Ҳамла ба киштии амрикоӣ дар халиҷи Адан

Ҳамла ба киштии амрикоӣ дар халиҷи Адан
Задани киштии ҷангии омрикоӣ дар халиҷи Адан ва иҷбори ду киштии тиҷории омрикоӣ ба ақибнишинӣ
Ахбори байналмилал
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман бомдоди панҷшанбе (25 январ) гуфт, ки теъдоде аз мушакҳои болистики шилликшуда мустақиман ба киштии ҷангии Омрико бархӯрд карда ва ду киштии тиҷории омрикоӣ низ аз минтақа гурехтанд.
Ба гузориши шабакаи Алмаёдин, Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, бомдоди панҷшанбе, тайи баёнияе гуфт, ки артиши ин кишвар бо теъдоде новшикан ва нови ҷангии Омрико дар халиҷи Адан ва тангаи Бобулмандиб даргир шуданд.
Сареъ дар ин баёния тавзеҳ дод, ки теъдоде аз мушакҳои болистик мустақиман ба киштии ҷангии Омрико бархӯрд карда ва ду киштии тиҷории омрикоӣ низ аз минтақа гурехтанд.
Артиши Яман зимни ишора ба ин ки ин даргирӣ 2 соат тӯл кашид, гуфт, ки то поёни таҷовуз ба Ғазза ва рафъи муҳосараи ин минтақа, монеъи ҳаракати киштиҳои саҳюнистӣ ба бандарҳои Фаластини ишғолӣ мешаванд.
Дар машрӯҳи ин баёния омадааст: “Имрӯз даргирӣ бо теъдоде новшикан ва нови ҷангии омрикоӣ дар халиҷи Адан ва Бобулмандиб дар ҳоле рух дод, ки ин новҳо аз ду киштии тиҷории омрикоӣ ҳифозат мекарданд, ки натоиҷи ин даргирӣ ба шарҳи зер аст: исобати мустақим ба киштии ҷангии омрикоӣ ва иҷбори ду киштии тиҷории омрикоӣ ба ақибнишинӣ ва бозгашт.”
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман идома дод: “Теъдоде аз мушакҳои болистики мо алорағми талоши новҳои ҷангӣ барои раҳгирӣ, ба аҳдофи худ расиданд. Дар ин даргирӣ, ки беш аз ду соат ба тӯл анҷомид, нерӯҳои мусаллаҳи Яман аз теъдоде мушаки болистик истифода карданд.”
Сареъ дар идома тасреҳ кард: “Нерӯҳои мусаллаҳи Яман таъйид мекунанд, ки то поёни таҷовуз ва рафъи муҳосараи мардуми Фаластин дар навори Ғазза, ба ҷилавгирӣ аз ҳаракати киштиҳои исроилӣ ба самти бандарҳои Фаластини ишғолӣ аз тариқи баҳри Сурх ва Араб идома хоҳанд дод.”
Вай ҳамчунин афзуд: “Нерӯҳои мусаллаҳи Яман таъкид мекунанд, ки бо ҳадаф қарор додани тамоми аҳдофи мутахосими омрикоӣ ва ангилисӣ дар баҳри Сурх ва Араб, тамоми иқдомоти низомии лозимро дар чорчӯби ҳаққи дифоъи машрӯи кишвар, мардум ва миллати мо анҷом хоҳанд дод.”
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи муқовимати Ироқ ба Исроил
New York Times: Омрико аз токтикҳои ҷангии Яман тақлид мекунад

Матолиби пурбоздид