Хохоми яҳудӣ: «Замони поёни умри Исроил наздик аст»

Хохоми яҳудӣ: «Замони поёни умри Исроил наздик аст»
Ахбори байналмилал
Аlalam
Ҳанон Бек, хохоми саршиноси яҳудӣ таъкид кард, ки Исроил сад дар сад ба зудӣ поён хоҳад ёфт ва ин рӯз хеле зуд фаро хоҳад расид.
Ин хохоми яҳудӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии Алъолам, ба табйини дидгоҳи бисёре аз яҳудиёни Ангилис дар бораи масъалаи Фаластин ва ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи сокинони Ғазза пардохт.
Он чи дар Ғазза мегузарад, куштори ҷамъӣ аст
Вай таъкид кард, ки он чи имрӯз дар Ғазза мегузарад, ҳақиқатан куштори ҷамъӣ ва то ҳадди зиёде шабеҳи рӯйдодҳое аст, ки 80 сол пеш барои миллати яҳуд ба вуқӯъ пайваст ва саҳюнистҳо инак ҳамон рафторро бо мардуми Ғазза доранд; ин рафтори ҷунуномез аст ба вежа ин ки онҳо медонанд ин корҳоро бо номи мо, ба исми миллати яҳуд ва бадтар аз он, бо номи Таврот ва Худо анҷом медиҳанд.
Бояд сарони саҳюнист ба Додгоҳи байналмилал кашонда шаванд
Ҳанон Бек гуфт: «Бояд сарони режими саҳюнистӣ ба Додгоҳи байналмилал кашонда шаванд ва ман бояд инҷо ин ҳақиқатро бигӯям, ки асли мушкил дар ишғолгарӣ нуҳуфтааст.»
Ҷанг алайҳи мардуми Ғазза аз 7 октябр шурӯъ нашудааст
Вай тасреҳ кард, ки таҷовузгарии режими Исроил дар 7 октябр шурӯъ нашуда, балки аз 75 сол пеш шурӯъ шудааст ва ҳама бо ҷурму ҷиноёт ва саркӯбгариҳои режими саҳюнистӣ ва сирқати об ва тасоҳуби сарзамини фаластиниҳо аз сӯйи ин режим ошно ҳастанд.
Вай афзуд, ба сурати табиӣ ин рафторҳо ба хунрезӣ мунҷар мешавад ва лозим аст ба решаҳои ин мушкил ва бартараф кардани он таваҷҷӯҳ шавад ва танҳо роҳи ҳалл он, бозгардони комили сарзаминҳои фаластинӣ ба миллати Фаластин аз наҳр то баҳр аст.
Ин хохоми яҳудӣ гуфт: «Албатта ин ба маънии тарди яҳудиҳо нест. Мо метавонем дар онҷо ва дар сояи ҳукумати фаластинӣ ба зиндагии худ идома диҳем ҳамон тавр, ки дар ҳамаи кишварҳои исломӣ ва низ Эрон чунин ҳамзистӣ вуҷуд дорад.»
Вай ба сафари ҳамкорон ва дӯстонаш ба Эрон ишора кард, ки дар Эрон шоҳиди ҳамзистии хуби яҳудиён ва вуҷуди бемористонҳои яҳудӣ ва ҳатто намояндаи яҳудӣ будаанд ва ба ҳамин иллат таъкид мекунад, ки мо метавонем дар Фаластин ҳам зиндагии мусоламатомезе дошта бошем.
Таъкиди хохоми яҳудӣ бар наздик будани замони поёни умри Исроил
Ҳанон бо баёни ин ки бар асоси эъқодоти яҳудӣ, Исроил 100 % ба зудӣ поён хоҳад ёфт, тасреҳ кард, ки онҳо дар интизори фаро расидани он рӯз ҳастанд ва барои расидани он рӯз дуо мекунанд ва он рӯз ба зудӣ хоҳад расид.
Вай хотирнишон кард, ки режими Исроил ҷиноёти худро ба баҳонаи эҷод ва ҳимоят аз сарзамини яҳудиён тавҷеҳ мекунад. Сарони Исроил дар ин хусус ба рӯйдодҳои ҷанги ҷаҳонии дуввум ишора мекунанд, ки 6 миллион яҳудӣ тайи он кушта шуд ва инак мегӯянд, мо бояд миллати яҳудро наҷот диҳем. Ин дар ҳоле аст, ки дар Исроил ҳатто як кӯдак ҳам медонад, ки сарбозон ва тонкҳо ва силоҳҳои исроилӣ чӣ кор мекунанд ва ин бад-он маъност, ки онҳо ҳама медонанд режими Исроил барои миллати яҳуд сулҳу оромиш ба армуғон намеоварад, балки сарони ин режим ҷангу хунрезӣ барои ҳамаи ҷаҳониён рақам мезананд.
Аlalam
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Исроил шурути Ҳамосро пазируфт
Оё Ҳамос бар Исроил пирӯз хоҳад шуд?

Матолиби пурбоздид