Паёми таслияти Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон ба Раҳбари Эрон дар пайи даргузашти раиси ҷумҳур ва ҳайати ҳамроҳ

 

Паёми таслияти Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон ба Раҳбари Эрон дар пайи даргузашти раиси ҷумҳур ва ҳайати ҳамроҳ

Ахбори байналмилал

Эмомалӣ Раҳмон – Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон,  оятуллоҳ Хоманаӣ паёми таслият ирсол кард.

Матни паём:

«Олиҷаноб,

Хабари даргузашти фоҷеабори раиси Ҷумҳурии Исломии ЭронСайид Иброҳими Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳи эшон боиси андуҳи гарони мо ва тамоми мардуми Тоҷикистон гардид.

Мо ба шахсияти Сайид Иброҳими Раисӣ ҳамчун арбоби барҷастаи давлатӣ арҷ мегузорем, саҳми созандаи зиндаёдро дар рушду нумӯи ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Эрон, ҳалли масъалаҳои минтақаиву байналмилалӣ баланд арзёбӣ менамоем.

Дар робита ба ин талафоти бузург ба Шумо, Олиҷаноб, мардуми дӯсту бародари Эрон, аҳли хонавода ва наздикони ҷонбохтагон ҳамдардӣ ва таслияти самимии инҷонибро иброз менамоям.

Аз Худованди Мутаол барои шаҳидшудагон раҳмату мағфират ва ба мардуми кишвари дӯсти Эрон сабри ҷамил хоҳонам.

Дар ин лаҳзаҳои ғамангез дар канори Эрон ва мардуми он ҳастем».

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эмомалӣ Раҳмон вориди Теҳрон шуд
Носируддиншоҳ ва Ҳаким Сабзаворӣ

Матолиби пурбоздид