Паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ ба ҳоҷиён

Паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ ба ҳоҷиён

Ахбори Ҳаҷ

Паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ ба ҳоҷиёни Байтуллоҳилҳаром: “Лузуми бароати (безории) ҷаҳонӣ аз режими саҳюнистӣ ва Омрико”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, ба муносибати маросими ҳаҷ, паёме содир кард, ки машрӯҳи он ба шарҳи зерин аст:

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Оҳанги дилнавози иброҳимӣ, ки ба фармони Худо, ҳамаи инсонҳоро дар ҳамаи давронҳо, дар мавсими ҳаҷ ба Каъба фаро мехонад, имсол низ дилҳои ҷамъе аз мусалмононро аз саросари ҷаҳон маҷзуби ин пойгоҳи тавҳид ва ваҳдат карда ва ин анбӯҳи пуршукӯҳ ва мутанаввеъи мардумиро падид оварда ва густараи инсонӣ ва қуввати омили маънавии исломро ба рухи хеш ва бегона кашидааст.

Иҷтимоъи азим ва маносики печидаи ҳаҷ, ҳар гоҳ бо чашми тадаббур дида шавад, барои мусалмон, қуввати қалб ва сарчашмаи итминон аст ва барои душман ва бадхоҳ, ҳаросангез ва пурҳайбат.

Ҷойи тааҷҷуб нест агар душманон ва бадхоҳони уммати исломӣ, ин ҳар ду ҷониби фаризаи ҳаҷро омоҷи тахриб ва тардид созанд, чӣ бо барҷастасозии муғойиратҳои мазҳабӣ ва сиёсӣ ва чӣ бо фурӯ костан аз ҷанбаҳои қудсӣ ва маънавӣ.

Қуръон, ҳаҷро мазҳари убудият ва зикр ва хушӯъ, мазҳари каромати яксони инсонҳо, мазҳари сомонёбии зиндагии моддӣ ва маънавии башар, мазҳари баракат ва ҳидоят, мазҳари оромиши ахлоқӣ ва созиши амалӣ миёни бародарон ва мазҳари безорӣ ва ҷабҳагирии муқтадирона дар баробари душманон муаррифӣ мекунад.

Тадаббур дар оёти марбут ба ҳаҷ ва тааммул дар аъмол ва маносики ин фаризаи бемисол, инҳо ва розу рамзҳое аз қабили инҳоро дар таркиби печидаи ҳаҷ ба мо нишон медиҳад.

Шумо бародар ва хоҳари ҳаҷгузор, акнун дар арсаи тамрини ин ҳақоиқ ва маорифи пурфурӯғ қарор доред. Андеша ва амали худро ба он наздик ва наздиктар кунед ва ҳувияти бозёфта ва омехта бо ин мафоҳими мутаъолиро ба хона баргардонед. Ин ҳамон савғоти арзишманд ва ҳақиқии сафари ҳаҷҷи шумост.

Имсол масъалаи бароъат (ибрози безорӣ) барҷастатар аз гузашта аст. Фаҷойеъи Ғазза, ки дар таърихи муосири мо беназир аст ва густохии режими бераҳм ва мазҳари қасоват ва шақоват ва албатта рӯ ба заволи саҳюнӣ, ҷойи ҳеч гуна мулоҳиза ва мумошот барои ҳар фард ва ҳизб ва давлат ва фирқаи мусалмон боқӣ нагузоштааст. Бароъати имсол бояд фаротар аз мавсим ва миқоти ҳаҷ, дар кишварҳо ва шаҳрҳои мусалмоннишин дар ҳама ҷойи ҷаҳон идома ёбад ва фаротар аз ҳаҷгузорон, ба оҳоди мардум тасаррӣ (сироят) ёбад.

Ин бароъат аз режими саҳюнист ва ҳомиёнаш бахусус давлати Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, бояд дар қавлқ амали миллатҳо ва давлатҳо худро нишон диҳад ва арсаро бар ҷаллодон танг кунад.

Муқовамати пӯлодини Фаластин ва мардуми сабур ва мазлуми Ғазза, ки шукӯҳи сабр ва муқоваматашон ҷаҳонро ба таҳсину такрим водоштааст, бояд аз ҳама ҷиҳат пуштибонӣ шаванд.

Аз Худованд барои онон пирӯзии комил ва сареъ хосторам ва барои шумо ҳуҷҷоҷи мӯҳтарам, ҳаҷҷи мақбул масъалат мекунам. Дуои мустаҷоби ҳазрати Бақийятуллоҳ (руҳӣ фидоҳ) пуштибони шумо бод!

Вассалому айлайкум ва раҳматуллоҳ

Сайидалӣ Хоманаӣ

4 зилҳаҷҷаи 1445 

22 Хурдоди 1403

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Расонаи амрикоӣ: “Набард бо артиши Яман, шадидтарин мушкили Амрикост”
Ҳаракат ва кору талош дар зиндагӣ

Матолиби пурбоздид