Паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ ба муносибати 22-баҳман

Паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ ба муносибати 22-баҳман

Ҷаҳони Ислом

Паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Дар 22 баҳман душманро маъюс кунед!”

Ба гузориши хабаргузории Форс

Раҳбари Эрон дар паёме ба муносибати фаро расидани солрӯзи пирӯзии Инқилоби Исломӣ гуфт: “Рӯзи 22 баҳман дар ҳар сол рӯзи рӯнамоӣ аз қудрат ва иззати миллати Эрон аст. Миллате биҳамдиллоҳ боангеза, боирода, собитқадам, қадрдон ва огоҳ аз масолеҳ ва мафосиди худ. Он рӯзе, ки 22 баҳмани аввал иттифоқ афтод, миллати Эрон як фатҳи бузург кард. Тавонист худашро ва кишварашро аз дахолати бегонагон наҷот бидиҳад. Он бегонагон дар тӯли ин солҳо ҳамеша хостаанд дубора вазъияти собиқро баргузор кунанд.”

Матни паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Рӯзи 22 баҳман дар ҳар сол рӯзи рӯнамоӣ аз қудрат ва иззати миллати Эрон аст. Миллате биҳамдиллоҳ боангеза, боирода, собитқадам, қадрдон ва огоҳ аз масолеҳ ва мафосиди худ. Он рӯзе, ки 22 баҳмани аввал иттифоқ афтод, миллати Эрон як фатҳи бузург кард. Тавонист худашро ва кишварашро аз дахолати бегонагон наҷот бидиҳад. Он бегонагон дар тӯли ин солҳо ҳамеша хостаанд дубора вазъияти собиқро баргузор кунанд.

Миллати Эрон истода. Мазҳари ин истодагӣ рӯзи 22 баҳман аст. Ин роҳпаймоӣ дар дунё беназир аст. Ҳаргиз дар ҳеч ҷойи дунё мо суроғ надорем, ки ҳар сол баъд аз солҳои мутамодӣ рӯзи истиқлол ва рӯзи миллии кишвар ин ҷур бо ҷамъиятҳои азим дар саросари кишвар мувоҷеҳ бишавад ва битавонанд худашонро нишон бидиҳанд. Имрӯз миллати Эрон бо роҳпаймоӣ дар хиёбонҳо худашро нишон медиҳад. Ва касонеро, ки тамаъ дар Эрони Исломӣ ва дар Ҷумҳурии Исломӣ ва дар манофеи ин миллат доранд, инҳоро водор мекунад ба ақибнишинӣ.

Қудрати миллӣ беш аз он ки ба мушак ва ҳавопаймо иртибот дошта бошад, ба иродаи миллатҳо ва истодагии миллатҳо иртибот пайдо мекунад. Шумо биҳамдиллоҳ истодагиро нишон додед ва иродаи худатонро нишон додед. Дар қазоёи мухталиф боз ҳам нишон бидиҳед. Душманро маъюс кунед. То душман маъюс нашавад, дар маърази озору азият қарор мегиранд як миллат. Бояд душманро маъюс кард.

Маъюс будани душман бо иттиҳоди шумост, бо қудрати фикру иродаи шумост, бо ангезаи шумост, бо истодагӣ дар муқобили васвасаҳои душман аст. Инҳо қудрати миллиро ташкил медиҳад.

Иншоаллоҳ ҷавонони мо дар майдонҳои мухталиф; дар майдони илм, дар майдони амал, дар майдони тақвоу ахлоқ, дар майдони пешрафтҳои моддӣ ва маънавӣ, ҳар чи бештар битавонанд пеш бираванд ва иқдом кунанд ва ифтихор барои кишвар дуруст кунанд ва рӯзи 22 баҳман мазҳари ҳамаи инҳост. Дар хиёбонҳо ҳама зоҳир мешаванд ва шиор медиҳанд ва ҳақоиқро баён мекунанд ва ҳамбастагии худашонро эълом мекунанд, вафодории худашонро ба Ҷумҳурии Исломӣ, миллати Эрон эълом мекунад.

Умедворем иншоаллоҳ ин 22 баҳман ҳам мисли ҳамаи 22 баҳманҳои солҳои гузашта шукӯҳи миллати Эронро музоъаф кунад, афзун кунад ва миллатҳои дигарро, давлатҳо ва қудратҳо ва дигаронро дар муқобили миллати Эрон водор ба хузӯъ ва хушӯъ бикунад, ки иншоаллоҳ ҳамин ҷур ҳам хоҳад шуд.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

20/11/1404

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нигоҳе ба андешаҳои Ибни Сино
Яке аз авомили таътилии мактабҳои тоҷикӣ дар Узбекистон

Матолиби пурбоздид