Посухи Ҳусиҳои Яман ба таҳдидоти Амрико

Посухи Ҳусиҳои Яман ба таҳдидоти Амрико

Ахбори байналмилал

Яке аз раҳбарони ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, дар вокуниш ба изҳори назари як мақоми омрикоӣ, ки гуфт, Вошингтун ҳаққи посух ба ҳамалоти Ансоруллоҳро барои худ маҳфуз медонад, таъкид кард, омрикоиҳо ҳаққе дар баҳри Сурх надоранд, ки бар асоси он, бихоҳанд ҳаққи посухро барои худ маҳфуз бидонанд.
Муҳаммадалӣ Ҳусӣ, узви Шӯрои олии сиёсии Яман ва аз раҳбарони ҷунбиши Ансоруллоҳ, имрӯз (душанбе, 4 декабр) дар вокуниш ба изҳороти мақомоти омрикоӣ дар бораи ҳамалоти ин ҷунбиш ба киштиҳои вобаста ба режими саҳюнистӣ дар баҳри Сурх, дар сафҳаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии Х таъкид кард: “Омрикоиҳо ҳаққе дар баҳри Сурх надоранд, ки бар асоси он, эълом кунанд ҳаққи посухро барои худ маҳфуз медонанд”.
Ҳусӣ навишт, худи омрикоиҳо ҳеч гуна ҳузури низомиро дар обҳои минтақаии Чин ё Русия ва ё дигар манотиқ, ки ба Флорида наздик аст ҳаргиз қабул нахоҳанд кард.
Ин чеҳраи яманӣ дар идома навишт: “Замоне, ки Омрико машрӯъияти ҳузури зердарёии Куреи шимолӣ ё нови ҳавопаймобари мудерни Чин дар наздикии Флорида дар обҳои байналмилалиро пазируфт ва ба он эътироф кард, он вақт мо ҳам ба баррасии таъйиди машрӯъияти ҳузури онҳо дар обҳои байналмилалӣ баҳри Сурх аз тариқи як ҳамапурсӣ дар Яман фикр хоҳем кард”.
Гуфтанист, ин мавзеъгирии раҳбари Ансоруллоҳ дар посух ба изҳороте иттихоз шуда, ки бархе расонаҳо аз яке аз мақомоти омрикоӣ нақл карданд ва ӯ дар бораи чаҳор ҳамлаи Ансоруллоҳи Яман ба се киштии тиҷорӣ дар баҳри Сурх таъкид кард, ки Вошингтун ҳаққи посух дар замон ва макони муносибро барои худ маҳфуз медонад.
Рӯзномаи исроилии “Маъорив” дар ин хусус навишт: “Исроил киштиҳо ва зердарёиҳоеро ба баҳри Сурх фиристод ва ин тасмим пас аз ҳамалот ба ду киштии исроилӣ дар баҳри Сурх иттихоз шуд”.
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Исроил: Раҳбарони Ҳамосро дар Қатар ва Туркия терур мекунем
Эрон: Исроил бо ҳимояти Амрико ба ҷиноят дар Ғазза даст мезанад

Матолиби пурбоздид