Сафари Лавров ба Тоҷикистон

Сафари Лавров ба Тоҷикистон

Ахбори минтақа

Гузоришҳо аз сафари навбатии Лавров ба Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Русия ба манзури анҷоми сафари расмии дурӯза вориди Тоҷикистон мешавад.

Гуфта мешавад, зимни ин сафар, Лавров бо раиси ҷумҳур ва вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ хоҳад намуд.

Бар асоси гузоришот, интизор меравад, ки ду тараф дар мавриди вазъияти феълӣ ва ояндаи равобити дуҷониба дар заминаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ гуфтугӯ намоянд.

Қарор аст дар ин сафари дурӯза, Лавров бо дипломатҳои ҷавон, донишҷӯён, рӯзноманигорон, намояндагони маҳофили коршиносӣ ва илмии Тоҷикистон мулоқот ва суханронӣ намуда ва аз пойгоҳи низомии  Русия дар Тоҷикистон дидан кунад.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эҳёу улум-ид-дин-II
Тоҷикистон пештози фурӯши барқ ба Афғонистон

Матолиби пурбоздид