Парторби мушак аз Сурия ба Исроил
Ахбори байналмилал
Артиши Исроил эълом кард, ки як мушак аз Сурия ба самти Исроил партоб шудааст.
Ба гузориши рӯзномаи исроилии Haaretz, артиши Исроил рӯзи якшанбе (3 декабр) дар баёнияе эълом кард, ки як мушак аз Сурия ба самти Исроил партоб шудааст.
Овихой Адруӣ, сухангӯи артиши Исроил рӯзи якшанбе (3 декабр) дар сафҳаи расмии худ дар шабакаи иҷтимоии Х навишт:
“Чанде пеш партоби як мушак аз Сурия ба самти Исроил шиносоӣ шуд, аммо тибқи сиёсатҳои таъйиншуда, ин мушак раҳгирӣ нашуд ва нерӯҳои артиш мабдаи партоби мушакро бо оташи тӯпхона бомбборон карданд”.
Вай афзуд:
“Шаби гузашта низ як мушаки зидди зиреҳ аз Лубнон партоб шуд ва бидуни эҷоди хасорат, дар манотиқи боз, наздики шаҳраки Яфтоҳ суқут кард. Артиши Исроил низ манотиқе дар дохили Лубнонро бомбборон кард”.
Қаламонлайн