Партоби даҳҳо мушак аз Лубнон ба самти Исроил

Партоби даҳҳо мушак аз Лубнон ба самти шимоли Исроил

Ахбори байналмилал

Расонаҳои исроилӣ имрӯз (душанбе, 6 май) аз партоби 70 фарванд мушак аз ҷануби Лубнон ба самти минтақаи ишғолии Ҷулон ва минтақа Исбаъ ал-Ҷалил дар шимоли Исроил хабар доданд.

Артиши режими саҳюнистӣ эълом кард, ки ожири хатар дар шимоли Исроил ба садо даромадааст.

Хабарнигори Алмаёдин низ аз шунида шудани садои ожири хатар дар Ҷулон хабар дод ва ба шиллики даҳҳо мушак аз ҷануби Лубнон ба самти Исбаъ ал-Ҷалил ва Ҷулон ишора кард.

Ба гузориши хабарнигори Алмаёдин, мавҷи дуввуми ҳамалоти мушакӣ аз ҷануби Лубнон ба самти Исбаъ ал-Ҷалил ва Ҷулон анҷом шудааст.

Расонаҳои режими саҳюнистӣ эълом карданд, ки аз саҳюнистҳо дар минтақаи Ҷулон хоста шуда, ки ба паноҳгоҳи амн бираванд.

Ин расонаҳо гузориш доданд, ки тайи дақоиқи ахир ҳудуди 70 мушак ба минтақаи Ҷулон шиллик шудааст.

Манобеи исроилӣ муддаии раҳгирии бархе мушакҳо шуданд.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Имсол бештар аз солҳои дигар бояд эъломи бароат шавад”
Ҳамлаи муқовамати Ироқ ба пойгоҳи ҳавоии Исроил

Матолиби пурбоздид