Паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ ба анҷуманҳои исломии донишҷӯёни Аврупо
Байналмилал
Паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ ба нишасти Иттиҳодияи анҷуманҳои исломии донишҷӯён дар Аврупо
Раҳбари Ҷ.И.Эрон дар паёме ба нишасти солонаи Иттиҳодияи анҷуманҳои исломии донишҷӯён дар Урупо таъкид кард: “Иллати аслии ошуфтагии зӯргӯёни фосид ва муфсид, на баҳси ҳастаӣ, балки барафрошта шудани парчами муқобила бо назми ноодилона ва таҳаккуми низоми султа дар ҷаҳон ва рӯй овардан ба низоми одилонаи миллӣ ва байналмилалӣ аз ҷониби Эрони Исломӣ аст.”
Ба гузориши хабаргузории Форс, матни паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ ба ин шарҳ аст:
Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим
Ҷавонони азиз!
Имсол кишвари шумо, ба баракати имону иттиҳод ва эътимод ба нафс, дар дунё эътибор ва вазонате тоза ёфт. Таҳоҷуми сангини артиши Омрико ва зоидаи нангини он дар ин минтақа, мағлуби ибтикор ва шуҷоат ва фидокории ҷавонони Эрони Исломӣ шуд. Собит шуд, ки миллати Эрон бо баҳрагирӣ аз тавоноиҳои худ, дар сояи имон ва амали солеҳ ва дар рӯёрӯӣ бо мустакбирони фосиду золим, метавонад биистад ва даъват ба арзишҳои исломиро бо садое расотар аз ҳамеша ба дунё бирасонад.
Андӯҳи амиқ ба хотири шаҳодати теъдоде аз донишмандон ва сардорон ва ҷамъе аз мардуми азизамон натавониста ва нахоҳад тавонист ҷавонони боҳиммати Эронро мутаваққиф кунад. Хонаводаҳои он шаҳидон, худ дар шумори пешравони ҳаракатанд.
Сухан аз баҳси ҳастаӣ ва чизҳое аз қабили он нест. Сухан аз муқобила бо назми ноодилона ва таҳаккуми низоми султа дар ҷаҳони кунунӣ ва рӯй овардан ба низоми одилонаи миллӣ ва байналмилалии исломӣ аст. Ин аст даъвии бузурге, ки Эрони Исломӣ парчами онро барафрошта ва зӯргӯёни фосиду муфсидро барошуфтааст.
Шумо донишҷӯён бавижа дар хориҷи кишвар саҳме аз ин вазифаи бузург бар дӯш доред. Дилҳоро ба Худо бисупоред, тавоноиҳои худро шиносоӣ кунед ва анҷуманҳоро ба ин самт ҳаракат диҳед.
Худо бо шумо ва пирӯзии комил дар интизори шумост, иншоаллоҳ!
Саййидалӣ Хоманаӣ
Farsnews
Қаламонлайн
qalamonline.net













