиру фосиқе буда бошад, зеро фуҷури ӯ бар зарару зиёни худи ӯст.”

Дар “Маноқиб-ул-орифин”, ҳикояти ҷолибе дар бораи Баҳовалад – падари Мавлоно, ки аз орифони номдори рӯзгори хеш буд, нақл мекунад; мегӯяд:

“Вақте Султон Алоуддин болои шаҳрро ба итмом расонид, ба Баҳовалад гуфт:

— Як бор гирди боруи (бурҷи) шаҳр омада, тафарруҷ (гашту гузор) фармоед.

Баҳовалад гуфт:

— Аз дафъи селу манъи хайл (аспсаворони душман), некӯ бунёде ниҳодӣ ва қалъае ҳасин (нерӯманд) сохтӣ, аммо тири дуои мазлумонро чӣ тавонӣ кард, ки аз сад ҳазор бурҷ мегузарад ва оламро хароб мекунад? Ҷаҳде бинмо ва ҷиҳоде кун, то қалъаи эҳсону адл бароварӣ ва дуоҳои хайр ҳосил кунӣ, ки аз ҳазорон ҳисори ҳасин беҳтар аст ва амни оламу амони халқ дар он аст.”

(Маноқиб-ул-орифин)

Зебуннисо, шоира ва адибаи маъруф гӯяд:

Ҷафоҷӯё, ситамкоро, ҳазар аз оҳи мазлумон,

Ки тири оҳи мазлумон ниҳон дар санг асар дорад.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ошноӣ бо Мавлоно ба забоне бисёр содда – II
Ошноӣ бо Мавлоно ба забоне бисёр содда – I

Матолиби пурбоздид